Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:09

Прокурори генералӣ: Сафармад Рустамов (Кабут) бо ҷурми авбошӣ дастгир шудааст

12 июл 2011, 09:40

Сафармад Рустамов, сарвари бахши «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон бо иттиҳоми авбошӣ боздошт гардидааст.


Дар ин бора зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе, Шерхон Салимзодаи Одина, додситони кулли Тоҷикистон иброз дошт. Прокурор афзуд, қаблан дастгиршуда тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ (даст доштан дар куштор) гунаҳкор дониста мешуд, аммо ин банди ҷиноят ҳоло аз гардани ӯ сокит гаштааст.
Ёдрас менамоем, Сафармад Рустамов, маъруф бо тахаллуси «Кабут», ҳамзамон сардори бахши «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод, рӯзи ҷумъаи 1-уми июл аз ҷониби кормандони кумитаи амният дар манзили зисташ боздошт гардида буд.
Нуруллоҳ Рустамов, бародари ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, «баъди дастгир шудани Сафармад телефонии мобилиаш аз кор монд ва алъон дар куҷо будани ӯро намедонад, аммо муайянамон гардид, ки ҳамон бегоҳ Сафармадро ба шаҳри Душанбе бурдаанд».  
Гуфта мешавад, боздошти Сафармад Рустамов, чеҳраи шинохта дар минтақа сару садоро миёни сокинони шаҳри Кӯлоб оид ба дастгиршавии ӯ ба вуҷуд овардааст, сокинони шаҳр хулосаҳои гуногун мебароранд. Баъзеҳо бар онанд, ки ўро бо ҷурми «сардори фанатҳои клуби футбол»-и «Равшан» буданаш боздошт кардаанд, инчунин тахмин мекунанд, ки барои ҷурмҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ ва фурӯши маҳсулоти давлатӣ ошкор кардаву дастгираш намудаанд. Мақомоти додситонӣ, шӯъбаи корҳои дохила ва суди минтақаи Кӯлоб дар мавриди боздошти Сафармад Рустамов, мулаққаб ба «Кабут» дар он вақт  изҳори беиттилоӣ карда гуфтанд, шарҳи мавзӯъ ба салоҳияти кумитаи амният аст. {jathumbnail off} 


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!