Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:49

Ба он хотир ҳукуматро "бадгӯӣ" мекунам, ки...

31 май 2013, 10:05

Ҳарчӣ дидаму мебинам дар ҳаёт аз худу Худо медонам, на аз касу хаси дигар!

Касеро берун аз доираи виҷдонам сафед ё сиёҳ накардаам. Шояд хато ҳам мекунам, чун ҳанӯз инсони комил нарӯидааст. Бо ин ҳама маҳдудиятҳое, ки дорем, кӯшидам, то андозае ҳақталошӣ кунам.

Ба он хотир ҳукуматро “бадгӯӣ” мекунам, ки ман ҳам фарзанди ин сарзаминам! Ва ман ҳақ дорам, ки ҳукумати худамро бад ё хуб гӯям.

Биҷаҳем болои мавзӯъ.

Мусоҳибаи Бӯрӣ Карим дар ёдам омад. Ҷое гуфта буд, ки омодаам барои ин ҳукумату ин давлат (Тоҷикистон) хизмат кунам, агар маро бихоҳанду бихонанд. Яъне, даъват кунанд, гуфта буд. Интизор...

Бӯрӣ Карим, дар ҳиҷрат ҳам барои мардуми Тоҷикистон хизмат кард. Китобҳои бисёре аз нависандагони моро бо сифати аъло чоп кард. Ӯ тоҷир нест, соҳибкор нест. Ба андозаи зӯру тавонаш хизмат кард.

Ва дар ҳамон мусоҳибаи додааш, боз гуфта буд, агар дар кишваре роҳи пулакӣ амал кунад, бояд роҳи дигарии бепул низ канори он бошад. Агар ӯ биёяд ба Ватан, шояд роҳҳо каме обод гарданд, на пулакӣ.
Шояд...

Бозор Собир.
Шоири миллатдӯст, ватанпарвар ва ҳоло номаълум. Обрӯи шеъри тоҷик.

Бӯрӣ Карим дар ҳамон мусoҳибааш ҳамчунин дар бораи Бозор Собир чанд ҳарфе гуфта буд ба ин мазмун, ки: “Одамон дар пиронсолӣ бештар ба Худову Расул рӯй меоранд, аммо ақли Бозор дар пирӣ коҳидааст”.

Ба фикрам, ҳамин андоза кофист дар бораи ӯ ҳоло.

Акбари Турсон.
Олими барҷаста. Ашрофзода. Донишманд. Обрӯи илми миллати тоҷик.

Замоне дар як китобаш чунин ҷумлае ҳам навишта буд: -“Худо манам, на худои афсонавист”.

Омад, на ба Қасри Миллат, аммо омад. Дар пиронсолӣ, на дар вақти ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ, ки дар ҷавонӣ инсон мехоҳад фатҳи олам кунад.
Шояд ӯ ҳам мурдан омада бошад мисли Бозор?
Шояд...
Интизорӣ...

Давлат Худоназаров.
Донишманд. Зиёӣ. Обрӯи синамои тоҷик.
Ӯ ҳам омаду рафт. Ва ҳоло ҳукумат тасмим гирифтааст, ки ӯро низ биёрад ба Ватан.
Агар ӯ биёяд, синамои тоҷик аз ҷой мехезад ва ё мардуми Бадахшон ҳодисаҳои Хоруғро фаромӯш мекунанд?
Шояд...
Интизорӣ...

Додоҷони Атовулло.
Рӯзноманигор. Сиёсатпеша. Саркаш. Ба қавли бархе: “душмани рақами яки роҳбарияти Тоҷикистон”. Яке аз охирин умеди мухолифин.

Ӯ ҳам борҳо даъват шуд. Ҳатто чунин як ваъда ҳам дода буданд, ки агар биёӣ, худи раисҷумҳур дар назди мардум ҷома мепӯшонад ва он маросим тариқи телевизионҳои давлатӣ пахш карда мешавад.
Наомад.

“Намеоям, то он даме ки мағлуб нашаванд”,-мегӯяд худи Додоҷон. Мепурсед чаро? Чунки маҳз ӯ дар давоми ин ҳама сол фикрашро, принсипҳояшро тағйир надод.

Омадан яъне таслим шудан?!

Халил ҚАЮМЗОД

PS: Ин навишта назари шахсии худи муаллиф аст


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • журналист

  • 31 май 2013 10:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Омдан яъне таслим шудан НЕСТ! Омадан - бо халк будан аст! Сиёхро аз сафед фарк кунед. Шарм доред!
Посух додан
  • Мардикор

  • 31 май 2013 12:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ягона нафаре,ки хакро мегуяд ва аз ин лихоз мардум эхтиромаш мекунанд, ин Додочони Атовулло мебошад. Бояд дар хакикат нафаре бошад,ки дарду гами мардуми точика баён намояд ва хама бидонанд,ки ин чиноят нест.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Замоне дар Маскав газетаи Додочони Атовуллоро гирифта гумон кардам, харфи хакикатро дар бораи ватанам мехонам. Аммо ба чои ин як газета пур аз айбдоркунихои бе далелу асос ва хатто тахкирхои нозебе буд. То он вакт номашро шунида будаму корашро надида. Барномаеро хам, ки дар К+ пахш шуд, тамошо накардам, чунки ин одам аз касбият, шинохти хадду меъёр ва бубахшед, одоб дур аст. Шояд часур бошад, богайрат бошад, аммо...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар хамин Эмомали Шарифи Рахмон-президенти Точикистон аз Панчакент мешуд,Додо бармегашт.Чунки Додо касалии табобатнашавандаи махалгароиро доро буд.Додо дар "Чароги руз" то ба сари кудрат омадани Рахмон,дигаронро танкиду тахкир мекард.Яъне.ки сохти пусидаистодаи шурави ва шахсони вазифадорро.Бинед,ки у хеч гох Акбари Турсонро дар борааш чизе наменависад.Метавонист,ки аз профессор пурсад,ки ин чи тур шуд,ки Точикистонро тарк кардеду боз омадед.Дар бораи собик раиси колхози ба номи Ленини вилояти собик Кулоб у чизе намедонист.Хол он ки раиси собики колхоз ба хамин Атовуллоев коре надошт.Рахмонов ва баъдтар Рахмон хар он чи ки аз дасташ омад,дар хаки точикистонийну Точикистон кард.Проблемаи мухочиронро ягон президент дар Точикистон хал карда наметавонад.Чи илоч.Мавкеи географии ин ватани мо хамин хел чойгир шудааст.Хеч ягон чосуси точик ба у корд назада буд.Аник бовари дорам,ки вай хам барои калбаки тайёр кардани хуччатхои ягон мухочири кории узбек (разрешение на работу,регистрация,патент) аз фиребхурда корд хурда буд."Поят,ки сухт,ба лаби обро медави"-гуфтаанд.Тангии нодориву камбизоати касро мачбур мекунад,ки ба хулосае ояд.Чунин шахсони "интеллегент" у галстукдор дар Москва ва Санкт-Петербург бисёранд.Онхо аз мухочирони бесаводу ночоршуда,то 15-20-хазори рубль гирифта,баъд,кори онхоро "баръаъло" анчом медиханд.Чаро Атовуллоев махз дар майдонхои се вокзали Москва корд хурд.?Чунки махз дар хамин майдонхо чунин "хизмат"расонихо дар авч хастанд.Консули ифтихории Точикистон дар шахри Санкт Петербург,Махмадназар Миров (Назар Мирзода) хам фаъолияти худро аз чунин "хизматрасонихо" огоз карда буд.Биед тахлилу андеша кунем,ки пас Атовуллоев дар Москва аз кучо маблагу музду маош дошт?.Точир буд,шорехи ягон рузномаи Россия буд,ронандаи такси ва ё коргари сохтмони буд?.Ё магар даромадхои гонорариаш он кадар баланд буд,ки дар мехмонхонахои хузурманди Москва умр ба сар мебурд?.Максад танхо дар он нест,ки президент Рахмон танхо бояд бо Додочон Атовуллоев сару кор дошта бошад.Ин чо муайян кардани муносибатхои ин ду нафар нест.Президенти Точикистон зарур намешуморад,ки танхо ва хоса ба ин журналисти одди хафту хашт гуяд.Дар ин борахо дигар идорахову дастгоххои хизматрасонии салохиятнок мавчуд хастанд.Атовуллоев ягон касро катл накардааст,аз бонкхои Точикистон маблагхо надуздидааст.Агар шахрванди Точикистон бошаду ихтиёри баргардад,танхо барои у, чазояш чаримахои пули хасту халос.Агар шахрванди Россия бошад,пас чаро ин кадар дар харос аст.Россия дар хама чо шахрвандонашро химоя мекунад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!