Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:39

Ҳукумат Бозор Собирро ҳамчун шоир ба ватан овард, ё..?

28 май 2013, 16:04

Абдулазизи ВОСЕЪ

Сафари дуюним соли пеши Бозор Собир аз ин сафараш ба куллӣ фарқ дошт. Дар он сафар мақомот ҳатто ҷуръат накарданд, ки як маҳфили шеъри ӯро созмон диҳанд, ин навбат дар фурудгоҳ гули сари сабади мақомоти давлатӣ шуд.

Мегӯянд, ки хоби мард дурӯғ аст. Аммо як хоби дидаи ман дар арафаи сесолагияш дуруст баромад. Ин хобро дар "Озодагон" ҳам нашр карда будам. Моҳи августи соли 2010 буд. Ёдатон омад, он замон чӣ иттифоқе афтода буд? Бале, Бозор Собир, шоири маъруф ба Тоҷикистон баргашт.

Шаби он рӯз (29-уми июл), ки Бозор Собир ба Душанбе омад, хобе дидам. Хоби қашанге. Хоб дидам, ба пешвози Бозор Собир ба ҷуз аз дӯстону пайвандон намояндаҳои мақомоти давлатӣ ҳам ба фурудгоҳ рафтаанд. Аз телевизионҳои давлатӣ ҳам буданд. Аммо воқеият дигар буд. Бо ин вуҷуд, ки омадани Бозор Собир аз чанд рӯзи қабл эълон шуда буд, аз мақомоти давлатӣ ва Иттифоқи нависандагон, ки шоир солҳо онҷо кор кардааст, касе ба пешвозаш наомад. Аз ҳунармандон танҳо Ортиқи Қодир ва Ибодулло Машрабов ва аз овозхонҳо Саидқул Билолов онҷо буданд.

Бозор Собир баробари ҳамаи мусофирон аз толори умумӣ берун шуд, чанд дақиқа бо дӯстону журналистон суҳбат кард ва бо мошини кирокардаи духтараш фурудгоҳро тарк намуд.

Аммо ин навбат… Ин навбат шоир ғайриинтизор омад. Дақиқтараш оварданд. Танҳо соате пештар журналистони расонаҳои мустақил хабар ёфтанд, ки Бозор ба ватан меояд.

Ин бор фурудгоҳ пури пешвозгирандагони галстукдор буд, ки дар садрашон Маҳмадсаид Пиров, мудири бахши фарҳангии дастгоҳи раёсати ҷумҳур меистод. Миралӣ Достиев, муовини вазири фарҳанг, Низом Қосим, шоир ва узви Маҷлиси намояндагон, Ибодулло Машрабов, раҳбари Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва чандин чеҳраҳои дигари ба қавле давлатӣ онҷо буданд. Чеҳраҳоеро дидан мумкин буд, ки замоне агар номи Бозорро пешашон мегирифтӣ, худро канор мекашиданд. Бозорро тавассути толори VIP ё «барои шахсони хеле муҳим» аз фурудгоҳ берун карданд. Ҳар нафар ҳам ҳаққи вуруд ба ин толорро надошт. Муҳофизон тибқи рӯйхат ба одамон иҷозаи даромадан медоданд ва табиист, ки исми рӯзноманигорони расонаҳои мустақил онҷо набуд.

Ба ҳар навъ аз суҳбати шоир бо хабарнигорони рӯзноманигорони расонаҳои мустақил ҷилавгирӣ мешуд. Аммо телевизионҳои давлатӣ бо ӯ суҳбати вижае анҷом доданд ва он дар шабакаҳои давлатӣ хуб сайр кард. Журналистони дигар танҳо баъд аз хоҳишу дархости зиёд муваффақ шуданд, ки ҳамагӣ барои чанд дақиқа бо шоир суолу ҷавоб кунанд. Дар сафарҳои қаблии Бозор ҳеч расонаи давлатӣ аз ӯ ном нагирифта буд, ин навбат ӯро шоири маҳбуб гуфтанд.

Бозор Собир вақте соли 2010 мехост Тоҷикистонро тарк намояд, гуфта буд, ки ба Амрико барои мурдан меравад, аммо дар суҳбат ба расонаҳои давлатӣ гуфт, барои мурдан ба Тоҷикистон омадааст. Сабаби ин қадар меҳрубониҳои мақомот он буд, ки Бозор Собир ин навбат бо даъвати президент ба ватан баргашт.

