Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:09

Зайд Саидов имшаб ба Душанбе меояд

18 май 2013, 10:05

Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, дар назар аст, ки имшаб, 19-уми май, тақрибан соатҳои 03:00 вориди пойтахти Тоҷикистон шавад.

Ин хабарро дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” яке аз узвҳои гуруҳи ташаббускор таъйид карда, таъкид намуд, ки азми Зайд Саидов барои бозгашт ба Ватан қотеъона аст ва сарфи назар аз ҳама гуфтугузорҳо ӯ имкони бознагаштанро ҳатто баррасӣ ҳам накардааст.

Саидов, ки раиси Федератсияи тенниси рӯи мизии Тоҷикистон аст, ҳафтае қабл, 10-уми май дар садри дастаи теннисбозони кишвар барои як ҳафта ба шаҳри Пориси Фаронса рафта буд. Рӯзи дигари сафараш дар Тоҷикистон мақомот маъракаи густурдае алайҳи ӯ роҳандозӣ карданд. Додситонии Душанбе бо пахши як изҳорот ӯро дар бисёрзанӣ муттаҳам карда, рӯйхати 4 ҳамсарашро нашр кард, ки гӯиё Саидов ҳамзамон бо ҳамаи онҳо ҳамзистӣ дорад. Оҷонсии фасод ширкати сохтмонии Саидов, “Тоҷсохтмон-байналмилал”-ро дар изофанависӣ ва азхуд кардани моли дигарон дар ҳаҷми калон, зимни бунёди баландтарин бинои кишвар, “Душанбе-Плаза” айбдор намуд.

Дар пасманзари ин айбномаҳо ҳуқуқшиносҳои тоҷик ҳушдор доданд, ки эҳтимол Саидовро пас аз бозгашт дар Тоҷикистон ҳабс интизор аст. Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик, бо ишора ба таҷрибаи Тоҷикистон, ки додгоҳҳо мустақил нестанду мувофиқи майли ҳукумат кор мекунанд, ҳабси Саидовро аз эҳтимол дур намедонад. Аммо Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ ва роҳбари консорсиуми юридикӣ ҳамаи иттиҳомотро алайҳи Зайд Саидов супоришӣ унвон намуда, таъкид кард, ки ҳабси эҳтимолии ӯ бар зарари ҳукумат хоҳад буд.

Раҳматулло Зоиров: Зайд Саидов баргард!


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!