Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:50

ВКД: Барои гирдиҳамоӣ дар Душанбе шароит таъмин мекунем, агар...

14 май 2013, 08:45

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз нияти саҳҳомони ширкати “Мовароуннаҳр” барои ташкили гиридиҳамоӣ бо ҷалби ҳазорҳо нафар дар Душанбе огоҳ аст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сардори Хадамоти матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 14-уми май дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “агар шаҳрдории Душанбе барои ташкили ин гирдиҳамоӣ иҷозат диҳад, мо омодаем барои гузарондани он шароит фароҳам созем.”

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи саҳҳомони ҶДММ "Мовароуннаҳр" рӯзи 13-уми май хабар дод, ки зерҳимояҳояш рӯзи 12-уми май зимни як ҷаласаи худ тасмим гирифтанд, “3-юми моҳи июн ба хотири озод намудани молу амволашон дар рӯ ба рӯи бинои Маҷлиси Олии кишвар гирдиҳамоӣ менамоянд.”

Ба гуфтаи Ёров, саҳҳомони ҶДММ "Мовароуннаҳр иддао доранд, ки мақомоти судӣ дидаву дониста молу амволашонро озод намекунанд, ки дар сурати идома ёфтани ин раванд, онҳо имкони давом додани сохтмонро надоранд: “Ба хотири ҷалби диққати ашхоси мансабдори масъул, дар ин гирдиҳамоӣ зиёда аз 5000 шаҳрванд ширкат хоҳанд кард.”

Манбаъ афзуда, ки дар ин хусус расман ба ҳукумати шаҳри Душанбе огоҳнома равона шудааст.

Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!