Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:15

Де Матос таҷрибаи Португалияро барои Тоҷикистон муфид гуфт

30 май 2013, 11:03

Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия бо Марио Годино Де Матос, сафири Португалия дар ин кишвар мулоқот намуда, масоили дурнамои ҳамкориҳо миёни ин ду кишварро баррасӣ намудаанд.

Тавре Хадамоти матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дод, зимни мулоқот сафири Португалия иброз доштааст, ки табодули таҷрибаи кишварашон дар ҳалли мушкилоти минтақавии захираҳои обӣ метавонанд барои ҷонибҳо муфид бошанд.

Номбурда дар бораи мушкилоти баҳснок миёни Португалия ва Испания, ки дар натиҷаи муколимаи солим ҳалли худро ёфтааст, маълумот дода, таъкид кардааст, ки 3 дарёи бузурге, ки аз аз қаламрави Португалия ҷориянд, хамагӣ аз Испания сарчашма мегиранд ва мушкилоти баҳсҳои обии миёни кишварҳо дар доираи ҳамоиш дар Иттиҳоди Аврупо ҳалли худро ёфтаанд.

Марио Годино Де Матос аз сафари ҳайати кишварҳои Осиёи марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба Лиссабон, ки чанде пештар ба вуқӯъ пайваста буд, ёдовар шуд ва изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои мулоқоту нишастҳои ҷонибҳо дар рафти ин сафар, дар ҳалли баҳсҳои мушкилоти ҳавзаҳои обии минтақа мусоидат хоҳад кард.

Бино ба иттилои манбаъ, Абдулмаҷид Достиев дар ин вохӯрӣ иброз доштааст, ки Тоҷикистон манфиатдори рушди муносибатҳои неку судманд бо Португалия мебошад: «Сафири Тоҷикистон ҳамтои португалии худро бо таърих ва фарҳанги бою ғании кишвар, азму талошҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ дар мавриди таҳкими истиқлолияти давлатӣ, беҳдошти вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ, иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ошно намуда, дар бораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва мавқеи мо дар ҷомеаи байналмилалӣ маълумот дод».

Марио Годино Де Матос қайд кардааст, ки нияти сафар ба Тоҷикистонро дорад, зеро интизор меравад, ки кишварашро аз ин пас дар Тоҷикистон низ намояндагӣ кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!