Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:25

“Бачаҳои ҷайра”. Ё чигуна Тоҷик Эйр моро ба Сомон Эйр "фурӯхт"

28 май 2013, 13:20

Аз ҳамаи хонандагоне, ки хабарҳои моро пайгирӣ мекунанду худ ҳам матлаб ва ё шарҳ менависанд, изҳори сипос мекунем. Ҳоло аз хонум Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеъ, дар бораи хизматрасонии ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр як нома расидааст, ки онро нашр карда, шарҳи Шуморо мунтазирем.


“Рӯзи 27-уми май, баъд аз мурофиаи додгоҳии хабарнигори тоҷик Абдуқаюми Қаюмзод, ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе омадаму аз ширкати “Тоҷик Эйр” ба самти Душанбе-Хуҷанд чипта ё билет харидам. Аз рӯи ҷадвал бояд ҳавопаймои мо соати 18:ЗО парвоз мекард.

Соати 17:ОО (27-уи май) эълони бақайдгирии чиптаҳо аз баландгӯи фурудгоҳ садо дод. Бархе аз мусофирон чиптаҳои худро ба қайд гирифтаву вориди толори парвози фурудгоҳ шуданд. Ман ҳам чун дигар мусофирон дар навбат истода будам.

Ногоҳ яке аз масъулини ширкати ҳавопаймоӣ омаду ба кормандонаш хитоб кард, ки бақайдгирии чиптаҳоро мавқуф гузоранд. “Тайёра нест”,-гуфт ӯ ва бо нигоҳи гунаҳгорона ба мо рӯй оварду афзуд, “боду ҳаво барои парвоз муносиб нест”. Ҳамин тавр вақти дигар -- соати 20:30 ба таъхир гузошта шуд.

Ба берун нигоҳ кардам, ки ҳаво офтобӣ буд. Бо наздикон дар Хуҷанд тамос гирифтам, ки гуфтанд он ҷо ҳам офтобист. Бало ба пасаш. Аммо ҳавопаймо на дар соати 20:30, ҳамн тавре ваъда шуда буд, балки соати 21:15 парвоз кард.

Вақте наздики тайёра мерафтем, як Боинги калони зебое моро интизор буд. Моро дохили ҳамон тайёраи зебо бурданд, ки дар девори он “Сомон Эйр” навиштаанд. Ман эрод гирифтам, ки мо чиптаро аз ширкати “Тоҷик Эйр” харида будему чаро моро инҷо оварданд? Чаро моро як ширкат ба ширкати дигар фурӯхт? Баъд фаҳмидам, ки он ҳавопаймое, ки моро бояд аз Душанбе ба Хуҷанд мебурд, аз Хуҷанд ба кадом як вилояти Федератсияи Русия парида рафтааст.

Не, ягон фикри бад накунед. Ман аз хизматрасонии ширкати “Сомон Эйр” сад дар сад розиам, чун хизматрасонӣ ба дараҷаи олӣ буд. Аммо чаро ширкати “Тоҷик Эйр” аз мо, аз муштариёни худ, бахшиш напурсид. Магар мо фарзандони ҷайраем? Ин чӣ бархӯрд аст? Мо-ку чиптаҳоро бепул нагирифтем. Бовар кунед, ин бори аввал нест.

Боре аз Вашингтон ба Флорида мепаридам, ки парвоз 6 соат тӯл кашида буд. Нархи чипта ҳамагӣ 50 доллар буд. Аммо ман барои аз Душанбе то ба Хуҷанд паридан чиптаро бо нархи 80 доллар харидам, ки парвоз ҳамагӣ 35-40 дақиқа давом мекунад.

Ин чиро нишон медиҳад? Набудани рақобатро. Агар рақобат бошад, ширкатҳо барои дили як нафар мусофирро ба даст овардан чӣ корҳеро анҷом намедиҳанд. Аммо дар мо чӣ? Афсӯс, аз мост, ки бар мост.”

