Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:13

Дейли Телегроф: мухолифони мусаллаҳи сурӣ дар остонаи шикаст қарор доранд

28 май 2013, 11:45

Як рузномаи англисӣ дар гузоришие аз даргириҳо дар шаҳри Ҳалаб ва Димишқ эътироф карда мухолифони мусаллаҳи сурӣ дар остонаи шикаст қарор доранд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ду хабарнигори рӯзномаи англисии Дейлӣ Телегроф аз хатҳои муқаддами даргириҳо дар шаҳрҳои Ҳалаб ва Рифи Димишқ дар Сурия гузориш медиҳад ,ҳарҷу марҷ дар миёни мухолифони мусаллаҳи сурӣ мавҷ мезанад ва давлати Сурия тавониста аст набзи амалиёт дар ин ду шаҳрро ба даст бигирад.

Рот Шерлок, хабарнигори ин рузномаи англисӣ дар шаҳри Димишқ мегуяд: аксҳои Башор Асад ин рузҳо бо ғуруи бештаре дар хиёбонҳои шаҳри Димишқ овехта мешаванд.

Вай зимни ишора ба дастовардҳои муваққатии мухолифони мусаллаҳ, аз қавли таҳлилгароне ки ин пирӯзиҳоро заминасози суқути ниҳоии Башор Асад медонистанд, менависад:Имрӯз ҳамон таҳлилгарон мегӯянд Башор Асад дар мавқеияте қарор гирифта, ки метавонад зарбаҳои ниҳоиро бар мухолифони мусаллаҳ ворид намояд.

Вай афзуд: Асад роҳи Дуръо ва Урдунро дубора боз карда ва ба дастовардҳои муваққатии шуришиҳо дар шимол поён дода аст.

Рос Шерлок дар бахши дигаре аз гузориши худ аз вазъияти нооромиҳо дар шаҳри Димишқ ба гузорише аз як созмони итилоотии олмонӣ бо номи BND ишора мекунад. Ба гуфтаи вай ин созмони итилоотӣ, ки соли гузашта суқути қарибулвуқуъи Башор Асадро пешбинӣ карда буд акнун муътақид аст Башор Асад то поёни соли равон муваффақ хоҳад шуд назорати комили манотиқи ҷанубии Димишқро ба даст овард.

Ба гуфтаи ин хабарнигори англисӣ дар Димишқ мумкин аст давлати Сурия назорати манотиқи зиёдеро ба даст наёварда бошад, аммо назорат бар маконҳои аслӣ ин имконро ба даст оварда ки ҳар замон бихоҳад, ба мухолифон ҳамла кунад.
Ихтилофоти байни мухолифони сурӣ аз ҷумлаи омили дигаре аст ки ба гуфтаи ин хабарнигор, корро барои онҳо душвортар мекунад, вай мегуяд: мухолифони Сурия ба наҳваи баде байни исломгароҳо, низомиҳо ва неруҳои дунявӣ тақсим шудаанд.

Ричард Спенсер, хабарнигори Дейли Телегроф дар шаҳри Ҳалаб ҳам ривояти мушобеҳе аз вазъияти мухолифон дорад.
Вай менависад: акнун давлат як гурӯҳи довталаби 60 ҳазор нафара бо номи неруи дифоъи милӣ ташкил дода, ки қобилияти муқобила бо тактикаҳои шуришиҳо ва набардҳои хиёбониро дорад.

Ин хабарнигори Дейли Телегроф дар Ҳалаб дар шарҳи худ менависад: то замоне ки неруи дифоъи миллӣ ташкил шавад режим маҷбур буд назорати манотиқро бо фиристодани танк ба хиёбонҳои аслӣ пас бигирад. Шуришиҳо пас аз муддате боз мегаштанд. Аммо акнун таркибе аз омӯзишҳои ҷанги шаҳрӣ ва талқини бештари арзишҳои ватандустӣ боси шуда, авозоъ дигаргун шавад.

Вай идома дод: аз тарафи дигар руҳияи мухолифони сурӣ ҳам уфт карда аст.Ин хабарнигор дар бахши дигаре аз гузориши худ аз авзоъи мухолифон менависад: неруҳои амниятии баландпояи Англия ҳам дар ҳоли ҳозир муътақиданд, ки мухолифони мусаллаҳ дар маърази шикаст қарор доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!