Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:10

“Ҳукумати оянда” қазияи З.Саидовро “зарба ба эътимоду умеди мардум” хонд

29 май 2013, 13:00

Рӯзи 28-уми май дар шаҳри Маскав ҷаласаи клуби омӯзишии «Ҳукумати оянда» баргузор гардид, ки дар он қазияи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшуда ва собиқ вазири саноат ва туҳфаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Иззат Амон, раҳбари "Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия" ва яке аз ташаббускорони ин ҷаласа хабар дода афзуд, ки «хуб мешуд, ҳамин гуна табодули афкор дар кишвар сурат мегирифт ва умед мекунем, ки як масъули давлатӣ дар оянда бо ҷавонон сӯҳбати озод дошта бошад!»
Ба гуфтаи Иззат Амон дар ин ҷаласа ҷавонон, донишҷӯён ва муҳоҷирони тоҷик фаъолона ширкат варзида, фикру пешниҳояшонро озодона баён карданд.

Озода, як донишҷӯйи курси дуюми донишгоҳи шаҳри Москав зимни ҷаласа планшетҳои туҳфакардаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба ҷавонон як иқдоми бузург хонда, афзудааст, ки “ин боиси пешравии қишри ҷавони ҷомеа аст. Аз ҷониби дигар хуб мешуд, ки ин тӯҳфа ба шакли ёрдампулӣ ба ҷавонон тақдим мешуд, зеро аксарият онҳо ба ин кӯмакпулӣ мӯҳтоҷ мебошанд».

Изат Амон мегӯяд, дар қисмати дуюми ҷаласаи клуби омӯзишӣ, муҳокимаи боздошт ва ҳабси соҳибкори муваффақ, собиқ вазири саноати Тоҷикистон, Зайд Саидов сурат гирифт: «Аз ҷумла қайд шуд, ки пас аз эълони таъсиси ҳизби нави сиёсӣ «Тоҷикистони нав», алайҳи Зайд Саидов парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд ва барои инкишофи як ҷомеаи солими шаҳрвандии Тоҷикистон нобовариҳо ва тарсу ҳаросҳои зиёдро ба бор овард. Ин қазия ба эътимоди мардум ба ҳукумат зарбаи сахт зад».

Иззат Амон таъкид кард, ки ҳамоҳангии иқдоми ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла Оҷонсии фасод, Додситонӣ ва шаҳрдории Душанбе аз сиёсию супоришӣ будани қазияи Зайд Саидов шаҳодат медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!