Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:28

“Фориғ аз натиҷаи интихобот, ғанисозии Эрон бо қудрат идома хоҳад ёфт”

21 май 2013, 10:57

Дабири Шўрои амнияти миллии Эрон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи Евро Нюс гуфт: натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар моҳи июн ҳеч таъсире бар фаъолиятҳои ғанисозии изутупҳо надорад.

Ба гузориши хабаргузории "Форс" ба нақл аз Евро Нюс, Саъиди Ҷалилӣ - Дабири Шўрои олии амнияти миллӣ дар замони ҳузури худ дар Истанбул ба манзури дидори дуҷониба бо Катрин Эштон бо шабакаи Евро Нюс мусоҳиба кардааст.

Вай дар бораи буҳрони Сурия ва иртиботи Эрон бо давлати Башор Асад гуфт: ҳазинаи ҷанг дар Сурияро на танҳо мардуми Сурия, балки мардуми Аврупо ҳам хоҳанд пардохт.

Ҷалилӣ гуфт: Исрор бар рафтори иштибоҳ бо террористҳо боис шудааст, ки онҳо аз ҳазорон километр онтарафтар дар Афғонистон то наздикии марзҳои Аврупо бирасанд. Ман фикр мекунам ин чизе нест, ки мардуми Аврупо бояд дар бораи он нигарон бошанд.

Масъули тими музокиракунандаи ҳастайии Эрон дар бораи музокироти ҳастаии Эрон ва гуруҳи 5+1 ба шабакаи Евро Нюс гуфт: Теҳрон, ожонси байналмилалии энергии атомиро бо иттилооти густарда ва ҳамкориҳои мумкин таъмин кардааст. Ҳоло метавонем бигуем, ки ҳамкории мо бо Ожонс дар сатҳи бесобиқа аст.

Бар асоси ин гузориш, ин дар ҳолест, ки гуфтугуҳои миёни Эрон ва гуруҳи 5+1 ба музокироти қаблӣ пешрафти чандоне надоштааст ва эҳтимолан тарафайн мунтазири натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ҳастанд.

Ҷалилӣ, ки номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон аст, ҳамчунин гуфт: ба унвони як кишвари фаъол дар муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастай (НПТ) , ожонс ҳамвора бештарин таваҷҷуҳро ба фаъолиятҳои ҳастаии Эрон доштааст.

Вай таъкид кард: фориғ аз инки чӣ касе дар интихоботи июн барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шавад, фаъолиятҳои ғанисозии Эрон бидуни ҳеч гуна тарсе аз душманон идома хоҳад ёфт.
Ҷалилӣ гуфт: неруҳои мусаллаҳи Чумҳурии исломии Эрон он қадар қудратманд ҳастанд, ки тавон ва зарфияти муқобила бо ҳаргуна ҳамла аз тарафи душманонро хоҳад дошт.

http://www.farsnews.com/newstext.php?nn=13920229001249


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!