Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:21

Крупнов: Русия дар Душанбе як гап мегӯяду дар Тошканд дигар

24 май 2013, 11:43

ҲУМАЙРОИ БАХТИЁР

Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо таҳияи модули рушди иқтисодӣ метавонад ба «Шери минтақаӣ» табдил ёбад. Дар ин бора Юрий Крупнов, раҳбари «Ҳаракати рушд» дар як конфронси байналмиллалӣ дар Душанбе, таҳти унвони «Нақши Тоҷикистон барои рушди АвруОсиё», зикр карда, гуфт, ки мутаасифона давлатҳои дигари минтақаӣ барномаи мушахаси иқтисодӣ барои 10 соли ояндаро надоранд. «Тоҷикистон дурнамои барномаҳои энержии хуб тарҳрезӣ кардааст. Имкони амалӣ кардани ин барномаҳо вуҷуд дорад. Захираҳои табиӣ ва ҷуғрофӣ мусоидат хоҳанд кард», гуфт Юрий Крупнов.

Юрий Крупнов ҳангоми ин ҳамоиш ҳудуди 14 барномаро муаррифӣ кард, ки татбиқи онҳо кишварҳои АвруОсиёро ба ҳам меорад. Арзиши ин барномаҳо, ки 9-тояшон ба Тоҷикистон марбутанд, 12 миллиард долари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.

Озодагон: Дар ҳамин робита бо ҷаноби Юрий Крупнов атрофи барномаҳои матраҳгардида ва вазъи сиёсии Тоҷикистон сӯҳбате доштем. Нахустин пурсишамон ҳам ин буд, ки кадоме аз ин 14 барномаи муаррифӣ гардида, имкони ҳарчи зудтар амалӣ гардиданро дорад?

Крупнов: Мо метавонем аз тарҳи энержии Даштиҷум ном бигирем. Ин барномаи бузургтарин ва беҳтарин мебошад. Медонед, ин нерӯгоҳ 17 гВт тавоноӣ дорад, ки маънои истиқлоли энержиро дорад. Бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон натанҳо ба империяи энержӣ, балки ба маркази ҷаҳонии энержӣ монанд мешавад. Албатта мушкилот вуҷуд дорад. Аммо ин мушкил бояд он бошад, ки кадоме аз ин 14 барнома фарогиру кадоме зуд амалишаванда ҳастанд. Тамоми ин барномаҳо роҳандозӣ мешаванд. Мушкил дар он аст, ки ин барномаҳои моро кӣ амалӣ мекунад? Барои роҳандозии он ҷавонон, мутахассисон ва иродаи сиёсӣ лозим аст, дар сурати дигар роҳандозӣ кардани барномаҳо ғайриимкон аст.

Озодагон: Ишорае ба иродаи сиёсӣ, мутахасисон ва ҷавонон кардед, ки яке аз мушкилоти аввалиндараҷаи ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Оё бо чунин вазъият имкони ба роҳ мондани барномаҳо вуҷуд дорад?

Крупнов: Медонед иродаи сиёсӣ, мутахассисон ва ҷавонон танҳо мушкили Тоҷикистон нест. Ҳадди ақал ин мушкили тамоми кишварҳои пасошӯравӣ мебошад. Дар ҳудуди Русия вазъият беҳтар аз ин нест. Набояд фаромӯш кард, ки Итиҳоди Шӯравӣ, ҳоло мо ба бад ва ё беҳтар будани он низом кор намегирем, бо роҳи саноатикунонӣ (индустрализация) ва комлексҳои агросаноатӣ системаеро ба роҳ монд, ки он дороии аҳолӣ буд. Ин системаи комплекси хоҷагидории мураккаб буд, ки ҳадафи аслиаш фаъол гардонидани тамоми корхонаҳои хурду миёна буд.

Ҳоло мо бояд ҳамон низоми собиқ шӯравиро фаъол гардонем. Танҳо ба хотири беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ, барои ба даст овардани моҳонаи хубтар ва ба роҳ мондани зиндагӣ мутобиқ ба меъёрҳои муаяйншуда. Тақрибан дар солҳои 2002 дар Русия мегуфтанд, ки барои фаъол гардонидани низоми комплексҳои хоҷагидорӣ маблағ намерасад. Баъдтар маблағ пайдо гардид, аммо барномаҳо роҳандозӣ нагардиданд. Ин аст мушкили давлатҳои собиқ Итиҳоди шӯравӣ. Аз ин хотир мо бояд тамоми нерӯи худро ба ҳам орем.

