Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:46

Дархости дахолати Эмомалӣ Раҳмон ба қазияи Зайд Саидов

5 июн 2013, 12:03

Як гуруҳ аз рӯшанфикрон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба номи президент Эмомалӣ Раҳмон нома навишта ва онро рӯзи чоруми июн дар шабакаи Фейсбук гузоштаанд, то ҳар касе мехоҳад, зераш имзо бигузорад. То ҳоло бештар аз чиҳил нафар шахсиятҳои барӯманд аз касбу кори гуногун, аз қабили адибону рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносону соҳибкорон ва коршиносон, аз ҷумла Умед Бобохонов, Темур Варқӣ, Марат Мамадшоев, Мирзои Салимпур, Парвина Ҳамидова, Улфатхонум Мамадшоева, Парвина Ибодова, Амалхонум Гаҷиева, Дале Ғуфронов, Раҷаби Мирзо, Бахтиёр Аминӣ ва дигарон зери ин нома имзо гузоштаанд.


Инак, матни комили номаи гуруҳе аз рӯшанфикрон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ба президент Раҳмон:

“Мӯҳтарам президент!

Зиёиён ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ омодаанд, ҳама талошҳои ҳукуматро барои беҳбуд бахшидан ба оромии шаҳрвандон ва пешрафти ҳамаҷонибаи давлат пуштибонӣ кунанд. Аммо дар баробари ин, моро равандҳои носолими иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла фишор нисбат ба намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мухолифин нигарон кардааст.

Вақтҳои охир риоя нашудани Қонуни асосӣ, нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои роҳбари гурӯҳи ташаббускорони таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав, Зайд Саидов, фишор ба аъзо ва муассисони Эътилоф барои ҳимоят аз демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба назар мерасанд.

Ҷаноби президент!
Баъд аз он ки Зайд Саидов боздошт шуду лағви дахлонапазирияшро ҳамчун вакили маҷлиси шаҳри Душанбе бо санаи хеле пештар тартиб доданд ва айбномае, ки дар баробари ӯ эълон гардид, моро ба хулосае водор кардааст, ки ин қазия хислати сиёсӣ дошта, ба таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав рабт мегирад. Дар боздошти Зайд Саидов, нигаҳдории ӯ ва лағви ваколатҳои вакилияш чандин бандҳои қонунгузории кишвар ва ҳатто Қонуни асосӣ поймол карда шудаанд.

Давлат ва ҳукумат танҳо дар он ҳолат метавонад пойдор бошад ва бар зидди фишорҳои даруниву берунӣ мубориза барад, ки ба ҷонибдории шаҳрвандон такя кунанд. Аммо аз корҳое, ки дар рӯзҳои охир рух дода истодаанд, чунин бардошт мешавад, ки гурӯҳе аз намояндагони ҳукумат махсус мехоҳанд ҳукуматро бо ин кори худ аз мардум дур созанд.

Ғайр аз ин, боздошти Зайд Саидов барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба кишвари мо таъсири манфӣ мерасонад ва обрӯи давлати моро дар назди ҷаҳониён коҳиш медиҳад.

Аз ин хотир, аз Шумо ҳамчун кафили Қонуни асосӣ хоҳиш мекунем, ба ин кор дахолати бевосита намоед, то ки сохторҳои қудратӣ аз доираи ӯҳдадориҳои худ набаромада, аз пайи ҳалли ин масъала шаванд. Итминони комил дорем, аз рӯи адолат ҳал шудани мушкили Зайд Саидов метавонад барои амнияти кишвар, барои зиёд шудани боварии мардум ба раванди интихоботи президентии дар пешистода ва барои обрӯи Шумо ва ҳам кишвари мо таъсири мусбат расонад.

Умед ба хиради сиёсии Шумо ва волоияти қонун дар кишвар дорем”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зайд Сайидро озод кунанд ва хама айбномахояшро бекор кунанд, ин хам ба фоидаи ими
ч аст ва хам ба фоидаи оилаи он кас
Посух додан
  • Асил

  • 5 июн 2013 13:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охир "чандин бандҳои қонунгузории кишвар ва ҳатто Қонуни асосӣ" поймал гашта бошад, пас ин кадар "шахсиятхои бузург", ки мебудед, намешуд, ки хамон бандхову нуктахоро як ба як асоснок карда менавиштед. Агар дар хакикат Конуни асосии кишварро кадр кунед, пас бигузор хар касе ки чиноят кардааст ба он чавоб гуяд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале дар хакикат, ноадолатии охир Точикистонро боз як кадам ба ноумеди мекашад. Ман харчанд Заид Саидро надидаам ва бо у коре хам надошта бошам, хамчун як шахрванд дарк кардам, ки боздошти у махз сиесист на чизи дигар. Хуб агар у порахур е ба истилохи имруза корупционер мебуд? чаро дар тую маъракахои у мерафтед, дар лойхахо ташкилоти у голиб мебаромад? рости гап, гап бисер аммо ба ки лозим? серавно ягон нафар аз хукуматдорон токати гуш кардани сухани хаккро надоранд.
Посух додан
  • Хаким

