Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:56

“Кӯзаҳо чӣ мегӯянд?” Намоишгоҳи наққоши ҷавон Далер Миҳтоҷов дар Осорхонаи миллӣ

28 май 2013, 16:43

Шоми 29-уми май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи наққоши ҷавон ва муваффақи тоҷик Далер Миҳтоҷов баргузор мешавад.

Далер Миҳтоҷов ба “Озодагон” гуфт, дар ин намоишгоҳ, ки ба хотири бузургдошт аз Умари Хайём баргузор мешавад, бештар аз 100 ҳунари наққошии худро манзури тамошобинон хоҳад кард, ки зиёда аз 60-тои он ба мавзӯи кӯзаҳо ихтисос ёфтааст: “Чанд сол аст, ки бештар ба ашъори Умари Хайём майл дорам. Муҳтаво ва фалсафаи ҳар рубоии ӯро тасвир мекунам. Қабл аз оғози ҳар мусаввара нахуст пеши устодон дарс мегирам, то луғату фалсафаи ашъори шоирро хубтар дарк кунам".

Дар ин намоишгоҳ намунаҳое аз амали 10 шогирди ӯ аз Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Олимов низ манзур хоҳанд шуд.

Ин сеюмин намоишгоҳи Далер Митоҷов дар Тоҷикистон мебошад. Намоишгоҳи “Кӯзаҳо чӣ мегӯянд?” соати 18:00-и 29-уми май ба кори худ оғоз карда, қарор аст, давоми 20 рӯзи дигар идома кунад.

Далер Миҳтоҷов, омӯзгори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Олимов буда, ҳамзамон дар Иттифоқи рассомон ва Бунёди мусаввирии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Намунаи корҳои ӯ дар Русия, Чин, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон ба намоиш гузошта шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!