Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:58

Маскав умед дорад, Душанбе қарордоди пойгоҳи 201-ро тасвиб мекунад

29 май 2013, 18:55

Русия умедвор аст, Душанбе дар ояндаи наздик қарордод дар бораи тамдиди будубоши пойгоҳи 201 дар Тоҷикистонро имзо хоҳад кард.

Дар ин бора Юрий Ушаков, муовини раисиҷумҳури Русия, рӯзи 29 май ба хабарнигорон иттилоъ додааст. Ӯ гуфта, ки ин мавзуъ зимни дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Бишкек ба баррасӣ гирифта шуда буд.

Ушаков мегӯяд, “дар он ҷо чанд пешинҳод аз ҷониби Тоҷикистон ироа гардид, ки хусусияти амалӣ дошт ва онҳо баррасӣ хоҳанд гардид.”

Дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ Владимир Путин зери қонун дар мавриди шароити будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон имзо гузошта буд. Ин созишнома моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби президентҳои Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо гардид.

Ахиран Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошта буд, ки созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи 201 аз дигар тавофуқоти Раҳмону Путин дар бахшҳои муҳоҷирату энергетика ҷудо нест ва дар назар аст, ки ин созишномаҳо ҳамзамон тасвиб гарданд.
Пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон аз соли 1993 то кунун ҳузур дошта, баъд аз ба имзо расидани ин созишнома аз тарафи ҷонибҳо 30 соли дигар боқӣ хоҳад монд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Jaga

  • 3 июн 2013 11:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пойгохи Руссия ба Киргизия бисер фоида овард ба мо чи????? Хар руз моро дар сомонахои интенрнети дар назари ахли олам паст мезананд...... хеч дастгирие нест аз тарафи Руссия..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ну для Россия такой пешки очень нужен...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Dangara,

Многоуважаемый господин "ДАНГАРА".
В следующий раз пишите по-русски, а то у вас на болгарском языке написано что ли? Ничего не понятно, то ли Россия пешка, то ли Таджикистан?

Инро дар лафзи ширини тоҷикӣ мегӯянд: "АЙ ОДАМИ НОКАРДА КОР, ТУРО БА ИН КОР ЧИ КОР?" Забондонӣ ҷаҳондонист! Аввал забони худатро дуруст биомӯзу такмил бидеҳ, пас кӯшиши дигар забонҳо бикун. Дар он сурат номатро пинҳон накунӣ ҳам мешавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чамшед бародар. Ман бар навиштаи ту чавоб гардонидам лекин ОЗОДАГОН чопаш накарданд. Саволи ман ба ту мухтарам Чамшед:
Точикистони мо аз станцияхои Русия бо номи "глаз небо" ки дар Фахробод агар хато накунам бино шудаанд фоида карда истодааст е не.?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!