Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:21

Қочоқбарони афғон ба мақомоти амнияти тоҷик муқобилияти мусаллаҳона кардаанд

21 май 2013, 08:35

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҳудуди дидбонгоҳи Файзободқалъаи ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон аз кўшиши навбатии интиқоли маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ карданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, ҳангоми амалиёт қочоқчиён амри кормандони фавриро дар хусуси таслим шудан рад карда, ба онҳо муқобилияти мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷа шаҳрванди Афғонистон бо номи Артикулло бо истифода аз мавқеи душвори ҷуғрофии ин қитъаи марзи давлатӣ ба самти муқобил фирор намуда, шарики ў Хайрулло валади Абдуллои 40-сола, сокини улусволии Имом Соҳиби вилояти Қундузи ҶИА аз пои росташ ҷароҳат бардоштааст.

Масъулини амният мегӯянд, номбурда дар ҷойи воқеа боздошт гардида, сипас ба беморхона интиқол дода шуд: “Зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 1 адад таппончаи тамғаи “Макаров” бо 1 тирдону 7 дона тир, 8 килограмму 731 грам маводи мухаддири навъи афюн, ки ба ин қочоқбарон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардидааст.

Кумитаи амният мегӯяд, айни замон нисбат ба Хайрулло валади Абдулло ва дигарон аз ҷониби мақомоти тафтишотии Кумита парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!