Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 30 март 2017, 04:53
27 март 2017, 13:08

Болоравии қурби доллар ва рубл дар Тоҷикистон

Бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон имрӯз, 27-уми март қурби миёнаи фурӯши як доллар дар бозори нақдро 8,25 сомонӣ муқаррар кардаанд, ки дар қиёс бо ҳафтаи гузашта боло рафтааст.

17 март 2017, 11:36

Саҳҳомон оинномаи “Тоҷиксодиротбонк”-ро тағйир доданианд

“Тоҷиксодиротбонк” санаи маҷлиси умумии солонаи саҳҳомонашро эълон кард.

17 март 2017, 10:44

Идомаи болоравии қурби доллар ва рубл дар бозори нақду байнибонкӣ

Қурби миёнаи фурӯши як доллар дар бозори нақди кишвар давоми як рӯзи охир боло рафта, имрӯз, 17-уми март муодили 8,21-8,23 сомонӣ шудааст, ки нисбати нишондоди 16 март ҳудуди 3 дирам бештар мебошад.

16 март 2017, 16:09

Пули муштариёни “Тоҷпромбонк”-у “Фононбонк”-ро бармегардонанд, аммо…

Муштариёни “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”, ду бонке, ки бо қарори Бонки миллӣ баста шуданд, имкон доранд, пасандозҳои худро бозпас бигиранд.

16 март 2017, 09:04

Норозигии Азим Иброҳим аз истихроҷи ангишт: Вақт интизор намешавад

Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон мегӯяд, то зимистони оянда пайвастсозии 1500 бинои баландошёнаи дигар ба низоми гармидиҳии мавҷуда дар назар аст, аммо масъалаи таъминот бо ангишт аз ҳозир мувофиқи талабот нест.

15 март 2017, 17:43

205 нафару 19 созмон дар рӯйхати сиёҳи Бонки Миллӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри феҳрасти созмонҳои террористию экстремистӣ ва афроди алоҳида аз сокинону ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки аз ҳар гуна муомилоти молӣ бо онҳо худдорӣ карда шавад.

15 март 2017, 11:17

Вазир: Соли 2016 ҳамагӣ 229 мошини нав ворид шуд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 15-уми март тағйирот ба қонун “Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2017”-ро қабул кард, ки бар асоси он мошинҳои нав 50 дарсад аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ озод шуданд.

14 март 2017, 15:48

Мақоми 215-уми Душанбе миёни 231 шаҳри ҷаҳон

Ширкати машваратии “Mercer” сифати зиндагӣ дар 231 шаҳри ҷаҳонро раддабандӣ карда, Душанберо дар қаттори шаҳрҳои дорои бадтарин сифати зиндагӣ қарор додааст.

10 март 2017, 09:17

Ҷаҳиши қурби доллар ва шарҳи Бонки Миллӣ

Қурби як доллари амрикоӣ имрӯз, 10-уми март дар бозори байнибонкӣ 8,08 сомонӣ ва дар бозори нақд ба 8,16 сомонӣ расидааст, ки баландтарин нишондод дар соли ҷорӣ мебошад.

4 март 2017, 12:43

2,5 миллион кӯмакпулии Рустами Эмомалӣ ба кӯчарӯбу фаррошҳо

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки ба муносибати Рӯзи модар ба заноне, ки дар ободонии пойтахт саҳм доранд, 2 миллиону 546 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ пардохт мешавад.

3 март 2017, 21:23

“Тоҷиксуғурта”: Бимаи ҳаёти Қаҳҳор Маҳкамов пардохт шуд

Ширкати давлатии “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, уҳдадориҳояш дар робита ба пардохти маблағи бимаи ҳаёти Қаҳҳор Маҳкамов, раисҷумҳури пешин ва узви Маҷлиси миллии Тоҷикистонро иҷро намудааст.

3 март 2017, 16:35

Миллиардери 79-сола вазири тиҷорати ИМА шуд

Сенати Иёлоти муттаҳидаи Амрико аз номзадии миллиардер Уилбор Росс ба мақоми вазири савдо пуштибонӣ кардааст.

27 феврал 2017, 17:04

Шарҳи мақомот дар мавриди терминалҳо: Ҳуқуқи истеъмолкунандаҳоро ҳифз кардем...

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, хизматрасонии терминалҳоро таҳлил карда, муайян намудааст, ки бархе ширкатҳо қарори ҳукуматро дар ин соҳа риоя намекунанд.

27 феврал 2017, 11:24

Қатъи кори терминалҳо баъди қарори ҳукумат: Зараровар шудааст...

Мирзо Раҳимов, директори ширкати “Пародхт.тҷ” қатъи кори бисёри терминалҳоро дар Тоҷикистон тасдиқ кард.

25 феврал 2017, 09:48

40 тонна кумаки Русия барои зарардидагони тармаҳо дар Тоҷикистон

Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия барои зарардидаҳои тармафароӣ дар Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристодааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!