Файзиннисо ВОҲИДОВА,
вакили мудофеъ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эхеее, ин холо хич гап не. аз Кургонтеппа ба Маскав паридани бошед, бе хеч эълон тайёра дар Чимкенти Казокистон мефурояд, сузишвори мехарад (диккат кунед, масъулин, пуле, ки мо мухочирин бо сад азоб ба Точикистон меорем, ин хел осонакак ба берун мебуроранд) ва касе аз касе бахшиш намепурсад. Вакте эътироз кардем, стюардеса гуфт, аз кучое билет хариди, рафта ба хамон чо арз кун. Ана хизматрасони. Чуноне донандахои хол мегуянд, аз хама мушкилтар дар хати парвоз ба хаво паридану ба замин фуруд омадани тайёра аст. Аммо аз чи бошад, ки масъулини Точикэйр чони беш аз 100 мусофирро ба хатар гузошта барои хариди сузишвори як чуфти иловаги нишасту парвоз мекунад??? Савол чавоб мехохад, аммо медонам, ки чавобашро интизор шудан ахмакист. як дарди дил кардем-да...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кунед муаллимаи азиз баъд аз ба кор кабул кардани афроди тасодуфи бо номи Лой Факстон ширкати Сомон Эйр хам ба моххои наздик ба Точик Эйр мубаддал мегардад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман ба самти Дубай бо Точик Эйр сафар мекардам. Вакти регистрация хам расид, ман ба назди бакайдгири омадам, ногахон Нафаре бо рация ва кастюму бру вохима карда омад. Маро нигох карду аз либосхои оддиям шояд фикр кард ки ягон бетаго аст ва ба бакайдиранда супориш дод ки ин одам ба рейси дигари мон бачои ин аз аъзоени оилв як одам мепарад. Маро бе хасту бест яктарафа кардану бе ягон гап бе узр ва хеччиз аз рейс фароварданд. Бовар кунед аз алам гиристам ва ба назди милиса шикоят рафтам. У гуфт ки братишка даъвот фоида надора и одам Лоик Ашуров ном дора одами болоай директори вип зали аэропортай ва бивши телехи президентай.
Хамин тарик ин Лоики харромхурро дашномзои зиед додам ва кормандони фурудгох гуфтанд ки Ин ноодам хар дафъа ин номи оилаи шумо медонистагро бад карда одамхои худаш яъне бизнесменхоро пул гифта бе навбат савор мекунад.
Ана точик эйру ана фурудгохи душанбею ана хукукхои конститутсионии мо.
Лоик Ашуров баринхо агар се чор то бошанд шумо тассавур кунед имрузхо чанд одамро инхо малол ва аз хукумату оила нигарон мекунанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аслан, аз кумитаи Рекордхои Гиннес хохиш кардан даркор аст, ки ширкати Тачик Эйрро ба руихати ширкатхои бемасъулияттарин ворид кунад ва чоизаеро хам ба онхо дихад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман шахсан Лоик Ашурови дар поен шикоятшударо мешиносам. Эродхо чониби у пурра дуруст хастанд. Аз номи Боло гап зада бизнеси худашро карда гаштаст. Точик эйр ва чиптахою мусофирони бечораи он бозичаи дасти Лоик Ашуров аз фурудгох ва хамин гуна одамхои боло шудаст.
Ин лоик ба фурудгох вакте ки баъди телехи омад, бисер камбагал буд, хозир бошад дар хавли даханаш шишта намешавад, бой шудаст.
Худ хулоса бароред аз кадом хисоб.
Хайфи точикистон ва хайфи давлат агар одамхои ба истило боло ин хел шогирдхо дошта бошанд.
Умед мекунем ки окибати кор ба хайр шавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Апачон шумо масъалаи доги рузро бардоштед. Басо миннатпазирем
Эй дустон шумо бовар ммекунед ки чи тарафдор рост мегуяд. Точик эйр марионеткаи Лоик бегичонович ашуров барин одамхо ки бояд ба мо дар фурудгох рост истода хизмат кунанд, шудааст.
Апачон шумо холо сратм 8 бегох паридед, мо рузе ду руз интизор будем ва бо захматхои калон билетхоро супоридем ва ба мошин рафтем.
Ин точик эйр не ин лоик эйр мебошад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шайтон ноумед вале мо боумед ки разбарияти точик эйр ва ниходи давлатии мубориза алайхи коррупсия ба масоили матрахшаванда оид ба фаъолияти гайриканоатбахши точик эйр ва афроди шубханок ба мисли Лоик Ашуров таваччух мекунанд.
Лоик бегичонович: одам бояд омода бошад ки мардум ва кудратихо аз ту рузе мепурсанд ки Мошинхои кимат (ландкрузеру камрию джип ауди) ва хонахои пурдабдабаро дар советскию шахр дар мобайни се чор сол аз кучо ефти?
Боки саломати ва пешравии ватан хохонам

Аслан ман хам бар хамин акидаам, ки низоми точикистонро хешутаборбози, махалгарои ба гармию вахдатию кулобию помири ва коррупсионерхою фасодкорон (аз фахмидагии ман лоик ашурови мо яке аз онхост)
Пушида нест ки дар фурудгох хамчун чойи "равгани" тамоми куввахои чумхур манфиат доранд
Масъалан аз руи гуфти хамватанон дар ин бахс Лоик бегичонович ашуров мудири випзали фурудгох, одам "оила" будаст. Хоб раиси мухофизин албатта одами ягон генерали кудрати аст. Мудири таъминот шояд аз ягон домод бошад. Ва ин руйхаиро зиед навиштан мумкин аст.
Аз ин сабаб бошад мо танхо ба дахолат ва иродаи кавии сиесии рахбарияти хукумат барои ислохот ва рафъи мушкилоти мавчуда интизорем!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин точик эйр нест ин колхоз эйр аст. Намояндагони он дар хорича бо мусофир чун рекет сухбат мекунанд. Мегуи ки аз онхо карздор боши на оно аз ту. Ба точик эйр тавсия медихам ки бизес плани чадиди инкишофи корхонаро тархрези кунад, баъд шояд бехтар шавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачоибаш хамин аст, ки Лоик Ашурови аэропорт барин одамхо аз ин амалхои гайриконуни ва поймолхои хукуки шахрвандон умуман наметарсанд. Ман надонам ки ин кист лекин аз шикоятхо маълум аст ки окибати кораш хуб нест.
Точик эйро хамаи мо бояд обод кунем на горату истисмор

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!