Озодагон: Тоҷикистон бояд танҳо ба барномаҳои энержӣ такя кунад, ё роҳи дигар барои баромадан аз бӯҳрони иқтисодиро дорад?

Крупнов: Барои Тоҷикистон амалисозии лоиҳаҳои энержӣ роҳи ҳал мебошад. Вале боз шаклҳои дигари фаро рафтан аз бӯҳрони иқтисодӣ вуҷуд дорад. Барои мисол туризм ва меҳмонхонаҳо дар кӯҳсорҳои Тоҷикистон. Ба андешаи ман мардуми тоҷик як хусусияти аҷиби тиббӣ дорад, дар баъзе маврид бидуни дору метавонанд табобат бикунанд. Агар барномаҳои табобатгоҳҳоро дар кӯҳсор ба роҳ монанд, метавонанд сайёҳони зиёде ҷалб кунанд. Барои сайёҳон ин 2 дар 1 аст: саёҳат ва табобат. Агар хоҳиш бошад, ҳамаи барномаҳоро метавон амалӣ кард.

Озодагон: Аммо дар Тоҷикистон барои раҳоӣ аз мушкилоти иқтисодӣ бештар ба бунёди нерӯгоҳи “Роғун” ишора мекунанд, ки дар навбати худ ин нерӯгоҳ бештар тобиши сиёсӣ гирифт. Коршиносон ишора ба он мекунанд, ки ин ҳама мушкилоти Душанбеву Тошканд барои “Роғун” бо дахолати Русия бартараф мешавад. Шумо чӣ назар доред?

Крупнов: Русия ҳоло дар вазъи бад қарор дорад. Ба Русия шарт мегузоранд: Русияи бо Роғуну Тоҷикистон ва ё бидуни Роғуну бо Узбакистон. Кор то ҷое расидааст, ки элитаи сиёсии Русия ба Душанбе сафар карда, як ваъда медиҳанду, ҳамзамон озими Тошканд мешаванду суханони дигар мегӯянд. Ин вазъу ҳамкорӣ аз нигоҳи дипломатия нодуруст аст. Чунки ба ҷои машғул шудан бо ин масоил, Русия метавонад барои ба роҳ мондани барномаи тақсим, истифода ва нигоҳдории захоири обии минтақа кумак намояд.

Озодагон: Русияи дар ниҳоят метавонад муносибати худро нисбат ба Тоҷикистон ва Узбакистон муаяйн кунад?

Крупнов: Ба андешаи ман Русия муносибати худро бо Тоҷикистону Узбакистон ба ин зудиҳо муаяйн намекунад. Ва ин дуруст ҳам ҳаст. Мушкил ин нест, ки Русия бо яке ба истилоҳ “дуст” ва бо дигаре “душман” бошад. Мушкил дар он аст, ки Русия дар сатҳи давлатӣ бояд формати дигари ҳамкориро пешниҳод кунад. Давлатҳоро сари як миз орад, то ин ҳама гирумонҳо барои истифода ва тақсимоти захоири об ҳали худро ёбад.

Озодагон: Ба ҳар сурат Русия барои ба роҳ мондани муносибати Тоҷикистону Узбакистон нақши калидӣ дорад, дуруст?

Крупнов: Русия на танҳо метавонад ба роҳ монад ҳамон муносибати дӯстонаи Душанбеву Маскавро, балки вазифадор аст. Оне, ки феълан Русия барои ин кор кореро анҷом намедиҳад, ин бар зарари сиёсии худаш ҳаст. Дар ҳоли ҳозир ин масъала дар баъзе аз долонҳои сиёсии Русия садо медиҳад.

Озодагон: Барои ба ҳам оврадани Душанбеву Тошканд коршиносони зиёди байналмиллалӣ ҳам садо баланд мекунанд. Аз натиҷаи сафар ва пажӯҳишашон мегӯянд. Дар баъзе маврид Тоҷикистон ва дар баъзе ҳолат Узбакистонро ҳақ мебароранд. Шумо чӣ мегӯед?

