Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:33

Саҳҳомони “Мовароуннаҳр” дар додгоҳи Сино оғози мурофиаро интизоранд

20 май 2013, 10:57

Дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зиёда аз 500 нафар саҳомони ҶДММ "Мовароунаҳр" ҷамъ омадаанд, то ки мурофиаи судиро таҳти раисии додрас Давлатов Исмоил, дар мавриди аз ҳабс озод намудани амволи ширкатро дида бароянд.

Ба иттилои вакили дифои саҳҳомон, Бузургмеҳр Ёров, мурофиа бояд соати 10:00-и имрӯз, 20-уми май оғоз мешуд, “аммо инак зиёда аз чанд дақиқа гузаштааст, вале додрас дар утоқи кории худ ва бинои суд нест. Ин ҳолат бори дигар нишон медиҳад, ки саҳҳомонро гумроҳ карданиянд. Вагарна чӣ тавр мешавад, ки рӯзи шанбеи 18-уми май дар муоҳидаи мавҷуда ҳама оид ба оромии ҷомеа ба тариқи қонунӣ ҳалли масъалаҳо сухан гуфтанд, аммо суд дар утоқи кориаш нест”.

Ёров афзуд, ки “бисёр вақт дар тамоми мурофиаҳои судӣ маҳз хамин ҳолат дида мешавад, ки мурофиаҳо сари вақт оғоз намегарданд”.

Саҳҳомони ҶДММ "Мовароуннаҳр иддао доранд, ки мақомоти судӣ дидаву дониста молу амволашонро озод намекунанд, ки дар сурати идома ёфтани ин раванд, онҳо имкони давом додани сохтмонро надоранд.

Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд. Барои ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилашон саҳҳомон ният доштанд, рӯзи сеюми июн дар рӯ ба рӯи бинои парлумони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоӣ кунанд, аммо шаҳрдорӣ иҷозат надод.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зиёда аз 500 нафар саҳомони ҶДММ "Мовароунаҳр" ҷамъ омадаанд".

"Сахомон" шакли ду бор чамъшудаи "сахм" аст, ки ба руси акция гуянд. Дар чумлаи боло ва чумлахои дигари ин матлаб "сахмдорон" бояд гуфт, ки точикии "акционеры"-и руси аст!
Ин галат чанд сол аст, ки дар расонахои точики такрор мешавад ва агарчи мукаррар гушзад мегардад, хеч не ки ислох шавад! Айб аст, аз барои Худо!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!