Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:53

Мухолифини ҳукумат аз тақаллубкорӣ дар интихоботҳо шикоят мекунанд

15 июл 2011, 06:05

Дар Арманистон ҷаласаи аввалини Комиссияи марказии интихоботии ин кишвар, ки ҳамакнун раҳбарияти он таъин гашт, баргузор шуд.


Зимни нишаст масоили марбут ба кору фаъолият ва нақшаи амали ин ниҳод баррасӣ ва муҳокима гардид. Бино ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ, дар ҳамойиши масъулини комиссияи интихоботӣ барои бори дуввум Гарегин Азариён, райиси КМИР-и Арманистон интихоб гардидааст. Дар ҳамин ҳол, дар таъин ва пешниҳоди аъзои комиссия тағйироти ҷиддӣ рӯйи кор омадааст. Гуфта мешавад, 7  нафар  аъзои онро омбудсмен, додгоҳи таҷдиди назар ва Анҷумани миллии Арманистон пашниҳод мекунанд ва бар асоси ин пешниҳод онҳоро раиси ҷумҳур таъин мекунад. Серж Саркисян, президенти Арманистон, рӯзи гузашта    ин пешниҳодҳоро ба таври расмӣ таъйид кард. Тибқи ин таъиноти райисҷумҳур, ҷаноби  Азариён барои 7 сол раиси КМИР-и Арманистон баргузида шуд, аммо ин тасмими президент сару садои мухталифро миёни мухолифини ҳукумат ба вуҷуд овардааст. Намояндагони оппозитсияи Ереван, ахиран аз фасодкорӣ ва тақаллуби комиссияи интихоботӣ дар замони интихоботҳои қаблӣ ишораҳо мекунанд.   {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!