12 ноябр 2013, 17:14
Интихоботи президентии Тоҷикистон ба таври мусолиматомез, аммо бо маҳдудияти зиёд барои сабти номи номзадҳо баргузор гардид, ки ин аз адами мавҷудияти чандандешӣ гувоҳӣ медиҳад.
8 ноябр 2013, 19:09
Дар асоси қонунгузории Тоҷикистон ҳукумати кишвар баъд аз маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб ба истеъфо хоҳад рафт. Тибқи хабарҳои расида, ин маросим, қарор аст, 16 ноябри соли ҷорӣ сурат пазирад.
8 ноябр 2013, 11:01
Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ –амири Қатар бо ирсоли паёме Эмомалӣ Раҳмонро, ки барои бори чаҳорум ба курсии президентӣ дар Тоҷикистон такя зад, табрик гуфтааст.
8 ноябр 2013, 09:16
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки бо як сафари ғайрирасмӣ дар Туркия қарор дорад, интихоботи президентии 6 ноябрро “бохти воқеӣ барои миллати тоҷик” хонд.
7 ноябр 2013, 14:02
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) рӯзи ҳафтуми ноябр дар як нишасти хабарӣ эълон кард, ки Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури кунунӣ ва номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Иттиҳоди ҷавонон ва Федератсияи иттифоқҳои касаба, дар интихоботи 6 ноябр бо дарёфти 83,6 дарсади овозҳо пирӯз шудааст.
1 ноябр 2013, 18:52
Бахши шаҳрии Ҳизби коммунисти Русия дар шаҳри Маскав аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки дар интихоботи президентии 6 ноябр ба ҷонибдории Исмоил Талбаков, номзад ба мақоми президентӣ аз тарафи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон овоз диҳанд.
28 октябр 2013, 10:43
Мусоҳибаи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” бо Шермуҳаммади Шоҳиён -- раиси Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон.
22 октябр 2013, 12:01
Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова тасмим гирифтааст, рӯйхати 202 ҳазор имзоеро, ки ба тарафдории номзади ислоҳотхоҳон ҷамъоварӣ шуда, вале ба Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод нашудааст, бисӯзонад.
18 октябр 2013, 15:57
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтааст, агар қонунгузории кишвар ва иродаи сиёсатмадорон барои гузаронидани интихоботи шаффоф ва демократӣ мусоид набошад, аз дасти нозирони байналмиллалӣ кори зиёде намеояд.
17 октябр 2013, 10:53
Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, мегӯяд, дар сурати иҷро нашудани чанд шарташ аз сӯи мақомот интихоботи шашуми ноябрро бойкот хоҳад кард.
14 октябр 2013, 14:29
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 14-уми октябр, дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, зимни мулоқот бо роҳбарияту фаъолони Суғд, ба масъалаи интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон, дахл карда, мансабдорону мардумро ба риояи фарҳанги волои сиёсӣ даъват намуд.
12 октябр 2013, 12:44
Раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) баргузории Анҷумани Ҳизби сотсиал-демократро аз нигоҳи қонун нодуруст номид.
12 октябр 2013, 12:16
Мусоҳибаи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон”, бо Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба мақоми президентӣ.
12 октябр 2013, 10:33
Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, агар ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ (ИНИТ) имзоҳои ҷамъовардаашро ба онҳо пешниҳод мекард, онҳо “ягон чора медиданд”.
11 октябр 2013, 13:02
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистн (КМИРТ) мегӯяд, Ойниҳол Бобоназарова -- номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ ба далели ҷамъ наовардани 210 ҳазор имзои зарурӣ аз идомаи сабқат барои дарёфти курсии президентӣ маҳрум шудааст.