  • 5 июн 2013 14:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайфи Шумо барин "зиёиёну рушанфикрон", ки вазъи иктисодиву ичтимои ва сиёсииВатани худро носолим мешуморед. Шумо "зиёи" шуда чи хизмате ба мардуми худ кардаед? Ба чуз шикваву маломат ва паст задани шарафи Точикистон дигар коре аз дастатон намеояд. Дар пеши конун хама баробар аст, чиноят ки содир карди пас чи зиёиву чи сохибкору сиёсатмадор хасти бояд чавоб гуи!
Посух додан
  • Зиёи

  • 5 июн 2013 14:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э бародароне агар президент гапи шуморо иегирифт Бозор Собирро барои таблиги худ аз Америка даъват намекард шумо бас будед, шумо хеле содда хастед аз касе талаб доред, ки худаш..............
Посух додан
  • Одил

  • 5 июн 2013 16:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хаким,
Дуруст гуфтед Ҳаким, "Дар пеши конун хама баробар аст, чиноят ки содир карди пас чи зиёиву чи сохибкору сиёсатмадор хасти бояд чавоб гуи!"
Аммо як чиз боиси тааҷҷубаст, ки чаро беъзеҳо (сохибкорону сиёсатмадорон), ки ҷиноятҳояшон барои ҳамагон исботшудааст, дар назди қонун ҷавоб намегӯянд. Шояд ҳоло вақташ нарасидааст ё...
Посух додан
  • Карим

  • 5 июн 2013 16:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Хаким; Хайфи ту барин Точик,Вазъи иктисодиву ичтимоиву сиёси барои Шумохо солим бошад,барои ду миллион нафар мухочирони кори,ки дар хоричи кишварандБ носолим аст.Барои панч миллион волидону зану фарзандони мухочирон НОСОЛИМ мебошад.Шарафи ТОчикистон-ин такдири Джамшут ва Рафшан аст,ба фикри ту!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Окои ОЗОДАГОН, аз нафарони дар руйхатоварда кадомашон зиёи ё намояндаи чомеаи шахрвандию хухукдон ё адибу шахсияти баруманданд, ба чуз журналисти одди чизи дигаре нестанд! Чаро мардумро бо харгуна савсаттахои пуч ва хабархои хому нодаркори ба гумрохи мебаред!!! Ё боз инчо дархост ё фармоиши ХОЧАГОНИ ХОРИЧИ АСТ!!! ХА хА Ха!!! Агар дар сайт нашр накунед, хатман дар руйи мизи кориатон гузоред!!!!
Посух додан
  • ватандуст

  • 5 июн 2013 17:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман факат як масалро, ки кадом як даврае фахмида буда, бо хондани ин сатрхо ба ёдам омад ва танхо онро ба шумо ёдрас менамоям: "Дар зери хар як боигарии зиёд чинояти азиме нихон аст". ин гуфтахоро дар мисоли хам сиёсатмадорон, сохибкорон ва дигар шахсони сарватманд казоват намоед. маъзарат мехохам ин назари ман аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ahvoli mardum in astu, ahvoli parcham on
Hardu daridaand, ammo inkujovu, on kujo

Taqlid ba sheri Eraj Mirzo
Donai filfil(murch) sijohu xoli mahrujon sijoh
Hardu dilsuzand, ammo in kujovu on kujo
Teghi jallodon kaj astu abrui dildor kaj
Hardu xunrezand,ammo...
Chehrai mardoni piru domani duxti javon
Hardu chin dorand...
Murdae dar holi ghuslu, dilbaredar tui havz
Hardu ur'jonand...
........................................
Посух додан
  • Умар

  • 7 июн 2013 02:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хаким
5 июн 2013 14:06[b
Хаким,
Ба фикри ту бояд зиёиён шири сафедро сиёх гуянд?вичдон дори?шараф дори?мо дар тамоми соха аз тамоми давлатхои СНГ окиб мондаем.Дарачаи фасод бошад дар чои аввал.Махалгароиву хешу таборбози дар хукумат дар авчи аъло.Конун умуман нест дар Точикистон!
Посух додан
  • беному бенишон

  • 7 июн 2013 23:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хайф сад хайф ки гунахкорон дар озодию бегунохон дар зиндон..... Хаким чашатро хубтар кушо хама гуломи рус.......боз меги хама хуб сад хайф ба ту........
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо хам бо ин фикр розием
Посух додан
  • Диловар

  • 11 июн 2013 08:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чанобон зиёиён ва рушанфикрон шумо агар пойдори давлатро дар озодии Зайдов бинед пас 2 млн мухочири точик шахрванди кучоанд дар гариби . Ё аз 3айдов маблаги бисёртаре дарёф кардед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Точикистон ба мардуми одди зиндаги хеле душвор аст.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!