Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:15

Фишор ба аъзои Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ

29 май 2013, 10:51

Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки чанд рӯзи қабл таъсис ёфт, мегӯяд, мақомот ба аъзои раёсати он фишор овардааст.

Раҳматилло Зоиров, райиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) ва яке аз ташаббускорони таъсиси эътилоф бо нашри баёнияе дар интернет гуфтааст, аз рӯзи гузашта, 29-уми май фишороварӣ ба аъзои раёсати Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон авҷ гирифт. «Рамзия Мирзобекова ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даъват гардид. Нисбат ба Қирғизбек Канунов, ки намояндаи ҷавонон ва ҳуқуқшинос дар ин раёсат мебошад, фишороварӣ то дараҷае шуд, ки таъҷилан аз кор сабукдуш шуданашро талаб намуда, чанд намуди маҳдудиятро ба ӯ ваъда кардаанд. Имрӯз аз субҳ аъзои дигари раёсат Маҳмурод Одинаев (падари маҳбус Ризоев) аз ҷониби кормандони КДАМ аз Ҳисор иҷборан ба бинои КДАМ оварда шуд ва ҳозир дар ин мақомот баёнот медиҳад».

Раҳматилло Зоиров аз аъзоёи раёсати Эътилоф, аъзои Эътилоф ва афроде, ки хоҳиши пайвастан ба Эътилофро доранд, хоҳиш кардаст, аз ин фишорҳо ба таҳлука наафтанд ва дар аз қонунӣ будани эътилоф шак надошта бошанд. «Дар ташкил ва амалиёти Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Точикистон ва дар ташкил ва амалиёти Кумитаи ҷамъияти оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов ягон нишонаи фаъолияти ғайриқонунӣ вуҷуд надорад ва амалҳои мо танҳо ба ҳимояи мардумсолорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон равона шудааст».

Ӯ афзуда, ки дар мулоқоти Маркус Мюллер, сафири нави САҲА бо намояндаҳои ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистон масъалаи ташкили Эътилоф баррасӣ шуд ва намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ якдилона тасдиқ намудаанд, ки ташкили эътилоф ба қонунгузории Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми май таъсис ёфта, ба раёсати он нуҳ нафар бо шумули Раҳматилло Зоиров, райиси ҲСДТ, Маҳмадалии Ҳайит, муовини райиси ҲНИТ, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, сиёсатшиноси шинохта ва Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос шомил гардиданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!