Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

Низомиёни Австралия баъди соли 2014 ҳам Афғонистонро тарк намекунанд

23 май 2013, 17:32

Ҳукумати Австралия тасмим гирифт, пас аз соли 2014 низ низомиёнашро дар қаламрави Афғонистон ҳифз кунад. Дар ин бора Стивен Смит, вазири дифои Австралия ба хабарнигорон иттилоъ додааст.

Ин ҳарфҳоро Стивен Смит дар поёни дидораш бо ҳамтои амрикоии худ Чак Хейгел иброз доштааст. Аммо гуфта мешавад, теъдоди нерӯҳои ҳарбии Австралия дар қаламрави Афғонистон, ки тақрибан ба 1650 нафар мерасад, коҳиш хоҳад ёфт.

Дар ҳоли ҳозир дасти кам нуҳ кишвари аъзои Нерӯҳои байналмилалии таъмини амният, бо шумули ИМА, Олмон, Бритониёи Кабир, Фаронса, Канада, Норвеж, Шветсия ва Дания аз тасмими тамдиди ҳузури низомии худ дар Афғонистон хабар додаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!