Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:54

Селзадагони Ҳушёрӣ: "Ҳар лаҳза ҷонамон дар хатар аст" (АКС)

4 июн 2013, 18:22

Ибодуллоҳи ТОҲИР

Сокинони селзадаи деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб мегӯянд, ба танҳоӣ роҳҳои вайроншударо ободу манзилҳояшонро аз обу лойқа тоза мекунанд. Ба қавли онҳо, ҳарчанд намояндагони мақомоти Варзоб ва Ситоди ҳолатҳои фавқулода аз деҳаи онҳо боздид кардаанд, вале натавонистаанд кумаки амалӣ расонанд.

Нимаи дувуми рӯзи 3-юми июн аз се дара, ки аз миёни деҳаи Ҳушёрӣ мегузарад, оби сел омадаву ба бархе аз манозили мардум, масҷид ва тарозуи ширкати пулчинаки IRS (Иноватив Роуд Солюшнз) зиёни худро расондааст. Хабарнигори “Озодагон” аз ҷойи ҳодиса боздид кардаву бо аҳолии селзада суҳбат анҷом дод.

Сокинони деҳаи Ҳушёрӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори мо гуфтанд, давоми 10-12 соли охир бори аввал аст, ки чунин сел омада, заминҳои кишти наздиҳавлигии аҳолиро низ корношоям гардондааст. Муродулло Назаров, як сокини деҳаи Ҳушёрӣ, мегӯяд, дар ин деҳа тақрибан дар ҳар як хона 3-4 оила зиндагӣ мекунад ва онҳо ҳамеша дар зери хавфу хатар қарор доранд. “Бубинед, аз ду паҳлуи деҳа дара мегузарад. Гузашта аз ин, деҳаи мо дар болои кӯҳ карор дорад ва дар ин ҷо манзили дигар бунёд кардан ғайриимкон аст. Мо аз президенти кишвар хоҳиш дорем, ки як бор аз ҳоли мо бохабар шавад ва шояд ягон чорае биандешад”,-таъкид кард ӯ.

Селзадагони Ҳушёрӣ: "Ҳар лаҳза ҷонамон дар хатар аст" (АКС)

Толиб Қодиров, муовини директори мактаби рақами 3-и деҳаи Ҳушёрӣ, аз хисороти сел нигарон аст, вале мегӯяд, “бо қудрати илоҳӣ ин сел талафоти ҷонӣ дар пай надошт.” Ӯ афзуд, “масъулин аз инҷо боздид карда ва ваъда доданд, ки деҳаи Ҳушёриро таҳти назорат мегиранд. Кӯшиш мекунанд, ки бар асари боронҳои дигар аҳолии деҳа хисорот набинад. Охирин мактаббачаҳои моро, ки дар мактаб монда буданд, масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз хатар эмин доштанд.”

Аммо Табаралӣ Орифов, як сокини куҳансоли рустои мазкур, мегӯяд, “аз омадану суҳбатҳои бефоида чӣ суд? Вақте меоянду мераванд, аз ин омадану рафтанҳо чизе тағйир намекунад. Деҳаи Ҳушёрӣ дар миёни куҳ ҷойгир шудааст, ки аз ду паҳлуяш дара аст ва ҳар лаҳза эҳсоси хатар болои мардум вуҷуд дорад. Аммо касе сари ин чиз андеша намекунад. Масалан, худи ман ду бор барои гирифтани як порча замини наздиҳавлигӣ ба ҷамоат ва ҳукумати ноҳия ариза пешниҳод кардаам. Ба яктоаш ҷавоб гирифтам, ки гуфтаанд дида мебароем. Дар ин деҳа тақрибан 100-150 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад, чигуна умед бар он бандем, ки мардумро аз зери хавфу хатар наҷот медиҳанд.”

Селзадагони Ҳушёрӣ: "Ҳар лаҳза ҷонамон дар хатар аст" (АКС)

Вай илова кард, онҳо аз ночорӣ дар ин деҳа манзил ихтиёр кардаанд, вагарна кайҳо дилаш мехост, он ҷоро тарк намуда, дар ҷои оромтаре зиндагӣ кунад. “Дар ин ҷо зиндагӣ кардан барои мардум хавфи зиёд дорад, бахусус, дар ҳамин шабу рӯз. Худо накунад агар ягон санги калон ё дарахте раҳи обро бандад, сел ба даруни деҳа даромада, ҳама ҷойро шуста мебарад”,-гуфт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба “Озодагон” гуфтанд, барои бартараф кардани оқибатҳои сели Ҳушёрӣ 2 техникаи ширкати “IRS” ва 30 корманди идораи баистифодадиҳии роҳҳои ноҳияи Варзоб сафарбар гардида, кор мекунанд. Ба қавли манбаъ, як комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия низ дар ҷои ҳодиса қарор дорад.

Вале бино ба мушоҳидаи мо ва суҳбатҳои аҳолии селзада, техникаҳои ширкати IRS танҳо роҳи пулакии худро тоза мекунаду халос. Ин мардуманд, ки аз пайи рафъи оқибатҳои сел ба манзили худанд, чун ҷои дигаре барои рафтан ва зистан надоранд, ба ҷуз Ҳушёрӣ!

Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com

Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!