Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 20 январ 2017, 04:23
18 январ 2017, 11:47

Тасмими кӯч додани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, мехоҳанд Фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз дохили шаҳр кӯч дода шавад.

18 январ 2017, 08:33

Пешниҳоди ба номи Убайдуллоев гузоштани яке аз хиёбонҳои Душанбе

Баъди аз мансаби раиси шаҳри Душанбе озод шудани Маҳмадсаид Убайдуллоев дар рӯзи 12 январ бештари баҳсҳои марбут ба тағйироти кадрӣ дар интернет ба ӯ пайванд мехӯрад. Дар бештари маврид шахсияти Убайдуллоев ва то куҷо шаҳрдори муваффақ будани ӯро баҳс мекунанд.

17 январ 2017, 16:57

Фармони №814-и Президент: Раҳматуллозода дар Люксембург ҳам сафир шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода, cафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгияро ҳамзамон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург сафир таъин карда аст.

17 январ 2017, 15:38

Идомаи тағйироти кадрӣ дар Душанбе: Назаров сардори шӯъбаи фарҳанг

Обид Назаров муовини собиқи вазири фарҳанги Тоҷикистон дар курсии сардори шӯъбаи фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе такя мезанад.

17 январ 2017, 11:18

Тафтишот алайҳи сарвазир барои парвоз бо чархболи Оқохони IV

Комиссияи Канада оид ба этика нисбати сарвазир Ҷастин Трюдо барои парвоз бо чархболии шахсии Оқохони IV ба ҷазираҳои Боҳомо тафтишот оғоз кардааст.

17 январ 2017, 10:05

Фармони Президент: Вазирон савгандро ёд ва имзо мекунанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармон тартиби савгандёдкунии аъзои ҳукуматро тасдиқ карда, Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи Президентро масъули ташкилу назорати маросим таъин намудааст.

16 январ 2017, 18:19

Барканории Обид Назаров аз мақоми муовини вазир

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 16-уми январ бо имзои қарори ҳукумат Обид Назаровро аз мақоми муовини вазири фарҳанг барканор кард.

16 январ 2017, 17:13

Раиси Додгоҳи олӣ: Баъзе ҷонибдорони Ҳоҷӣ Ҳалим аз маҳбас озод шуданд

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон аз раҳоии бархе ҷонибдорони Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, ки сентябри соли 2015 кушта шуд, хабар дод.

16 январ 2017, 15:32

Шоҳиён: Ба ҳукми қатл айни ҳол зарурат нест

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, барои татбиқи ҳукми қатл дар кишвар зарурате намебинад.

16 январ 2017, 12:19

Хайрулло Саидзода ҷои Рустами Эмомалиро мегирад?

Манобеи “Озодагон” мегӯянд, Хайрулло Саидзода раиси нави Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин мешавад.

16 январ 2017, 11:03

Барканории хеши Убайдуллоев: Тағйироти нави кадрӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси навтаъини шаҳри Душанбе Сайҳомид Маҳмудов, аз наздикони Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз мақоми раҳбарии “МБТИ”барканор кардааст.

16 январ 2017, 10:13

Туҳмату “подстава”-и тоҷикон ҳамчун “террорист”: Касе узр напурсид (АКС)

Се муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки охири моҳи гузашта дар шабакаҳои федеролии Русия ҳамчун террорист муаррифӣ ва намоиш дода шуданд, изҳор медоранд, ки боздошти онҳо саҳнасозӣ буд.

14 январ 2017, 09:54

Раиси нави Душанбе Рауфовро директори ТВ “Пойтахт” таъин кард

Рустами Эмомалӣ шаҳрдори тозатаъини Душанбе бо нахустин фармони худ Суҳроб Рауфовро директори ТВ "Пойтахт" таъин кардааст.

13 январ 2017, 14:19

Парлумон аз Ғанӣ хост, хешашро барои таҳқири тоҷикон бозхонд кунад

Парлумони Афғонистон аз раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ хостааст, хешаш Абдулқаюми Кучайро барои таҳқири тоҷикон аз мақоми сафирӣ дар Маскав бозхонд кунад.

13 январ 2017, 13:40

Тарҷумаи ҳоли раисони нав: Маҳалчигӣ бас? (АКС)

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон тарҷумаи ҳоли мансабдорони нав дар Душанберо нашр кардааст.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Январ 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!