Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:32

Рогозин: Эъродҳо аз қаторҳои Тоҷикистон асосноканд(ВИДЕО)

16 май 2013, 09:06

Дмитрий Рогозин, муовини сарвазири Русия, рӯзи чоршанбеи 15-уми май, ба расонаҳои рус хабар додааст, ки имрӯз дар қатори Тоҷикистон 50 киллограм героин дарёфт шудааст ва “ин далели он аст, ки эъродҳои мо, ки қаблан зимни бозрасии қаторҳои Тоҷикистон баён шудаанд, ҷиддӣ ва асосноканд.”

Рогозин илова намудааст, ки айни ҳол мушкилоти марбут ба қаторҳои Тоҷикистон аз ҷониби гуруҳи махсуси байниидоравӣ мавриди омӯзиш қарор дорад ва охири моҳи равон ба баррасии Комиссияи давлатӣ оид ба марзҳо гузошта хоҳад шуд.

Рогозин, ки худ раҳбарии ин комиссияро ба уҳда дорад, таъкид намудааст, ки қарори ниҳоӣ дар бахши роҳи оҳан бо назардошти манофеи Русия ва шаҳрвандони ин кишвар қабул хоҳад гардид. Ба гуфтаи муовини сарвазир айни ҳол шаҳрвандони Русия мавриди таҷовузи героинӣ қарор доранд. Ӯ таъкид намудааст, ки ин қазия сиёсӣ нест.

Қаблан Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири Русия ва Генаддий Онишенко, сардухтури санитарии Русия аз қаторҳои Тоҷикистон дидан карда, изҳор доштанд, ки вазъи онҳо ба одитарин талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нест ва пешниҳодҳое садо доданд, ки иртибот тавассути роҳи оҳан бо Тоҷикистон қатъ гардад. Мақомоти тоҷик ин иттиҳомотро комилан рад карданд.

Владимир Якунин, роҳбари Роҳи оҳани Русия, ки аввали моҳи равон дар Тоҷикистон қарор дошт, эътироф кард, ки изҳоротҳо алайҳи қаторҳои Тоҷикистон “то ҷое обуранги сиёсӣ доранд ва ин аён аст.” Худи ӯ таъкид намуд, ки Русия барои густариши ҳамкорӣ дар бахши роҳи оҳан бо Тоҷикистон ҳавасманд аст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тавре аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба "Озодагон" иттилоъ доданд, Усмон Қаландаров, муовини сардори “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, зимни ҷаласаи мушовараи назди Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти кишвар, аз бурду бохти роҳи оҳан гузориш дода, таъкид кардааст, ки “тафтиши қаторҳои мо аз ҷониби ашхоси воломақоми Русия як навъи рақобати носолими бозори нақлиётӣ мебошад. Дар Қарғизистон 80, Озарбойҷон 50 фоиз алаккай қатораҳои русӣ дар равуоанд ва мақомоти рус мехоҳанд, бозори мо ва Узбакистонро низ танг кунанд

ХАМИН МАКОЛАРО ХОНДАМ МУОВИН ФАКАТ ГАПА ДОНАН ТОННА ТОННА ГЕРОИНА МЕГУЗАРОНАН МАГАР АЙБ НЕСТ
Посух додан
  • корбар

  • 16 май 2013 10:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
гуфти гапо "факт на лицо" , сабаби асоси гунох ва айби худи мост, макомот бепарво, хоб кайфу сафо маишат, зинокори, порахури. Органхои давлати фалач ва факат маишат, ба таври бояду шояд каторахоро тафтиш намекунанд, хама "криша" доранд. Аз хоб бедор шавед, чанобон бо айби шумо ягона рохи ризку рузии халки бечора пагох ё фардо баста мешавад, баъд чи кор мекунед, дар ватан чои кор нест хамара бо рохи фиреб шахси кардед. Миллатро ба равшану чамшуд табдил додед, бас набуд, ки боз лакаби шайтон ва микроб часпонданд. Аз утокхои кори берун шуда кор кардан лозим ё монед ашхоси маслаки ва ватандуст кор кунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтару хубтар мешуд рохи охан дар ихтиери россия гузошта шавад хам нарх азон мегардад хам проверкахои сархади кам мешад хам мусофирон бо рохат дилпур ба чои лозима мерасанд ин рохбарони мо хама дуругуванд факат худро фикр мекунанд халос ин ба хама маълумаст...
Посух додан
  • Ватандуст

  • 16 май 2013 21:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э бача хами навакак баъд аз ика шармандаги одамотона рои карден барои тафтиш дар рохи охан гуфте ки хама садай бо чи балотон зад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!