Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:18

Вазир: Интернати сӯхтаи Шӯроободро то сентябр барқарор мекунем

14 май 2013, 15:25

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, барои барқарор намудани мактаб-интернати №13-и ноҳияи Шӯрообод, ки шаби 9 ба 10-уми май сӯхта буд, ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, нома кардааст.

Тавре Нуриддин Саидов дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, интизор меравад, ки рӯзҳои наздик барои дубора барқарор намудани хобгоҳи мактаб-интернат маблағ ҷудо гардад. Саидов илова намуд, мактаб-интернат, ки аз ҷумлаи калонтаринҳо дар вилояти Хатлон маҳсуб меёбад, то моҳи сентябри соли равон пурра барқарор мешавад.

Вазир таъкид сохт, ки сӯхтори баамаломада раванди таълими муҳассилини мактаб-интернатро халалдор накардааст ва он тибқи ҷадвал идома дорад: "Дар ҳоли ҳозир Вазорати маорифи Тоҷикистон барои хонандагони мактаб интернати Шӯрообод 100 рахти хоб ва либосу пойафзолро ирсол намудааст."

Мудирияти мактаб-интернати №13-и ноҳияи Шӯрообод, ки хобгаҳаш шаби 9-уми май ба коми оташ рафта буд, мегӯянд муваққатан хонандагонро дар синфхонаҳо ва маҷлисгоҳи интернат ҷой кардаанд. Абдураҳмонов Суҳроб, ҷонишини директори мактаб-интернати мазкур ба «Озодагон» гуфт, ҳудуди 100 хонанда, ки дар хобгоҳ ба сар мебурданд, то таъмир гардидани хобгоҳ дар синфхонаву толори консертии мактаб хоб мераванд.

Ин мактаб-интернат яке маъруфтарин таълимгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, хобгоҳи он соли 1938 сохта шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сагера аз интернат

  • 15 май 2013 07:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости аз шунидани ин хабар хело хушхолам шудем. Аз тарафи Нуриддин Саид икдоми хуб ба рох монда шудааст. Агар ин амали шавад яъне хобгохи мактаб интернати №13 н. Шурообод сохта шавад чунки ин хбгох тахминан солхои 40уми асри гузашта сохта шуда буданд. Аз Озодагон минатдор хастем чунки доимо ин масъаларо таъти назорат доранд. Офарин ба шумо! мо бо Шумоем!
Посух додан
  • Фира

  • 15 май 2013 11:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Саидов бехтарин коро мекуни.. Агар аз сар созанд бисер хуб мешает,

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!