Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:18

Телевизиони К+ дар моҳвора ҳам дастнорас шуд

29 май 2013, 08:56

Тамошои барномаҳои шабакаи телевизионии К+-и Қазоқистон аз тариқи моҳвора номумкин шудааст.

Чанд нафар аз шаҳрвандон ба “Озодагон” гуфтанд, аз субҳи дирӯз, 28-уми май наметавонанд, барномаҳои ин шабакаро тамошо кунанд. “Вақте ин шабакаро интихоб мекунем, “мавҷ нест” мегӯяд”,-гуфт яке аз сокинони Душанбе дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори мо.

Мушкили пахши шабакаи К+ тариқи моҳвора дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл дастрасӣ ба сомонаи интернетии он -- www.kplus-tv.net ҳам масдуд шуд. Рафиқҷон Шокиров, муовини аввали раҳбари Хадамоти алоқа дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфта буд, ки ниҳодашон дар масдудияти ин сомона даст надорад: «шояд ҳамон провайдерҳо мушкил дошта бошанд, ё худи ширкати К+. Вале мо ба ин сомона ҳеч кордор ҳам нашудаем».

Масдудияти сомона ва мушкил дар тамошои телевизиони К+ ба дунболи нашри туйи Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон иттифоқ афтод. Тӯйи Рустами Эмомалиро К+ дар шарҳи Додоҷони Атовулло, яке аз мухолифи ҳукумат пешниҳод кард, ки сабаби вокунишҳои зиёде дар Тоҷикистон шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • IM

  • 29 май 2013 09:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Az dina begoh itaraf nest
Посух додан
  • Мехмон

  • 29 май 2013 10:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
K+ дар Точикистон телевизиони мардуми шуда аст. Хама К+ тамошо мекунанд.
Посух додан
  • Garib

  • 29 май 2013 11:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Banda be yagon mushkili voridi somonai K+ shudam, albatta az Amriko
Посух додан
  • Самаки айёр

  • 29 май 2013 14:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
К+ кай мекушода бошанд? Ягона шабакае,ки хакикатро мегуфт.
Посух додан
  • Торнамо

  • 29 май 2013 14:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин шуд !
Посух додан
  • Хайри

  • 29 май 2013 16:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э хайрият ки бастанд! Хами Хукуматдоро кучо икадар нигох мекарданд? Хай туйи писарашда хама мехохад хурсанди кунад, вайо шарм надошта аз хаминам ба худшона пул кор кардестиан. Шармандахо!!!

Ба хама маълум аст, ки ин К+ аз чониби душманони Точикистон сарпарасти шуда, кораш сиёх кардани Хукумати Точикистон дар пешоруи интихоботи президенти аст. Вайро барвакт махкам кардан даркор буд!

К+ ба К- мубаддал гашт))))) wink Шармандавор "красный карточка" гирифт bully
Посух додан
  • Номдор

  • 29 май 2013 16:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои як нафарро чизе гуфтан аввал ба худ бояд савол дихем, ки мо ба мардум чи кор кардем? И 20 сол шудаст, ки дар ба дарай бо гапзани ура бине? Хуб шуд хами К+ бастан.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!