Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:36

Ҳикматулло Сайфуллозода: Ҳамоне, ки ба ноҳияи Панҷ тавассути танкҳои Русия омаданд ва мардумро дар марз бо Афғонистон куштанд, низомии рус ҳамаро назорат доштанд...

13 июл 2011, 13:56

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) шоми 12-уми июл барои анҷоми як сафари чоррўза ба Тоҷикистон омад. Бино бар маълумоти котиби матбуотии ин созмон Владимир Зайниддинов, қарор аст ҷаноби Бордюжа дар доираи сафари худ масоили вазъи фаъолияти СПАД-ро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиро ба баррасӣ бигирад. Ҳамчунин дар рафти сафар мулоқоти Николай Бордюжа бо намояндагони воломақоми Тоҷикистон- раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев, вазири умури дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ва ҳамзамон бо Рустам Назаров, раҳбари агентии назорати маводи нашъаовар баргузор гардад. Маврид ба зикр аст, СПАД дар соли 1992 пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ таъсис ёфта, давалтҳое ба монанди Русия, Арманистон, Қазоқистон, Белорус ва Тоҷикистону Қирғизистон шомили ин созмон мебошанд. Ўзбакистон дар соли 2006 ба узвияти ин созмон пазируфта шудааст. Дар робита ба сафари ҷаноби Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД ва     аҳдофи сафар ӯ  «Озодагон» бо Ҳикматулло Сайфуллозода, муовини   раҳбари маркази таҳлилии «Диалог» сўҳбате анҷом дод.   Озодагон: Ба андешаи шумо Николай Бордюжа ба Тоҷикистон барои чӣ ташриф овард ва чӣ ҳадаферо дар пай дорад? Ҳикматулло Сайфуллозода: Ҳадафи сафари шаҳсиятҳое ба мисли Николай Бордюжа ҳамеша аз қабл маълум мешаванд. Ба андешаи манн, ин сафар дар пасманзари имконияти таҳавуллот дар Афғонистон сурат мегирад. Мо медонем, ки Амрико тасмимҳое роҷеъ ба хурўҷи нерўҳои ҳарбияш аз Афғонистонро дорад ва Фаронсаву дигар кишварҳое низ чунин иқдомро пеш гирифтаанд. Гуфта мешавад, ки дар 1 ва ё 2 соли дигар нерўҳои эътилоф (НАТО) ҳам аз Афғонистон берун мераванд. Пас, ин маънои онро дошта метавонад, ки Русия давоми 10 сол маҳз ҳамин иқдомро интизор дошт. Мунтазири он буд, ки кай чунин тасмим аз ҷониби нерўҳои эътилофи ба Афғонистон ворид шуда гирифта мешавад. Чун маълум буд, ки ворид шудан ба хоки Афғонистон оқибат берун рафтанро дорад. Русия ин таҷрибаро худаш дошт. Аз ин рў бар он бовар буд, ки ОМ минтақаи зинафъи Русия аст ва Афғонистон ҳам дар канори он минтақаи зинафъи Маскав метавонад бошад. Агарчӣ давоми чанд соли охир дар муносибат ва равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии Тоҷикистону Русия мушкилот пайдо шудааст, вале ҷонибҳо онро ошкор намекунанд. Вале Маскав бар ин бовар аст, ки ҳеч гоҳ аз Тоҷикистон берун нарафтааст ва минтақаи ОМ-ро танхо худаш «идора» мекунад ва дигар абарқудрате  кадом кореро анҷом дода наметавонад. Озодагон: Инҷо шумо аз манфиати абарқудратҳо ёд кардед.Тавре маълум аст, чанд рўз қабл хабарҳо роҷеъ ба оғози бунёди тамрингоҳи низомии Амрико мунташир шуданд. Пас, метавонед гуфта, ки феълан дар Тоҷикистон тавозун барои ҳамкорӣ бо ду абарқудрат дар як самт нигоҳ дошта мешавад? Ҳикматулло Сайфуллозода: Албатта, Русия ҳамеша талош дорад то нуфузаш дар ОМ устувор бошад. Амрико низ як кишвари соддае нест, ки аз Афғонистон бо дасти тиҳӣ берун биравад. Ин ҷо чандин масоиле ҳастанд, ки аз онҳо бояд зикр намуд. Амрико корҳоеро дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва ҳатто дар Ўзбакистон тавассути барномаҳои Паймони Атлантикаи Шимолӣ анҷом дода, ба ҳамин васила роҳҳои мухталиферо дорад, ки метавонад таъсир дошта бошад. Тамрингоҳи низомие, ки дар Тоҷикистон бо маблағи 13 млн доллар бунёд мешавад, пас ҳамин хел баромада рафтани Амрико мантиқ надорад. Бозиҳои ҷиддие дар минтақа рафта истодааст. Ва мо ҳоло мо наметавонем бигўем, ки тавонмандии Эмомалӣ Раҳмон дар ин бозиҳо чӣ гуна аст . Чун бо ду абарқудрати ҷаҳонӣ бозии норўшане анҷом мегирад. Истифода карда тавонистани ду абарқудрат барои манфиати кишвар саволомез аст. Ман инро чандон таҳаммул карда наметавонам, ин хеле хатарнок аст. Ба ҳар ҳол ба гумони ман Амрико ба таври  содда аз ин минтақа намеравад. Он, ки дар Тоҷикистон пойгоҳе дошта метавонад ва ё не, аз Тоҷикистон бастагӣ надорад, балки бештар аз тақсимбандии манфиатҳои Маскаву Вашингтон вобаста аст. Агар тақсимбандии манфиатҳои ду абарқудрат дар ОМ ва Афғонистон роҳи ҳалли худро пайдо кунад, пас эҳтимоли пайдо шудани пойгоҳи ҳарду кишвар дар Тоҷикистон вуҷуд дошта метавонад.   Озодагон: Сару садо атрофи фаъолияти норўшани СПАД хеле зиёд аст. Гуфта мешавад, ки ин ташкилот танҳо манфиатҳои Русияро бароварда месозад ва аз масоили амнияту мақсадҳои дигар давлатҳои узв пуштибонӣ намекунад.Шумо чӣ мегӯед?  Ҳикматулло Сайфуллозода: Чандин созмоне дар минтақа фаъолият ва манофеъи хешро думбол  мекунад. Агар таъсиси чунин як созмоне бо номи СПАД ҳам ҳаст, он паймони амнияти дастаҷамъиро надорад. Ин паймонст, ки зоҳиран барои амнияти дастаҷамъӣ  созмон ёфтааст, дар асл тамоми раҳбарӣ ва имкониятҳои низомиву сиёсии онро Русия таъин мекунад. Агар Николай Бордюжа меояд ва аз номи ин ташкилот сўҳбат карда суолҳоеро ҳам матраҳ мекунад, ошкор аст, ки масоили матраҳшаванда нахуст дар Маскав тарҳрезӣ шудааст. Яъне дар ин сафар мавқеъи назари раҳбарияти Русия мавриди баррасӣ қарор мегирад. Албатта, Бордюжа ҳамчун намояндаи Русия намеояд. Вай аз номи СПАД ба Тоҷикистон меояд ва гўйё мавқеъи ин созмонро рўшан карданӣ мешавад, ки чӣ бояд кард ҳангоми таҳавуллот дар минтақа. Гўйё, бо берун рафтани нерўҳои эътилоф хатарҳое ба Тоҷикистон аз Афғонистон таҳдид мекунанд, аз ҷумла терорризм ва қочоқи маводи мухаддир. Аммо, дар асл ин мушкилотест барои худи Русия. Сўҳбат анҷом додани Бордюжа низ бо масъулини Тоҷикистон ба қавле гўшзад кардани ин масъала ва мутақоид кардан дидгоҳи Русия дар қиболи Афғонистон мебошад. Агар ҷаноби Николай Бордюжа 4 рўз дар Тоҷикистон мемонанд, пас метавон гуфт, ки масъала хеле ҷиддист. Мақомоти Русия омаданд ва сўҳбат карданд, вале масъала рўшан нашуд.  Акнун Маскав тавассути Бордюжа мехоҳад, ки мавқеъи Тоҷикистонро барои дурнамо дар муносибат ва равобит бо худ ва вазъи  Афғонистон рўшан бисозанд. Озодагон: Пас, ба бовари шумо СПАД ба унвони як созмони низомӣ ба аҳдофи худ устувор нест ва танҳо барои расмият фаъолият дорад? Ҳикматулло Сайфуллозода: Аслан, ба андешаи ман натанҳо СПАД балки ҳар як созмоне, ки дар минтақа ҳаст сирф созмонҳои манфиатҷўи як давлат мебошанд. Агар нагўем, ки ҳамаи ҳамин созмонҳо манфиатҳои Русияро дифоъ мекунанд ва манфиати тоҷик, қирғиз ва ё ўзбак дар миён нест. Бубинед, агар дар ҳаводиси соли сипаришудаи Қирғизистон эҳсос мешуд, ки манфиатҳои Русия зери хатар карор доранд ва ё аз даст меравад, ин паймон ҳатман амал мекард.  Маскав паҳлўҳои ин масъаларо ба хубӣ таҳлил намуд ва медонист, ки манфиаташ ҳеч гоҳ аз даст намеравад. Натиҷа ин шуд, ки СПАД ба қазияи Қирғизистон аз дур назорат кард ва мо шоҳиди куштори зиёде низ будем. Дар авзоъи қаблии Тоҷикистон низ айнан ҳамин ҳолат буд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ неруҳои  рус пўшида ба ҷониби фронти халқӣ кўмак мекарданд, силоҳ мефурўхт. Ҳамоне, ки ба ноҳияи Панҷ тавассути танкҳои Русия омаданд ва мардумро дар марз бо Афғонистон куштанд, низомии рус ҳамаро назорат доштанд. СПАД созмонест, ки дифоъ аз манфиати Русия мекунад, вазъи минтақаро меомўзад ва дар ҳар лаҳзаву фурсати муносиб аз таҳавуллот мақомоти ин Русияро хабардор мекунад. Дар СПАД ба ҳарфи ҳеч кадом раисҷумҳури ОМ ҳамчун узви баробари созмон гўш дода намешавад. Танҳо сухани Русия вазн дорад ин ҷо. Мусоҳиб: Ҳумайрои Бахтиёр


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!