Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:47

Ҳуқуқшинос: З. Саидовро дар Душанбе метавонанд ҳабс кунанд

13 май 2013, 08:34

Ҳуқуқшиносони тоҷик ҳушдор медиҳанд, ки ба Зайд Саидов, раҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии ассосиатсияҳои соҳибкории Тоҷикистон, зимни бозгашт ба Душанбе ҳабс таҳдид мекунад.

Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, рӯзи 13-уми май дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, иттиҳоми бисёрзанагӣ, ки алайҳи Зайд Саидов пеш гузошта шудааст, ҳабси пешакиро дар назар надорад: “Аммо Оҷонсии фасод ширкати Зайд Саидовро дар азхудкунии моли дигарону изофанависӣ дар ҳаҷми калон, 2 миллион сомонӣ муттаҳам кардааст, ки ин ба гуруҳи ҷиноятҳои вазнин дохил мешавад. Муфаттиши ин парванда ҳақ дорад аз додгоҳ дархост кунад, ки нисбати айбдоршаванда ҳабси пешакӣ татбиқ гардад.”

Воҳидова ташреҳ дод, ки дар масъалаи Зайд Саидов, ки айбдоршаванда бо иттиҳомот розӣ нест ва аудити мустақилу байналмилалиро талаб дорад, аслан додгоҳ бояд нисбати ӯ ҳабси пешакиро татбиқ нанамояд: “Аммо таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки судҳо мустақил нестанд ва мувофиқи майли ҳокимияти иҷроия амал мекунанд. Бино ба ин ҳабси Зайд Саидов дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест.”

Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” шаби 10-уми май дар садри дастаи теннисбозони тоҷик барои як ҳафта ба Фаронса рафтааст. Рӯзи дигар пас сафараш, 11-уми май мақомоти Тоҷикистон, аз ифтитоҳи ду парванда алайҳи ӯ бо иттиҳоми бисёрзанӣ ва изофанависӣ хабар доданд.

Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо пахши як иттилоия изҳор медорад, ки ширкати "Тоҷсохтмон байналмилал", ки ба Зайд Саидов тааллуқ дорад, зимни сохтмони баландтарин бинои кишвар, "Душанбе -Плаза" дар соли 2009-ум ба сохтакории санадҳо ва изофанависӣ дар ҳаҷми 1 миллиону 959 ҳазор сомонӣ даст задааст. Додситонии шаҳри Душанбе низ эълон кард, ки рӯзи 11 майи соли 2013 бо моддаи 170-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои серзанагӣ, алайҳи Зайд Саидов, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассосиатсияҳои соҳибкории кишвар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик ин парвандаҳоро “сиёсӣ” унвон карда, ба талошҳояш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” марбут донист. Саидов аввалҳои моҳи апрел аз таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” хабар дода, таъкид намуда буд, ки самти асосии фаъолияти ин ҳизб беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар хоҳад буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • хакикат

  • 13 май 2013 10:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чаро то имруз ин чинояташро ошкор накардед?? дар аз худкуни моли дигарон айбдораш медонед!агар шумо кормандони додситони дар чорчубай конун кормекардед то имруз хабсхонахой точикистон пур аз вазиру мансабдор буд.
Посух додан
  • Хакикат талх

  • 25 июн 2013 10:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хакикат,
Бале бародар, мо то он дарачаи халки паст шудем, ки мебинем чихел нохаки шудестай ва ягон чора намебинем. Агар як шахс сохиби як корхона ва ё тичорат(бизнес) сар кунад, ин сарварони мо бояд аввал омада аз мо пора гиранд.!!! ИН ДУНЁ БА МИСЛИ ДАРЁСТ. ДАР ОН ДУНЁ КУЧО РАВО ХОХЕД ШУД!!! хакикат,

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!