Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:23

Ҳалокати як кӯдаки 5-сола дар пайи сониҳаи нақлиётӣ

14 июл 2011, 06:13

Шоми дирӯз дар шимоли Тоҷикистон садамаи нақлиётӣ бойиси марги як кӯдак гардид.


Ронандаи автомашинаи тамғаи «УАЗ», Муҳаммадҷон Дабиеви 26-сола, аснои ҳаракат дар масири Ёва-Ғафуров (дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) дар рӯ ба рӯи нуқтаи таъмини сузишвории ширкати «Тоҷирон» аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба автамашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»   бармехӯрад, ки дар натиҷа мусофири сабукрав- Комрон Насриддинови 5- сола ҷароҳати вазнин гирифта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Нодирҷон Муродов, масъули дафтари матбуоти БДА ба «Озодагон» гуфт, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 3 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари ин садамаҳо 1 нафар ҷони худро аз даст дода 3   ноболиғи дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаҳо интиқол дода шудаанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!