Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:45

"Танҳо дар сурате аз гуруснанишинӣ даст мекашам, ки тамоми мушкилоти Тоҷикистонро бартараф кунанд"

8 июн 2013, 10:26

Абдулғании Абдуваҳҳоб

Сафват Бурҳонов, хабарнигори тоҷик ахиран аз “гуруснанишинии бемуҳлати сиёсӣ” хабар дод. Ӯ дар номае, ки рӯзи шашуми июн тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дастраси ҳамагон кард, гуфт, “бо камоли масъулият ва дарки пайомади рафтори худ” ба ин кор даст задааст. Хабарнигори «Озодагон» барои ҳолпурсӣ назди Сафват рафт ва нахуст аз ӯ пурсид, ки тасмимаш дар мавриди гуруснанишинӣ ҳанӯз ҳам устувор аст?

Сафват Бурҳонов: «Бале, ин тасмимро ман барои як соат нагирифтаам».

Озодагон: Мегӯянд, Сафват баъзе мушкилоти иқтисодӣ дорад ва агар ҳукумат онҳоро бартараф кунад, ба гуруснанишинӣ хотима медиҳад, дуруст аст?

Сафват Бурҳонов: «Ба мушкилоти иқтисодӣ на танҳо ман, балки аз раиси ҷумҳур сар карда, то охирон шаҳрванди Тоҷикистон рӯбарӯ ҳастанд. Ман ҳам барои ҳамин ба ин иқдом даст задам, ки ҳама мувоҷеҳи ин мушкиланд. Кишвари моро агар «Тоҷикистон-мушкилоти иқтисодӣ» гӯем мешавад. Танҳо дар сурате аз тасмими худ даст мекашам, ки тамоми мушкилоти Тоҷикистонро бартараф кунанд. Ман барои мушкилоти танҳо худам ба ин иқдом даст назадаам. Агар мушкилоти кишвар бартараф шуд, пас мушкили ман низ ҳал шудааст».

Озодагон: Шумо то куҷо бовар доред, мушкилоте, ки дар давоми 20 сол бартараф нашудааст, ҳал мешавад?

Сафват Бурҳонов: «Мушкилоти Тоҷикистон дар ин 20 сол рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Ин мушкилот мо хоҳем нахоҳем бартараф мешавад, агар ин ҳукумат накард, ҳукумати дигар мекунад. Зеро ин мушкилот бартарафнашаванда нест. Аз ин рӯ, ман мехоҳам ҳамин ҳукумат бартараф кунад».

Озодагон: Яъне, ба андешаи Шумо ҳукумати кунунӣ барои ҳалли ин мушкилот қодир аст?

Сафват Бурҳонов: «Бале, метавонад мушкилоти мавҷударо бартараф созад».

Озодагон: Замони фаъолият дар нашрияи «Нерӯи Сухан» аз хукумат интиқод мекардед, баъдан матолибе бо имзои Шумо нашр гардид, ки дар онҳо аз ҳукумат ҷонибдорӣ мешуд…

Сафват Бурҳонов:
«Ин кори журналист аст. Ҳар вақт кори хубро дид таъриф мекунад, иқдомҳои бадро дид, танқид. Роҳбар вақте пули давлатро дуруст хароҷот кард, мо онро таъриф мекунем ва вақте нодуруст масраф шуд, интиқод мекунем. Масалан, вақте Абдуҷаббор Раҳмонов ба курсии раиси Кумитаи телевизион ва радио нишаст аз кормандони телевизион навиштани иншоро талаб кард, ман ҳама чизро партофтаму бо нишони эътироз аз кор рафтам. Вақте ба Вазорати маориф омад, корҳои хуберо анҷом дод, ман таърифаш кардам. То омадани ӯ мактаб набуд, вале ӯ омад мактабро зинда кард. Ё барои мисол, Ҳамрохон Зарифӣ вақте вазири корҳои хориҷӣ шуд, дипломатия ҷон гирифт. Саймумин Ятимов раиси Кумитаи амнияти миллӣ буд, инҳо хеле хидмат карданд. Инҳо шоистаи таъриф кардан мебошанд. Худи раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон низ аз зумраи инҳо мебошад ва барои ҳамин ман дар боло ҳам гуфта будам, ки ҳамин ҳукумат метавонад мушкилотро бартараф кунад.

Хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон кам нест, ҳозир мо ягон гуреза дар хориҷ надорем. Барои мисол мардуми Афғонистон метавонад бигӯяд, ки ягон президенташон ин гуна корро кардааст, не. Бархеҳо мегӯянд, не инро танