Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:17

Кӯдакон дар Тоҷикистон ҳимоя мешаванд? (АКС)

1 июн 2013, 12:54

Бахшида ба рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон, ки 1-уми июн таҷлил мешавад, "Озодагон" суол гузошт, ки "Оё кӯдакон дар Тоҷикистон ҳимоя мешаванд?"

Рустам Сафаров, раҳбари Маркази маорифи шаҳри Душанбе

Бо ҷашни рӯзи 1-уми июн мо бояд таваҷҷӯҳи бештар ба кудакони бепарастор, маъюбон зоҳир намоем. Чунки кудакони дигар имкони ба боғча, мактаб рафтанро доранду, ҳамзамон сари вақт ва дар ҷойҳои зарурӣ мо онҳоро табобат мекунем, ба фароғатгоҳҳо – боғ, сирк мебарем. Кудакони мо имкони хурдани шириниҳоро доранд, аммо дигарон не. Кудакони интернат имкони гирифтани табобат, тахсил дар мактаби хуб, хурдани яхмосҳоро надоранд. Ҳарчанд барои кудакони интернат барномаҳо роҳандозӣ шудааст, аммо он кифоя нест. Ба назари ман ҳамин қишри кудакон таҳти ҳимоя қарор надоранд. Инҷо бештар мушкили бетарафии шаҳрвандон эҳсос мешавад.

Фазлиддин Насриддинов, сокини шаҳри Душанбе

Албатта ман мутахассиси ин соҳа нестам, ҷавобам ҳамчун падари се фарзанд мебошад. Дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳимояи кудакон аз тарафи падару модар вуҷуд дорад. Аммо кудакон ҳимояи давлатӣ надоранд. Далели ин гуфтаҳо воқеаҳои охир аст, исбот шуд, ки ҳимояи давлатӣ комил нест. Аз ҷониби дигар падару модарон ҳам на ҳамеша аз фарзандонашон нигоҳубинӣ ва пуштибонӣ мекунанд. Далели ин гуфтаҳо ҳамин ба хонаи маъюбон ва бепарасторон супурдани кудакон аз ҷониби падару модарон аст. Ин амал маънои онро дорад, ки бархе аз кудакон ҳатто зери ҳимояи волидайнашон ҳам қарор надоранд.

Комил Арешов, раҳбари созмони хайриявии “Дасти ёрӣ”

Ба назари ман кудакони мо “ҳимоя” мешаванд. Ва чунин “ҳимоя” танҳо рӯи варақ вуҷуд дораду, бо чанд имзову мӯҳри дигар асоснок мешавад. Аммо барои иҷрои чунин барномаҳо масъулини давлатӣ ба таври бояду шояд фаъолият намекунанд. Аз нуктаи назари давлатдорӣ ҳеч кудаке худро зери ҳимоя эҳсос намекунад.

Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кӯдакон дар Тоҷикистон ҳимоя мешаванд? Бале мешаванд,лекин ба чунин тарзе, ки дар суратхо мебинед.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com

Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!