Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:46

Амрико ва шаҳрвандонаш “шох” доранд?

4 июн 2013, 10:53

Абдулазизи ВОСЕЪ

Амрико даъвои адолат дорад, аммо худ онро риоя намекунад.

Доштани силоҳи ҳастаӣ барои ӯ ва ҳампаймонҳояш мумкин аст, аммо чанд сол мешавад, Эронро бо баҳонаи талош барои сохти аслиҳаи ядроӣ мавриди таҳримҳои шадид қарор додааст.

Дар рӯзи иди Қурбон Саддом Ҳусейн, президенти собиқи Ироқро дор заданд, аммо дар панҷоҳ соли ахир ҳеч сарбози амрикоӣ эъдом нашудааст. Ин маънои онро надоранд, ки ҳарбиёни амрикоӣ «мусичаи бегуноҳ»-анд.

Дар Ветнаму Ироқ ва Афғонистон аз тири ҳарбиёни амрикоӣ даҳҳо сокини осоиштаву бегуноҳ ҷон бохтаанд. Ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико маҳалҳои аҳолинишинро бомбаборон мекунанд, хонаҳо ба хок яксон мешавад, занону кӯдакон мефавтанд. Аммо масъулини ин кишвар айбро бар дӯши «иштибоҳ» партофта, бо як узри саридаҳонӣ халос мехӯранд. Дар баъзе маворид узр ҳам намепурсанд.
Худо накарда агар ба пои як шаҳрванди Амрико дар хориҷ хор халад, тамоми ниҳодҳои ин кишвар ба по мехезанд. Ин мавзӯи рақами яки баррасияшон мегардад. Аз ин ҳолат шадидан интиқод карда, дар зудтарин фурсат дарёфт ва ба ҷазо кашидани муҷримонро талаб мекунанд. Аммо…
Аммо агар ин муҷрим шаҳрванди Амрико бошад, масъала фаромӯш мешавад.

Роберт Бейлз, сержанти калони нерӯҳои ҳарбии Амрико, ки дар Афғонистон 16 сокини осоиштаро кушта, шаш тани дигарро захмӣ кард, мумкин аст, ҳукми қатл нагирад. Ин нафар ба хотири гурез аз ҳукми қатл ба гуноҳи худ иқрор хоҳад кард. Вакилони дифои ӯ гуфтаанд, панҷуми июн дар мурофиаи додгоҳӣ Роберт иқрор мекунад, ки чунин як ҷиноятро содир кардааст. Яъне, ин сарбози 39-сола дар додгоҳ гуноҳашро иқрор мекунаду эҳтимол доград, ки эъдом нашуда, ба ҳабс гирифта шавад.

Роберт Бейлз 11-уми марти соли 2012 аз пойгоҳи Амрико дар музофоти Қандаҳор берун шуда, ба ду рустои атрофии он ҳамла кард. Дар натиҷаи тирпаронии ӯ 16 нафар, бо шумули 9 тифл ва се зан ба ҳалокат расид.

Бахши форси Би-Би-Сӣ бо такя ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс хабар медиҳад, ки наздикони афроди кушташуда аз шунидани ин хабар, ки муттаҳам мумкин аст эъдом нашавад, хашмгинанд. Муҳаммад Вазир, ки 11 узви хонаводааш, аз ҷумла модар ва духтари дусолааш аз тири Бейлз кушта шуданд, гуфтааст: «Мо ба хотири ҳамин як моҷаро сад сарбози амрикоиро мекушем». Ҳамин расона аз Саидҷон, ки ҳамсар ва се нафар аз пайвандонаш кушта шудаанд, нақли қавл кардааст, ки «Ҳукми зиндон ҳеҷ фоидае надорад. Алъон коре аз мо сохта нест. Аммо вазъ ин тавр намемонад ва агар ҳалқовез нашавад, ман интиқомамро хоҳам гирифт».

Дар ҳамин ҳол вакилони Роберт Бейлз гуфтаанд, ки вай аз ин кушторҳо пушаймон аст.

Ҷон Ҳерӣ Броун, як вакили ӯ гуфта, шаби қабл аз ҳамла ӯ «дучори девонагӣ» шуда буд.
Додситонҳо дар оғози баррасии парванда гуфта буданд, ки хостори муҷозоти марг барои ин сержант хоҳанд шуд. Аммо ҳоло рӯшан нест қазия чӣ ранге хоҳад гирифт. Ба эҳтимоли зиёд ин нафар ба ҳабс маҳкум мешавад. Амрико, ки дар зиёда аз панҷоҳ сол ҳеч як сарбозашро эъдом накардааст, баид аст, ин навбат чунин коре иттифоқ бияфтад.

Худи ин кишвар мардумро ба фидоии маргталаб шудан талқин мекунад. Ин ҳам шояд як навъ аз ибрози андеша бошад. Тасаввур намоед, ки 11 узви як хонавода кушта мешавад, аммо муҷозоти қотил чизе ба ҷуз аз пушти панҷара кашидан нест.

Агар Амрико воқеан мехоҳад намунаи хубе барои тарғиби адолат бошад, пас, бояд онҳоеро, ки нисбат ба ҷасади мусалмонҳо бадрафторӣ мекунанд ё сокинони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдаконро мекушанд, ҷазои сазоворе бигиранд. Ё нодуруст?


Дар акс: Абдулазизи Восеъ, хабарнигори "Озодагон"


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Sarboz

  • 4 июн 2013 11:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз тири ҳарбиёни амрикоӣ даххо неву хазорхо ашхоси бегунох чони худро аз даст додаанд. Ин куштори новобаста аст. Дигар чиноятхояшон бехисоб аст.

Дар хамин наздики дар шахри Душанбе мошини коркуни сафорати Амрико як нафар точикро пахш кард ва аз чумхури фирор кард о давлати мо акаллан овоз набаровард!
Посух додан
  • Чвон

  • 4 июн 2013 11:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боракаллох бояд аз хаки мусалмонхои ки имрузхо зери зулманд дифоъ намуд!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Абдулазиз як маколаи руякии бемаъно. Шикояти шумо шикваи занони лаби обро мемонад. Агар шумо аз системаи Амрико ошно набошед бехтараш гап назанед. Аскари амрикоии 16 касро кушидаро мисол овардед, ки хукми катл намешавад, лекин аз руи конуни Амрико у якумр дар махбас хохад буд. Максади маколаатон чи? Адолат? Кадом адолат? Шумо бехтар дар бораи точикони Русия нависед, ки чанд руз пеш дар маркази Москав онхоро чун гаравгоншудагони немис аз маркази шахр гузарониданд. Ин чо мебинам, ки чанд нафар навиштанд, ки химоя аз мусалмонхо. Мусалмонхо якбор исломияти худашонро нигаранд, ки хамаи арзишхои худашонро зери по кардаанд. Вассалом.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ozodagon shumo taliqothoi maro joy nadoded ! Monandi bul-bul demakratiya gufta mekhoned ammo natavonisted dar tornomayi khud aqalan demakratiyaro jori kuned . Shoyad nazari man bisyor hassos navishta shuda bud ammo nameshud joyhoe ki qobili qabul nabud mahv karda chop mekardedash ?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!