Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:37

Тоҷикистон як одам дорад?

27 май 2013, 10:20

Каюмарси АТО

То замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳамагӣ панҷ моҳи дигар боқӣ мондааст. Вале то ҳанӯз касе ҳам нагуфта, ки оё дар ин интихобот барои курсии президентӣ талош хоҳад кард, ё на.

Танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон дар оғози соли 2013 эълон дошт, ки дар интихоботи моҳи ноябр бо номзади худ ширкат меҷӯяд ва ин номзад беҳтар аз раисиҷумҳури кунунӣ -- Эмомалӣ Раҳмон нахоҳад буд.

Ба Худо, кишвари ман аст, ки бо як оромиши комил даврони интихоботи пуршарушӯри раёсати ҷумҳуриро пушти сар мекунад. Агар кишвари дигаре мебуд, то ин вақт ҳадди ақал ду ё се нафар ба ҳайси номзад муаррифӣ ва барномаҳои худро эълон мекарданд.

Чанд рӯз қабл бо як сафаре дар Амрико қарор доштаму аксари мусоҳибон дар бораи раисиҷумҳур ва интихоботи қарибулвуқӯи Тоҷикистон мепурсиданд. Вақте шуниданд, ки Тоҷикистонро бист сол боз як нафар идора мекунаду қарор аст ин бор ҳам дар интихобот баранда шавад ва ҳафт соли дигар сари қудрат бимонад, ҳайраташон афзуд. Онҳо аз ман ин суолро карданд, ки “магар кишвари Шумо дигар “одам” надорад?”

Ба худ мегуфтам, агар “одам”-и дигар медошт, магар то ҳоло аз худ дарак намедод? Зоҳиран, мо ҳашт миллион аҳолии Тоҷикистон ё ҳанӯз ба дараҷаи “одамӣ” нарасидаем ва ё ҳанӯз ҷуръату ҷасоратамон кифоят намекунад, ки бигӯем: мо ҳам одамем?!

Борҳо аз забони мухолифони ҳукумат шунидаам, ки мегӯянд, камаш мо панҷоҳ номзади арзанда дорем. Куҷоянд онҳо? Киҳоянд? Чаро наменамоянд?

Агар бигӯед, ки яке аз онҳо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломист, хато мекунед. Кайҳост, ки бисёриҳо умедашонро аз номзадии ӯ кандаанд. Ба ин ҳама худи ӯ сабаб шудааст. Кабирӣ соли гузашта дар чанде аз сӯҳбатҳояш эълон дошт, ки ҲНИТ бо номзади худ дар интихобот иштирок намекунад. Вале баъдан ин суханони худро ислоҳ кардаву дар суҳбатҳои дигараш гуфт, ин тасмим дар дасти анҷумани ҳизб аст.

Шодӣ Шабдолов ҳам ҳавсалаи курсии президентиро надорад. Барои ӯ як курсии парлумон шояд аз курсии президентӣ роҳаттар бошад. Ё ӯ хуб медонад, ки номзадияш ба ҷуз як ё ду фоиз овоз дигар ҳосиле нахоҳад дошт. Вагарна дар интихоботи гузашта муовини ношинохтаашро барои сабқат намефиристод.

Раҳматилло Зоиров;
Ҳоҷимуҳаммад Умаров;
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода;
Маҳмадсаид Убайдуллоев;
Давлати Усмон;
Акбаршоҳ Искандаров...

...Ва дигару дигарон ҳанӯз тасмими иштирок дар интихоботи президентиро надоранд. Ё баъзеи онҳо кайҳост, ки мегӯянд, ҳадафашон ба даст овардани қудрат нест. Агарчӣ афроде мисли Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сотсиалист, ки дар ҷамъият аз нуфузи бештаре бархӯрдор нестанду танҳо дар даврони интихобот пайдо мешаванд, гуфтаанд, дар интихобот иштирок мекунанд. Шояд Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Талбак Исмоилов, муовини раиси Ҳизби коммунист ва Амир Қароқулов, раиси Ҳизби аграрӣ ё кишоврзӣ ҳам гӯянд, ки довталаби курсии президентиянд.

Бо ин ҳама, интихобот наздик аст. Ҳамагӣ панҷ моҳи дигар мондааст.

Аксари мо ислоҳот, тағйироту тааввулот мехоҳем.

Вале мунтазирем, кӣ аввал ба сабқат хоҳад баромад.

Навбати ту.

Навбати ман.

Навбати Шумо, ё онҳо?

Ҳама ҷо сокиту хомӯшист.

Магар мо ҳам “одам”-ем?!


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • МН

  • 27 май 2013 11:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мутаассифона синну соли ман барои довталаб будан ба ин курси кифояги намекунад, вагарна хатто агар бовар хам медоштам, ки 1% овоз намегирам, номзадиамро пешниход мекардам :)
Посух додан
  • Карим

  • 27 май 2013 11:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародари МН эхтиетшуда гапзан бо хамсояи Зайд Саидов нашави.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар чавони, окибати Зайд Сидовро набебини, ки бо у чикор карданданд. Боз ба наздад наоянд ва гуянд, ки дар синфи яумият бо хамсинфат ту чанг кардаи ва ба у зарари чисмони ва модди расондаи барои ин кирдорат боздошт мешави. Баори Шумо маслихат медихам пеш аз номзад шуданат ба курсии Президенти хуб фикр кун.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
то хато чуръати комент навиштан намекунем
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Номзадхои арзанда дар хама давру замон буд ва ёфт мешаванд, лек гап сари он аст, ки дар шароити имрузаи точик хеч кас сари худро аз барои вазифа шуда дар бало гузоштан намехохад. мисолаш Зайд Саидов. хост хизб ташкил кунад, дархол хазор айбашро ёфтанд, агар аз руи инсофу адл чуянд вазирхои имруза мусичаи бегуноханд? хулоса хукумати имруза хокимиятро ба касе додани нест...
Посух додан
  • МН

  • 27 май 2013 13:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дусто ташаккур барои маслихатхо, аммо ман на бародар, балки шояд хохари шумо бошам :) Чун дар мо мардонро зиёд фишор меоранд, шояд ба занон сару кор гирифтанро номус донанд, аммо....МН,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бехтарин номзад вазири молия е инки раиси андоз
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
охи хами бег зухуров одами тенчай,ку инсони ботамкину хушгуфтор . оромона сухан меронад дар хама суханхо тахамул карданро мепазирад..чаро номзадияшро намегузошта бошад ???
одами дурандеш аст..

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!