26 октябр 2017, 11:51
Маъюбони Тоҷикистон мегӯянд, онҳо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа ҳастанд ва бояд аз имконоти онҳо истифода бурда шавад. Ин нукта дар нахустин Анҷумани маъюбони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе идома дорад, садо дод.
19 октябр 2017, 12:14
Оқохони 4, Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-уми исмоилиён барои фаъолиятҳояш дар бахши таҳкими рушду оромӣ дар ҷаҳон аз Созмони Милали Муттаҳид ҷоизаи Пешвои ҷаҳонро дарёфт кардааст.
19 октябр 2017, 09:44
Дар Душанбе намоиши аксҳо зери унвони “Аврупо аз нигоҳи аккосони тоҷик” баргузор шуд.
16 октябр 2017, 14:23
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 16-уми октяр бо доктор Риёз ал Маликӣ, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини давлати Фаластин густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
10 октябр 2017, 10:47
Андрей Чёрний, сайёҳи суратгир аз Екатеринбург ва дӯстдоштааш Оля, ки ду соли ахир дар кишварҳои Осиё сайр карда, ҳаёти воқеии мардумро омӯхтаанд, дар матлабашон Помирро аз ҷумлаи аҷоибтарин минтақаҳои сайёра арзёбӣ кардаанд.
6 октябр 2017, 15:35
Имрӯз, 6 октябр дар шаҳри Душанбе дар як маросим аз варзишгароне, ки медалҳои Бозиҳои V–уми осиёӣ дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размиро ба гардан овехтанд, қадрдонӣ шуд. Ин бозиҳо аз 16 то 27 сентябр дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод сурат пазируфт.
2 октябр 2017, 11:07
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 1-уми октябр аз ноҳияи Хуросон боғи намунавии ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”, ки дар заминҳои хоҷагии “Асадулло” бунёд гардидааст, боздид кард.
30 сентябр 2017, 10:08
Дар бархе навоҳии шимоли Тоҷикистон барф боридааст.
28 сентябр 2017, 10:55
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мулоқот бо Юрген Сток, котиби генералии полиси байналмилалии «Интерпол» боздошти муттаҳамони таҳти пайгарди байналмилалиро баррасӣ кардааст.
28 сентябр 2017, 09:59
Го Шенкун, вазири бехатарии ҷамъиятии Чин ваъда додааст, ки барои ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон кӯмак кунад.
26 сентябр 2017, 16:31
Сокинони рустои Заргари шаҳри Ваҳдат мегӯянд, ягона майдончаи варзишии деҳа ва мактабро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ба чанд нафар тақсим кардаанд. Онҳо аз ҳукумати шаҳр ва масъулин дархост доранд, ин қарор бекор карда шавад.
25 сентябр 2017, 15:50
Имрӯз, 25 сентябр дар саҳни Муҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод” аз хабарнигор ва шореҳи варзишӣ Даврон Ғуфронов ёд карда шуд.
25 сентябр 2017, 11:20
Тоҷикистон қаҳрамони мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба футбол миёни сафоратхонаҳо дар Маскав шудааст.
20 сентябр 2017, 18:12
Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе шоми 19-уми сентябр пули роҳи оҳан ва автомобилгарди воқеъ дар бурриши кӯчаи Моёншо Назаршоев ва Аҳмади Донишро, ки аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» азнавсозӣ шуд, ба истифода дод.
18 сентябр 2017, 15:25
Дар шаҳри Душанбе имрӯз ду сониҳаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Дар гардиши Сирк як боркаши “Камаз” чаппа шуда, дар гардиши Яккачинор як сабукрав оташ гирифтааст.