Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:28

Қонуни Нютон: Назаре ба қазияи З.Саидов

14 май 2013, 11:40

Али Мастов, таҳлилгари сиёсӣ

Ман фикр намекунам руйдодҳои атрофи Зайд Саидов ба обрӯи кишвари мо ва раҳбарияти он заррае афзояд. Мувофиқи Сарқонун, Тоҷикистон кишвари демократист. Мо қариб дар ҳама ҷо, зери ҳама ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ ҳамчун кишваре имзо гузоштем, ки он арзишҳои демократӣ ва дахлнопазир будани моликияти шахсиро эътироф менамояд. Аммо чуноне мебинем, дар амал чунин нест. Ҳокимияти вақт ҳозир аст ба ҳар кори имконпазири ғайриқонунӣ даст занад, то ҳарфе ё фикре зиёдатӣ аз даҳони шаҳрвандон, иттиҳодияҳо, созмон ё ҳизбҳо набарояд.

"Корҳои профилактикӣ", ки ба наздикӣ аз ҷониби ҳукумат гузаронда шуданд ва бевосита бо 40-солагии ҲНИТ алоқаманд буданд, кори оқилонае набуданд. Ба меҳмонон раводид надоданд, додани ҷой барои чорабиниро манъ карданд, шанберо рӯзи корӣ эълон намуданд, дар макотиби миёнаву олӣ тафтишоти гуногун ба роҳ монданд. Дар хусуси роҳҳои таъсиргузории руҳӣ ва ҷисмонӣ ба аъзоёни аҳзоби сиёсии мухолиф ва шаҳрвандони ҳамфикри эшон ҳоҷати сухан нест.

Акнун навбати ҳизби навтаъсиси «Тоҷикистони нав» шуд. Мо ҳама дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон зиндагӣ мекунем ва ба хубӣ медонем, ки оқибати ҳар ташаббуси сиёсӣ, ки аз ҷониби ҳукуматдорон "танзим" нашудааст, ба чӣ меанҷомад. Аммо тарзи рафтор бо ҳизби нав ва ба хусус роҳбари он аз ҳад гузашт. Бояд дар назар дошта бошем, ки ин ҳизб ҳанӯз сабти ном нашудааст ва касе дар бораи онҳо ба таври дақиқ ва пурра чизе намедонад.

Шояд, дар ҳукумат бошанд нафароне, ки қонуни сеюми Нютонро донанд ё аққалан шунида бошанд: "Ҳар амал аксуламалро ба вуҷуд меорад". Наход ин қадар мушкил аст фаҳмидани он, ки бо чунин роҳҳои омехта бо ҷазо ҳукумат доираи худро танг мекунад? Наход намефаҳманд, ки бо вайрон кардани қонун, ҳукумат худаш заминаро барои тундгароӣ, экстремизм ва зери соя рафтани ҷомеа фароҳам мекунад?

Дар ҳоле, ки қавонини кишвар ва адолат аз ҷониби худи ҳукумат зери по мешаванд, чи гуна иҷрои онро аз халқ метавон талаб намуд? Охир, роҳи осон, пешгирии рехтани хун, инқилоб ва заду хӯрдҳо ҳаст. Барои ин, бояд ба одамон ва ҳизбҳои сиёсӣ имкон дода шавад то дар доираи Сарқонун ва дигар қавонини ҷорӣ ҳукумати худр интихоб намоянд. Бигзор дар парлумон мухолифини демократӣ, исломӣ, комунистҳо, миллатчиён (агар фашист нестанд) бошанд. Бигзор дар парлумон баҳсҳои тезу тунд бошанд, ин беҳтар аст аз ҳалли силоҳ тавассути зӯри силоҳ, ба монанди воқеъаҳои Рашту Хоруғ.

Аммо барои ин, ба фикри ман, ҳукумат бояд тағйироти ҷиддиро паси сар намояд, ба мардум наздиктар шавад. Дар он бояд нафароне бошанд, ки дар ҳақиқат мушкилотро мебинанд, ҳунари баҳс кардан доранд ва аз рақибон ё мухолифини қавӣ наметарсанд. Чунки агар ҳукумат қавист, мухолифин низ бояд қавӣ бошанд. Танҳо дар ин сурат фикр ва қонунҳои хуб метавонанд рӯи кор оянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар точикистони мо хукматдорон на конуни конистуциони балки бо конуни чангал кор карда истодаанд конун факат барои хмлки камбагаласт ин ба хама маълумаст бас будагист дигар ба чони хама задаан ин хукматдорони фасодноки мо...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чанд матлаби бародар Али Мастовро мутолиа кардам. Хеле тахлилхои хуб. Точикистон ба чунин тахлилгарон ниёз дорад. Ахсант!
Посух додан
  • Manu

  • 14 май 2013 15:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо барои танкиди хукумат аз хрчагони худ фоидае мебинед! Шояд факат танкид карданро ба шумо омузрндаанд? дар баробари танкид ягон пешниходе барои пешравии чомеа мекардед шояд хуб буд! Ё хочагонатон ичозат намедизанд?
Посух додан
  • Карим

  • 14 май 2013 15:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин бародар!Хакикатро гуфтед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хак ба чониб шумост. Вале ин чо Точикистон аст. Расман чизе мегуянд, аммо дар амал аз руи конуни чангал рафтор мекунанд. окибаташ ба хайр бошад.
Имруз бояд олимону зиёиён, рузноманигорон ва уламо харфи худро ироа доранд. Мутассифона, эшон чурат надоранд. То ба кай ба ин бетарафи номи худро догдор мекарда бошанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Manu,
Бародар (хохар) Ману шумо ба кучо нигох доред? Се абзаци охир хамаш пешниход аст ку. Аммо мутассифона ба хукумат имруза чи пешнод куни ва чи накуни як аст.
Посух додан
  • Хушёров

  • 16 май 2013 15:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачиб аст, ки дар фош анмудани гунохоятон мегуед. ки фишор оварданду аз конститутсия ёдовар мешавед, дар вакти пули давлатро аз худ намудану бо бисёрзани конунро вайрон кардан конститутсияро ба ёд намеоред.
Посух додан
  • карим

  • 29 июл 2013 17:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Хушеров, конуну сарконуна чанобат бо вазирошу домодош риоя намекунад,пас аз дигарон низ талаб накунанд.Мо едгирифтем аз онхо

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!