Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:17

Падари маҳбусро дар бораи Зайд Саидов бозпурсӣ кардаанд

29 май 2013, 10:23

Субҳи имрӯз, 29-уми май, кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев, падари маҳбус Суннатулло Ризоевро ба дафтари амният ба Душанбе оварда, мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Тавре Маҳмурод Одинаев дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, кормандони ин ниҳод аввал дар бораи фаъолияташ алайҳи шиканҷа пурсида, баъдан суол кардаанд, ки оё бо Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшуда ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, ҳамкорӣ дошт, ё на.

Одинаев гуфтааст, фаъолияташҳояшро алайҳи шиканҷа дар маҳбасҳои Тоҷикистон идома хоҳад дод, вале бо Зайд Саидов ягон иртиботе надошту надорад.

Маҳмурод Одинаев, падари Суннатулло Ризоев, яке аз маҳбусонест, ки охири соли гузашта аз Душанбе ба зиндони Хуҷанд интиқол ёфта буд. Ризоев яке аз шоҳидони латту кӯби Ҳамза Икромзода дониста мешавад, ки тирамоҳи соли гузашта бар асари шиканҷа фавтидааст.

Баъд аз интиқоли ҳудуди 20 маҳбус ба Хуҷанд волидони онҳо аз ҷумла Маҳмурод Одинаев садо баланд карданд, ки фарзандонашон мавриди латту кӯб қарор гирифтаанд ва ба Додситонии кул шикоят навишта, аз Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дархост карданд, ки ба мушкили онҳо расидагӣ кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хахахахаххах!!!!!!!!!!!Ана ин чомеаи демократии хукукбунёд ва ягона давлате,ки конун танхо барои дехкон амал мекунад. Акнун барои сиёх намудани Зайд шохидони мурда низ пурсида мешаванд.Э вой бо ин макомотхо мо ба кучо ва то кучо равонаем????? Ку кафили хукукхои мо ЧО.барои чи ЧО дарин масъалахо бетараф аст?????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Товбаааа.... Ана ин давлати хукубунъёд, демократи. Барои исботкрадани гунохи як шахрванд дар чумхурии мо акнун кучагузархову фаррошхоро хам бипурсанд. Ачибтаринаш дар практикаи тамоми дуне набуд

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!