Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:03

“Равшан”-и Кӯлоб холҳояшро бо “Истиқлол” баробар кард

23 май 2013, 10:46

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб тими “Хайр”-и Ваҳдатро шикаст дод. Ин бозии мавқуфгузоштаи даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ буда, соати 17:00-и рӯзи 22-юми май дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.

Голи ягонаи меҳмононро Дэвид Мауто, легионери африқоии “Равшан” дар дақиқаи 63-юми нимаи дувуми дидор вориди дарвозаи мизбонон намуд.

Ҳамин тариқ дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки 6 бозӣ анҷом додааст, бо 18 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. “Равшан” низ аз 6 бозӣ 18 хол ба даст оварда мутаносибан дар зинаи дуюм нишастааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аз 6 бозӣ 13 имтиёз гирифта, ҷойи сеюмро ба худ ихтисос додааст. “Парвоз” ва “Хайр”, ки мутаносибан 10 (аз 7 бозӣ) ва 8 (5 бозӣ) имтиёзӣ доранд, дар зинаҳои чор ва панҷуми ҷадвали мусобиқаанд.

Голзанҳои беҳтарини сабқат инҳоянд: Дилшод Восиев (“Истиқлол”) -- 7 тӯб, Комил Саидов (“Регар-ТадАЗ”), Юҷин Сепуйя (“Истиқлол”) ва Нуъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”) – 3 тӯбӣ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом ба хамаи мухлисони футбол инак дастаи дустдоштаи мо Равшани шахри Кулоб боз як кадам ба пеш рафт худо куваташон тияд омин .дируз дар шахри Вахдат бисьёр бозии хуб нишон дод рахмат ба дарвозабони дастаи Равшан бародарамон Рустам Ризоев дар холатхои вазнин дастаамонро аз гол эмин дошт .Хасан Алексей Далер Даврон Саламон ва ДЕВИД ва гайрахо бисёр бозии тозаи Европои карданд ахсан ба шумо хама вакт сарбаланду хонаобод бошед мо мухлисонатон бо шумоем . Равшани мо ягона .Бозихояшро мечаспона .Бо голхои зебояш .Хамара меларзона. проф. ХИСРАВ

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!