Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:43
18 ноябр 2016, 11:07

АКС: Оғози таҷдиди собиқ корхонаи Фирташ ва Саидов бо иштироки Президент

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 18-уми ноябр марҳилаи таҷдиди корхонаи истеҳсоли нуриҳои менералии “Азот”-ро расман оғоз бахшид.

19 сентябр 2016, 14:28

Иқдоми нави мақомот барои мусодираи хонаҳои зану фарзандони Зайд Саидов

Мақомоти Тоҷикистон барои мусодираи хонаҳои ҳамсару фарзандони Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ иқдом кардаанд.

13 июн 2016, 14:00

Эълони сабаби марги Исҳоқ Табаров дар рӯзи мавлудаш

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи тоҷик, ки аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ ва раҳбари ҳизби сабтнашудаи “Тоҷикистони нав” ҳимоят мекард, шоми 12 июн дар беморхонаи маъруф ба “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт.

19 май 2016, 18:14

Референдум ва Зайд Саидов

Ба назар мерасад, ки ҷомеаи тоҷик масъала ва ё қазияи Зайд Саидовро як кори ҳалшуда медонад. Ҳоло дигар на дар расонаҳо ва на дар доираи қонун иттилое дар бораи талошҳои қонунӣ барои исботи бегуноҳии ӯ нашр ва дида намешавад.

15 март 2016, 10:08

Табаров дар бораи боздошти писари дуюмаш: Ӯро худам барои суҳбат ба пулис бурдам...

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов дар шарҳи боздошти писари дуюмаш Далер Табарови 25-сола изҳор дошт, ки ӯро барои суҳбат даъват карда, боздошт намуданд.

7 март 2016, 15:15

Шикояти ҳамсари Зайд Саид ба Эмомалӣ Раҳмон: Барои дарёфти ҳақиқату адолат кумак намоед

Латофат Тоирова, ҳамсари Зайд Саид, соҳибкори зиндонии тоҷик дар номае унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори расидагӣ ба қазияи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Рос Азия Инвест” шудааст.

15 феврал 2016, 16:35

Норозигии Исҳоқ Табаров аз 13,5 соли ҳабси писараш

Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат Фирӯз Табаров, писари 27-солаи Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидовро барои "зархаридӣ" ва "даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон", ба 13,5 соли зиндон маҳкум кардааст.

1 феврал 2016, 16:37

Вакил мусодираи манзилҳои наздикони Зайд Саидовро ғайриқонуниву бағоят бераҳмона хонд

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ бо ирсоли як нома унвонии раисиҷумҳур, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Додситони кулл, раиси Додгоҳи олӣ ва вазири адлияи Тоҷикистон гуфтааст, тарзу усулҳои ҷазодиҳии нафари таҳти ҳимояти ӯву наздиконаш ба қонуну қонуният рабт надоранд.

25 январ 2016, 16:06

Писари Зайд Саид: “Оилаву фарзандон ва ақрабо дар ин сармо куҷо раванд?

Хайрулло Саидов, писари бузурги Зайд Саид, соҳибкори зиндонии тоҷик мегӯяд, мақомот манзилҳои марбут ба бародарони падарашро, ки ба қавли ӯ “сиёсатро чизе намефаҳманд” мусодира карданианд.

17 август 2015, 14:07

Зайд Саидов аз СИЗО-и амният бароварда шуд

Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, ки ахиран барои 29 сол равонаи зиндон шуд, ба СИЗО-и Вазорати адлия мунтақил шудааст.

13 август 2015, 16:18

Ду ҳарфи ду ҳафта

Додгоҳи олии Тоҷикистон бо як ҳукми тоза муҳлати зиндони Зайд Саидов, тоҷири муваффақ ва вазири пешини саноатро ба 29 сол расонду барои ҷуброни 34 миллион сомонӣ низ мувазаф намуд.

11 август 2015, 11:44

Суолуҷавоби З. Саидов бо судя баъди ҳукми нав: Тақозои замон ҳамин аст (VIDEO)

Додгоҳи Олии Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми август Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷикро бо назардошти 26 соли ҳукми қаблӣ дар маҷмуъ ба 29 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум кард.

23 июл 2015, 19:33

З.Саидов: Гӯиё барои президентшавӣ 2 миллион $ гирифтаам

Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон имрӯз, 23-юми июл зимни ироаи қисмати охирини суханронии ниҳоияш додгоҳ тамоми иттиҳомотро алайҳи худ сохтаю сиёсӣ хонда, аз додрас хост, ӯро сафед кунад.

21 июл 2015, 12:16

З. Саидов: Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?

Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон рӯзи дуюм аст, ки дар мавриди парвандаи наваш дар додгоҳ суханони ниҳоияшро ироа мекунад.

9 июл 2015, 14:37

Талаби 25 соли дигари зиндон ва мусодираи амволи Зайд Саидов

Айбдоркунандаи давлатӣ дар доираи парвандаҳои нав барои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон аз Додгоҳи Олӣ боз 25 соли дигари зиндон, 34 миллион сомонӣ ҷуброни зарари расонда ва мусодираи молу мулкро талаб кардааcт.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!