Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:56

Бонки миллӣ: Ширкатҳои мобилӣ муддати дароз қонуншиканӣ мекарданд

4 июн 2013, 16:01

Бонки миллии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот таъкид мекунад, ки қонунан дар кишвар нишон додани нархи молу хизматрасониҳо бо асъори хориҷӣ манъ буда, тамоми нархномаҳо, тарифҳо ва воҳидҳо бояд танҳо бо сомонӣ ифода ёбанд.

Бонки миллӣ рӯзи 4-уми июн бо пахши иттилоия таъкид мекунад, ки баъзе субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла ширкатҳои мобилӣ муддатҳои тӯлонӣ ин талаботи қонунро нодида гирифта, арзиши хизматрасониҳои худро бо асъори хориҷӣ ва ё воҳидҳои шартӣ нархгузорӣ менамуданд.

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ҳамчун мақоми ваколатдор барои ислоҳи вазъи мавҷуда дар ин самт мунтазам кор бурда, то ин вақт ба ҷорӣ намудани нархгузориҳои ҳаққи хизматрасониҳою арзиши амвол ва пардохти он бо пули миллӣ дар низоми мактабҳои олӣ ва таҳсилоти умумӣ, чорабиниҳои ба иҷрои Ҳаҷ алоқаманд, гурӯҳи муайяни дукону мағозаҳо ноил шуд: “Ин натиҷа тавассути истифодаи шаклҳои гуногуни таъсиррасонӣ, аз қабили фаҳмондадиҳӣ, огоҳнамоӣ, додани амру супоришҳо, татбиқи ҷаримаҳо ва таҳияи Протоколҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ нисбати субъектҳои хоҷагидорӣ муяссар гашт.”

Масъулини бонк мегӯянд, ба мушкилоти мавҷудаи техникӣ нигоҳ накарда, БМТ дар ниҳояти кор ширкатҳои мобилиро барои бо пули миллӣ муқаррар кардани нархи хизматрасониашон водор намуд. Бонки миллӣ таъкид мекунад, ки аслан дар амал тамоми пардохтҳои муштариёни ширкатҳои мобилӣ бо пули миллӣ сурат мегирифт, вале дар тавозунашон бо асъори хориҷӣ ифода меёфт, ба нафъи онҳо набуд.

Ба гуфтаи масъулин аз 1 июни соли равон бо сомонӣ нархгузорӣ шудани хизматрасониҳои мобилӣ, кори муштариёнро ҳангоми ҳисобу китоби хизматрасонии ширкатҳо осонтар мегардонад: “Илова бар ин, бо пули миллӣ ифода ёфтани тарифҳо ва инъикоси бақияи маблағҳо дар суратҳисобҳои муштариёну тавозуни ширкатҳо танҳо ва танҳо ба фоидаи тарафҳо хоҳад буд. Аз як тараф талаботи қонунгузорӣ риоя мешавад, аз ҷониби дигар ба мақому манзалати пули миллӣ арҷ гузошта шуда, ниҳоят ба кам шудани хароҷоти муҳосибию хавфҳои тағйирёбии қурби асъор оварда мерасонад. Инчунин, ин амал шаффофияти хароҷоти маблағҳо ва соддаю фаҳмо шудани ҳисобу китобро бо ширкатҳои мобилӣ таъмин менамояд.”

Бонки миллии Тоҷикистон оғози бо пули миллӣ муқаррар намудани тарифҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилиро истиқбол ва дастгирӣ намуда, аз тамоми воҳидҳои хоҷагидорӣ, масъулони мақомоту идораҳо ва шаҳрвандон даъват менамояд, ки ҳангоми истифодаи асъори хориҷӣ талаботи қонунгузориро риоя бикунанд ва эҳтироми пули миллиро, ки яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба шумор меравад, дар мадди аввал гузоранд.

Ин изҳороти Бонки миллӣ дар ҳолест, ки баъди гузашта ба истифодаи пулӣ миллӣ хароҷоти шаҳрвандон барои тамосҳои телефонӣ афзоиш хоҳанд ёфт, зеро барои тамосе, ки қаблан як сент гирифта мешуд, акнун 6 дирам ситонда хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инчунин Бонки Миллй хатман бояд шарх дихад барои чи 1 сент шаш дирам дакик шудааст!
- Ё чй курби миллиро ширкатхои мобилй дакик мекунанд ё нархи дакикаи сухбат 1 сент намебошад?
Умуман ин масъалаи нархро равшани андозед Озодагон
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рост як сент чуба 4.75 дирам не шаш дирам будай бачое ки арзонтар бошад шаш дидар долар шашсад мешадми?
Посух додан
  • Мирзохаёт

  • 4 июн 2013 23:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин боз як торочкунии навбатии мардум аст, ки аз руи гуфти масъулони ширкатхои мобили, бо супориши Хукумати Точикистон сурат гирифтааст. Агар ин иддао дуруст бошад, войи мардуми бесохиб!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сабаби гароншавии арзиши зангхои телефониро ки шарх медихад. Савол ба масъулини Бонки милли: 1-1,5 дирам бештар сарф кардани мардум барои 1 дакикаи сухбат магар фоидаи мардум аст? Чигуна тороч кардани халкро намедонед, боз мардумро содда гумон карда ба чашмашон хок пошидани мешавед.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!