19 октябр 2017, 14:29
Як мансабдори бахши маорифи Туркманистон баъди ширкат дар роҳпаймоии эътирозии шаҳрвандон дар робита ба болоравии пардохтҳои боғчаи кӯдакон, 10 октябр боздошт шуд.
12 октябр 2017, 12:06
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки дар доираи як сафари корӣ дар шаҳри Сочӣ қарор дорад, ба ҳамтои руси худ Владимир Путин бахшида ба рӯзи зодрӯзаш саги навъи алопар ё алабайро бо лақаби "Содиқ" тӯҳфа кард.
5 октябр 2017, 15:25
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо имзои фармоне чанд додрасу додситони кишварашро барканор ва ба ҷои онҳо шахсони дигарро таъйин кард.
29 сентябр 2017, 14:54
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ба барандагони медали тиллои Бозиҳои V осиёӣ ва мураббиҳои онҳо 94 худрави тамғаи “Toyota Camry GL Executive” тақдим кардааст.
21 сентябр 2017, 14:14
Дар расми пӯшидашавии Панҷумин Бозиҳои осиёӣ дар назар аст, президенти ин кишвар ба рекорди нав комёб шавад.
8 сентябр 2017, 10:01
Миёнаҳои моҳи август бархе аз ноҳияҳои вилояти Ахал ва Балкани Туркманистон аз омадани сел зиён диданд. Шоҳидон аз марги даҳҳо одам хабар медиҳанд.
15 август 2017, 16:35
12 август дар яке аз қисмҳои низомии вазорати корҳои дохилии Туркманистон маросими рӯнамоии китоби нави президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов "Диловарон барои қаҳрамониҳо зода мешаванд" баргузор гардид.
2 август 2017, 16:57
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар размоишҳои низомие, ки 1 август дар наздикии Ишқобод доир шуд, ширкат кард. Вай ба роҳбарони ниҳодҳои низомӣ тарзи истифодаи силоҳ ва шамшерро омӯзонд.
1 август 2017, 16:40
Ба хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод Солтан Ачилова дубора ҳамла карданд. Сар аз 27 июл то кунун ин севумин фишор ба рӯзноманигори 67-сола аст.
14 июл 2017, 10:53
Вазири умури дохилии Туркманистон Искандар Муликов талош дорад, ки истеъфо диҳад, аммо президенти он кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аризаи ӯро намепазирад. Дар ин бора ба бахши туркмании Радиои Озодӣ ду манбаъ аз Ишқобод хабар доданд.
14 июл 2017, 08:37
Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, дар шашмоҳаи дуюми соли равон шабакаи “Тоҷикистон” ба пахши дақиқияташ баланд гузаронда хоҳад шуд.
12 июл 2017, 13:49
Барномаҳои телевизионӣ ва радиоии Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон дигар аз ҳисоби будҷа сармоягузорӣ намешаванд. Дар ин бора фармони президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 7 июл имзо шудааст, ки гуфта мешавад, ҳадафаш пешрафти минбаъдаи соҳа аст.
7 июл 2017, 12:52
Абдунабӣ Сатторзода, сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик, мегӯяд, таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки манфиати гуруҳҳои даргир ва абарқудратҳо ба ҳам омада буданд, метавонад дар Афғонистон низ роҳандозӣ шавад.
7 июл 2017, 10:22
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Туркманистон ҳисоботи раҳбарияти хадамоти муҳоҷирати ин кишвар оиди ба қайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ шунида шуд. Ҳамчунин талаб шуд, ки ба қайдгирии меҳмонони хориҷӣ, новобаста ба он ки бо сафари корӣ ё шиносоӣ вориди Туркманистон мешаванд, шадидтар шавад.
16 июн 2017, 11:31
Ташдиди чораҳои амниятӣ дар Туркманистон, ки моҳҳои охир мушоҳида мешавад, ба дарёфти иттилоъ дар бораи амалӣ кардани терактҳои эҳтимолӣ дар ҳудуди ин кишвар рабт дорад. Дар ин бора аз мақомоти қудратии Туркманистон хабар доданд.