Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:33

Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 3 миллион сомонӣ фоидаи соф ба даст овардааст

13 июл 2011, 06:44

Роҳи ҳавойии Кӯлоб 39 265 нафарро ба манзил расондааст. Ин теъдод мусофир тайи шаш моҳи ахир тариқи 263 хатсайри фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб сафар кардаанд.


Алӣ Комилов, директори генералии фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб зимни нишасти хабарие гуфт, теъдоди нафароне, ки дар шаш моҳи соли равон аз хизматрасонии онҳо истифода кардаанд, дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 13 426 нафар зиёданд. Ба қавли номбурда, мусофирон на танҳо аз минтақа, балки аз навоҳии вилояти Хатлону Бадахшон, навоҳии марказӣ ва ҳатто аз вилояти Суғд ҳам хоҳиши харидории чипта ва сафар намудан аз фурудгоҳи Кӯлобро доранд. «Ҷалби бештари мусофирон аз арзонии нархи чипта нисбат ба дигар фурӯдгоҳҳои кишвар ва муносибати хуби кормандони фурӯдгоҳ вобаста мебошад»,-афзуд Алӣ Комилов.
Даромади софи фурудгоҳ аз аввали соли равон беш аз 3 миллион сомониро ташкил дода, боиси бо кори доимӣ таъмин шудани боз 180 нафар гардидааст. Маоши миёнаи коргарон аз 700 сомонӣ бештар унвон мешавад.
Тибқи иттилоъ аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта 6 парвоз ҷониби Маскав ва 1 парвоз ба самти Санкт-Петербурги Русия анҷом мешавад. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!