Чанд соли пеш бархе соҳибназарон пешниҳод карда буданд, ки бояд Эмомалӣ Раҳмон бевосита барои ба ватан овардани Бозор Собир иқдом кунад. Махсусан, баъд аз он ки Акбари Турсон, донишманди тоҷик, ки понздаҳ сол дар Амрико зиста буд, бо даъвати президент ба Тоҷикистон омада, раҳбарии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улумро бар уҳда гирифт, ин даъватҳо бештар гардид. Аммо ин даъват замоне иттифоқ афтод, ки Тоҷикистон дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ қарор дорад. Фикр мекунед танҳо як тасодуф аст?

Бозор Собир баъд аз он тарки ватан кард, ки ба таъбири худаш 9 моҳу 9 рӯз зиндонӣ шуд. Авоили соли 1993, вақте ҷонибдорони Фронти Халқӣ сари қудрат омаданд, Бозор Собир маҳбус гардид. Гуфта мешавад, дар озод кардани ӯ нақши созмонҳои байналмилалӣ ва рӯшанфикрони Русия муассир будааст. Баъди раҳоӣ чанд муддат дар Маскав буд ва баъдан ба Амрико кӯч баст. Дар як шеъраш мегӯяд, вақте ватанро тарк мекард гуфт, рӯйи он дар шишаи ҳавопаймо хат мекашад, аммо беихтиёр онро бӯсид.

Ҳоло интизор мешавем, ки ҳукумат ӯро ҳамчун шоир ба ватан овардааст, ё хайр.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Haqiqat

  • 28 май 2013 17:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
N e a . Hamchun nattoq yo tabligotchii muharrikdihanda dar intihoboti imsola . Bovar namekuned?

Nea. Hamchun tabligotchii HXDT.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ээээээйййй мардум! Ташрифи Бозор Собир (БС ) чанд сабаб дорад: Холо дар Точикистон дар бораи барномахои Додочони Атовул ва дар СИЗО нишастани ЗАЙД Саидов мегуянд. Акнун хукуматдорон БС-ро чун лухтак истифода карда аз дахони у бар зидди (душманони ЭШР) гап мебароранду хушу ёди мардумро ба шеърхои у ва такдими хона ба БС чалб менамоянд. То дигар мардум аз барномаихои к+ -и ДА ва казияи ЗС ёд накунанд ва онхоро ба коми фаромуши баранд. Аммо хато андар хато мекунанд)!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом хамватанон чаноби Оли салют хело калон гирифтан агар Бозор дар Амрико мемурд боз чанд одами дигар саргардон мешуд барои зиерати кабри ин шоири чанд руя ихелиша дидем ки одам чанд дафа фикру позицияша алиш кунад рахмат озодагон.
Посух додан
  • Чамолиддин

  • 29 май 2013 14:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
баъди 100 сол дар гумон аст, ки аз шахсиятихои бонуфузи Точикистони имруза хадди аккал номи 10 нафараш бимонад, баъди 300 сол 2 ё се нафараш дар таърих мемонанд ё на?. Аммо он чи Бозору Муъмин Каноат ва Гулрухсор менависанд 500 сол пас низ дар сахифахои таърих боки мемонад. зеро навиштахои онхоро ба чузъ дар чин дар дигар кишвархо низ нашру пахн кардаанд. (аммо он хама адабиётеро ки дар чин нашр мекунанд, бако надорад, когази тоза нест) Хулоса, бозгашти Бозор Собир хамон сахифаи асосии таърихро оид ба адл дар замони шоир куллан дигар мекунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шоире, ки миллатро ба гуруххо чудо мекунад, шоире ки ба руи Точикисион зат зада буд боз баргашт. аз омадан ё наомадани у чизе тагйир намеёбад. у дигар шоири миллат нест мисли Лоик. Каноат ва дигарон, ки бо номашон мефахрем. Бо вучуд хуш омад ва чуз шоири дарбори дигар коре нахохад кард.
Аз ин ру ин кадар табли шоди назанед!!!!
Посух додан
  • Чамик

