Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:00

“Ё З.Саидов сабукдӯш шавад ё Шӯро пурра лағв мегардад”

13 май 2013, 10:32

Имрӯз, 13-уми май, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассосиатсияҳои соҳибкории Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он пешниҳоди гуруҳи ташаббускор барои сабукдӯш кардани Зайд Саидов аз раҳбарӣ ё умуман барҳам додани ин Шӯро баррасӣ мешавад.

Тавре Некрӯй Забиров, раҳбари гуруҳи ташаббускор ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, дар ин ҷаласа тавассути овоздиҳӣ, аъзоён интихоб мекунанд, ки “ё Зайд Саидов аз роҳбарии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барканор шавад ё умуман ин Шӯро барҳам дода мешавад.”

Гуруҳи ташаббускори Шӯро, ки барканории Зайд Саидовро талаб мекунанд, далел меоранд, “ин роҳбар ба мақсадҳои Шӯро мувофиқ нест ва талош дорад, аъзоёни Шӯро ва номи онро барои ҳадафҳои шахсию ғаразҳои сиёсияш истифода кунад.”

Зайд Саидов, ки соли гузашта роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозӣ интихоб гардид, ахиран дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “чанде аз ҳамкорон ба ман занг зада гуфтанд, ки таҳти фишор як изҳоротеро имзо кардаанд, ки дар он истеъфои ман аз симмати раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ талаб карда мешавад. Аз як тараф онҳоро дарк мекунам, аммо муътақидам, ки ҳар як шахс ва соҳибкор бояд фикри мустақили худро дошта бошад. Ҳар яки онҳое, ки алайҳи ман изҳорот имзо кардаанд, пештар худашон пофишорӣ карданд, то ман роҳбарии Шӯроро ба уҳда гирам.”

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиaтсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, рӯзи 6-уми апрел аз таъсиси ҳизби наве бо номи "Тоҷикистон нав" хабар дода, афзуд, ки талошҳояшон барои ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии кишвар равона хоҳанд шуд. Ин азми Саидов таҳдиду таъқибҳо ба ҷону моли ӯро ба бор оварда, боиси ифтитоҳи ду парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ гардидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зайд Зайд Зайд ин кадар маро ба вачд меори, ки мехохам холо дар пахлуят бошам! Ту бо ин кадар фарзанду азизонат ва дороиву имконот чонатро низ ба хатар гузошта барои расидан ба бехрузи талош дори, чаро ман танхо як чон дораму аз он андеша кунам? Агар холо, ки бо Ту нестам, аммо рухану маънаван хазорхо чавон дар пахлуят мебошанд!
Ба ифтихорат ба суят нимтаъзим намуда, кулохамро аз сар мегирам! Ва самимона дастатро мефишорам, мисли дасти падарам!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фикр мекунам, ки охирин МАРДИ точик буд ки даст боло кард барои ин миллат афсус, ки боз хам дар чохи зулму торики боки хохем монд. Ватандорон хама хичрат карданд хатто занон мухочир шудаанд. Боз хам афсус, ки дар дохили шахр (Хушёри) рохи мо пулаки, Хати барк болои сари мо ба хамсоя меравад хамсоя дар рушнои мо дар торики, парлумон бо фикри хомашон андозро баланд кард хама сохибкоронро бо милати точик белу каланди мардуми рус бо шиори МУХОЧИР гардонид. Пас дар ин ватан дигар мард намонд он хама мардон заифанд. Ин миллат то абад бо ин табиатшон дар умки гаму андух бекориву нодори хохад мурд. Ва ГУЛОМИ як табака хохем шуд танхо гуломи бе занчир нафаре барои пешрави садо бланд кунад занчирбанд хохад шуд......................
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Фаромуз сад фоиз рост мегуи, ин миллат руз аз руз зиндагиаш паст шуда истодааст. Ооой хукуматдорхо фардо дар назди Худо чавоб мегуед, хама мардум гуломи русхо шудаистодааст хамаи мардуми мо аз дари хонаи рус нон мехурад, аз ухдаи идораи давлат баромада наметавонед монед дигар ватандустон ин коро бикунанд.
Посух додан
  • Расул

  • 13 май 2013 13:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Номардхо
Тфу бар Шумо номардхо.
Акнун вариант мондаед ё рохбар ё анчуман?
Бале шумо уро сабукдуш мекунеду Худованд шуморо!
Зайд Саидов номзадиатонро ба Президенти гузоред! Як дасти дигар ба кумакатон ин ша Аллох аз чониби Худованд мерасад-кори Шумо дуруст аст!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Азамат! айб, айб, айб. Тамаллук аз ин зиёд намешавад. Ягон шахси поку бегуноху авлиё дар ин дунё вучуд надорад, ки кирои наздаш таъзим шуданро дошта бошад.

Азамат. айб, айб, айб. Тамаллук аз ин зиёд намешавад. Дар ин дунё ягон шахси поку бегуноху авлиёе вучуд надорад, ки барои дар наздаш таъзим шудан арзанда бошад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!