Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:02

Э.Раҳмон хостори хатсайри Душанбе-Бангкок шуд (АКС)

18 май 2013, 08:13

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо сарвазири шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра дар шаҳри Бангкок музокироти расмии сатҳи олиро баргузор кардаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, пас аз истиқболи расмӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Йинглак Шинаватра масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвар дар самтҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон барои густариши равобити ду кишвар дар бахшҳои додугирифти мол, сармоягузорӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, хоҷагии об, туризм, маориф, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, бахшҳои энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт аз ҷумла ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Бангкок зарур гуфтааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур пас аз анҷоми мулоқоту музокирот дар ҳузури президенти Тоҷикистон ва сарвазири Таиланд Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Таиланд доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз андозсупорӣ аз даромад ва сармоя ба имзо расид.


Э.Раҳмон хостори хатсайри Душанбе-Бангкок шуд (АКС)

Э.Раҳмон хостори хатсайри Душанбе-Бангкок шуд (АКС)

Э.Раҳмон хостори хатсайри Душанбе-Бангкок шуд (АКС)

Э.Раҳмон хостори хатсайри Душанбе-Бангкок шуд (АКС)

Э.Раҳмон хостори хатсайри Душанбе-Бангкок шуд (АКС)

Э.Раҳмон хостори хатсайри Душанбе-Бангкок шуд (АКС)

Э.Раҳмон хостори хатсайри Душанбе-Бангкок шуд (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!