Крупнов: Даъвои ҳарду ҷониб бисёр аст. Гурӯҳе аз коршиносон мегӯянд, ки ин нерӯгоҳ хатар дораду тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро хароб мекунад. Ба андешаи ҷониби дигар нерӯгоҳ метавонад бойиси рушди иқтисодии минтақаӣ бошад. Сабаби аслии мавҷудияти ду таҳлили ба ҳам мухолиф, ин муаяйн набудани тавозуни истифодаи об дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки ин мушкили минтақа ҳаст, на танҳо Душанбеву Тошканд.

Озодагон: Дар ҳоле, ки Русия нақши асосӣ барои ба ҳам овардани ҷонибҳо дораду онро бар зарари худ истифода мекунад, ба фикри шумо сабаби бо ҳар сафар сардтар гардидани муносибати Душанбе бо Маскав дар сатҳи сиёсат чист?

Крупнов: Ба назари ман сард гардидани муносибати Тоҷикистону Русия қабл аз ҳама ба он рабт дорад, ки бозигарони дигари майадони минтақа фаъол шудаанд. Бо Душанбе зиёд гуфтушунид мекунанд. Дар натиҷа Душанбе ҳам андеша мекунад, ки интихоби кадоме аз ҷонибҳо бар манфиаташ хоҳад буд.
Беҳтар мебуд агар Русия дар масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории устувор бо Тоҷикистон аз сатҳи сиёсат ба иҷтимоӣ фарояд. Дар асл ҳамон масъалаҳои назарногири иҷтимоӣ метавонанд, заминаи аслии беҳтар кардани муносибати дуҷониба дар сатҳи сиёсат гарданд.

Озодагон: Коршиносон ишораҳое аз нақш ва “даст”-и Русия ба умури дохилии Тоҷикистон мекунанд ва табиист, ки бо наздикшавии интихобот чунин таҳлилгарон бештар хоҳанд гуфт. Гуруҳе мегӯянд, ки баргузории интихобот ва натиҷагирии он бо хоҳиши Маскав тарҳрезӣ мешавад. Оё ин ҳама таҳлилҳо ҳақиқат доранд?

Крупнов: Дар мавриди даст доштани Кремл ба ҳаводиси сиёсии Душанбе ман чизе гуфта наметавонам. Аслан барои баҳс кардани он, ки ба раисҷумҳури Русия раҳбари сиёсии кадом як кишвари собиқ Итиҳоди шӯравӣ писанд нест, чандон мантиқ надорад. Бояд воқеъиятро қабул кард. Ман боварии комил дорам, ки президенти нав ҳам бо корҳои имрӯза машғул мешавад. Ба ӯ ҳам барои амалӣ кардани барномаҳои махсусаш пул лозим мешавад ва дар ниҳоят ӯ ҳам барои таъмини мардум бо нафақаву дигару дигар маблағ талаб мекунад. Барои аз байн бурдани ин мушкилот заминаи моддиро бояд устувор кард, ки ташаббусро бояд раисҷумҳури Русия бигирад.

Озодагон: Албатта Владимир Путин ба унвони раҳбари абарқудрат дар Осиёи марказӣ нуфузи худро дорад. Ба андешаи шумо ӯ барои ба ҳам овардани давлатҳои собиқ шӯравӣ, вақте онҳо мустақиланд, муваффақ мешавад?

Крупнов: Муқовиматҳо барои ин нақшаҳои Путин вуҷуд дорад. Аммо ин дер давом нахоҳад кард. Зеро бо ҳам наомадани кишварҳои собиқ шӯравӣ ин ҷанҷолҳои беохир ва ё баракс роҳи созиш ин як кишвари воҳиди бузург хоҳад буд.

Озодагон: Ин вокеъият дорад?