  • 29 май 2013 17:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин рости шорам набудай пеш аз рафтанаш ба амрико Хукуматро танкидхам кард Душанбе имрузаро ба сифр баробар карда буд ва ба ситоиши Душанбеи шурави пардохта буд. Рости дигар ин Шахсро ман Шоири миллат гуфта наметованам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
.Бозор Собири он солхо дигар буд.Ин Бозор Собири имруза,-бобои Амрикои хайхот,ки аз он Бозор Собири пешина фарки калон дорад.Оре,шумор ба хабс гирифтанд,вале напарронданд.Бисёрихо хатто ба зиндон хам нарасиданд.Модарони фарзандкушта аз гиря кур шуда чавон мурданд.Шоир Пиримкул Сатториро куштанд,Даххо журналисту китобнависро хам парронданд.Писари ягонаи Нурмухаммад Табаровро ,ки ба сиёсат хатто нимнигохе надошт,куштанд..Худоро шукр кунед,ки писарони шумо ва духтари шумо хаёт хастанд.Гарчанде,шумо бехудо шудаед.Шоир.бобои Собир,ин кадар эркагиву худдусториро як тараф монед..Наход шумо,акаллан,боре хам андешае насозед.ки аз шумо хам бадбахтаринхо хастанд,аз шумо хам ноумедшудахо хастанд,аз шумо хам чабрдидатаринхо низ хастанд.Рафта дар Амрико руз гузаронидед.Солхои умратон рафт.Эчод хам кардед,эрод хам гирифтед,ношукрихо хам кардед,аз мардуму аз дину оини худ ру гардонидед.Бисёр хам метарсидед,ки дар гушаи фаромушхотири наафтед.гоххо садоятон мебаромад.Аз хад зиёд эгоист шудед.Боз гуиё шуморо ба Ватан,ба Точикистон хукумат даъват карда бошад.Яъне,ки дили шумо барои миллати хеш насухт,онхо барои шумо хеч кас будаанд.ришдорону диндорону гадову акибмонда будаанд.Вакте ки хукумат шуморо даъват сохт омадед.пас шумо хам ташнаи мансабу хокими будаед.Шумо шахрванди кадом давлат хастед?Агар аз Точикистон,пас чаро даъвати хукумат лозим будааст?.Агар шахрванди Америко бошед,пас магар он кадар акнун шумо як шоири точикзабони даврони шурави барои Точикистони имруза ин кадар зарур хисоб шудаед?.Шуморо хукумат,дар симои ки даъват сохт?.Вазорати Корхои Хоричи,Вазорати Фарханг,Вазорати Корхои Дохили ё худи Окил Окилов?Кариб таи як миллион хамзабонони шумо дар мухочирати мехнатианд.Ба хусус занхои Точикистон,магар ин хукумат аз онхо безор аст?.Хар сол кариб 1000-нафар тобут ба Точикистон меояд.Тобути чавонон.Магар шумо инро намедонед ё дар хавои максадхои хеш-шабхои назму тан-тана хастед?.Ин аст магар дину оини шумо.Бисёре аз хамватанонат бо замми он ки чи кадар андуху мотамхо ва мушкилихои бисёр дида буданд.боз дилашон хам барои шумо фарзанди гариб,шоири миллат месухт.Ман хам он кадар суфиву мулло нестам.Вале аз он ки шумо ошкоро аз дину оини худ ва худои хеш ру гардонидед,дигар чои гап нест.Аз он ки худову пайгамбарро ба як кепкаи Ленини чосус арзиш надодед,вой бар холи шумо бобо.Мардум аз ин сатрхо тамоман бехабаранд.Вагарна мисли Рашидии Салмони яхуди шуморо ба катл эълон месохтанд.Магар аз тарси хаминро ба Точикистон баргаштед?Хайф,хайф,агар президенти Точикистон,ки худ мусулмон аст.дасти шумо бехудову беимонро фушурад.Хайфу сад афсуси чавонои курбоншуда,миллати чабрдида ва Точикистони осебдидидаву пароканда шуда.Бобои Бозор узлатнишини намову нафакаи амрикоиатро конеъ шумор.Боз аз Амрико дар Точикистон наноли!!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!