Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:02

Шаҳрвандони қирғиз бо дучарха озими Каъба мешаванд

6 июн 2013, 11:17

Як гуруҳ аз шаҳрвандони Қирғизистон тасмим гирифтаанд, тавассути дучарха ба зиёрати хонаи Худо раванд.

Расонаҳои қирғизӣ аз қавли Нуркамил Саскеев, яке созмондиҳандагони ин гуруҳ иттилоъ додаанд, ки 15 нафар шаҳрвандони Қирғизистон мехоҳанд, бо дучарха ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд.

Ба гуфтаи Саскеев, онҳо ният доранд, тавассути қаламрави Қазоқистон, Туркманистон, Эрон, Халиҷи Форс вориди А.Саудӣ гарданд: “Бо хости Худованд мо сафари худро 10уми августи соли ҷорӣ шуруъ мекунем ва қарор аст, ҳар рӯз 60-70 киллометр роҳ тай кунем.”

Саскеев мегӯяд, онҳо пеши худ мақсад гузоштаанд, ки дар давоми 70 шабонарӯз ба Макка бирасанд: “Мо шабро дар масоҷид ва дашту биёбонҳо рӯз хоҳем кард ва ин сафари худро ба ҳамватанони хеш, ки рӯзи 7-уми апрели соли 2010 ҷони худро аз даст додаанд, мебахшем.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!