Крупнов: Албатта, чаро не? Мо дигар роҳи интихоб надорем. Бубинед, тамаддуни дигар ба монанди англосаксонӣ ва форсҳо вуҷуд дорад. Аммо мо танҳо бо ин ИДМ муваффақ шуда наметавонем. Ба ғайр аз нақшаи “Хамгироии АвруОсиё” мо ҳамчунин барномаи “Шарқи миёнаи ҷадид”-ро дорем, ки ин Сибир + Осиёи Марказӣ мебошад. Чаро? Чунки мушкилоти манотиқи дурдасти Русия айнан мушкили кишварҳои Осиёи Марказист. Мо метавонем бахши саноатро дар ин барнома фаъол гардонем. Набояд фаромӯш кард, ки Маскав дар ҳоли ҳозир барои ба ҳам овардани кишварҳо ҳавасманд нест. Чун фикр мекунад, ки нафт воситаи ягона ва устувори даромад хоҳад монд, ки чунин нест. Дар асл фоҷиаи иқтисодии Русия жарфтар аз мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Иқтисодиёти Русия аз бозори ҷаҳонии нафт вобаста аст, ки ин пайомади манфӣ ҳам дошта метавонад. Барои ҳамин барномаҳои саноатиро миёни давлатҳои собиқ Итиҳоди Шӯравӣ бояд роҳандозӣ кард. Мо бояд дарк кунем, ки аз ҳамдигар вобастагии зиёд дорем. Агар давлате аз собиқ Итиҳоди Шӯравӣ шикаст хӯрд, пас ин шикасти комили Русия хоҳад буд.

Озодагон: Албата вобастагии Тоҷикистону Русия аз ҳамдигар эҳсос мешавад. Ба хусус дар масоили пойгоҳи низомиву муҳоҷирони меҳнатӣ. Аммо то ҷое мушоҳида мешавад, Русия дар бештар маворид барои расидан ба аҳдофи сиёсии худ ба Тоҷикистон аз роҳи муҳоҷирон фишор меорад...


Крупнов: Ман ҷонибдори ин таҳлилҳо нестам. Бубинед, агар коршиносони тоҷик садҳо далел оранд, ки Русия дар масоили пойгоҳи низомии 201, муҳоҷирон ва сӯзишворӣ суйистифода мекунад, ман метавонам садҳо далел биёрам, ки ин таҳлилҳо ҳақиқат надоранду, вазъи муҳоҷирон беҳтар ва шумо маҳсулоти нафтиро бидуни боҷи давлатӣ мегиред. Ҳарду андеша ва таҳлил ҳам нодуруст аст.

Мо бояд бибинем, ки мантиқ дар ин ҳамкориҳо чист. Барои мисол ҳамон пойгоҳи 201. Оне, ки мегӯянд ба Тоҷикистон эҳтимол Толибон ҳамла оранду, онҳо хатар доранд, ин ҳама афсона аст. Агар нерӯи беруна нооромии Тоҷикистонро хоҳад, метавонад бо ҳавопаймо даҳҳо ҳазор сарбози насли навро, ки аз ҷумлаи шаҳрвандонанд ва ё хислати зиндагии шаҳрвандии оддӣ доранд, ҷалб кунанд. Ин ҷанги муосир аст. Барои мисол аз чунин усул Амрико дар Сурия кор гирифт. Аз ин хотир ҳузури чанд нафар сарбози расмии Русия дар Тоҷикистон ҳеч хатар надорад. Ҳадафи Русия танҳо устувор намудани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст, зеро бидуни Душанбе мо наметавонем ҳамкории худро бо Афғонистон, Эрон ва Покистон ба роҳ бимонем. Бори дигар такрор мекунам, ки мо бояд барномаи “Ҳамгироии АвруОсиё” ва “Шарқи миёнаи ҷадид”-ро бо ҳифзи истиқлоли он кишварҳо амалӣ намоем.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Az sukhanoni in Крупнов buyi makri rubohi meoyad. Va in naqshahoe ki tarhrezi karda istodaand ba gayr az muttaham kunii Tojikiston digar nest . Boz mablag medihand ammo dar barobari on sadhoi naqshahoi khudro dar tojikiston piyoda mekunand.
Посух додан
  • малик

  • 24 май 2013 18:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
нияти русия хамин хаст ки дар арафай интихобод хамай мухочиронро депорт мекунаду баъд аз дур тамошо мекунад. хуб мешуд ки муносибати хуб мекардан хукумати мо

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!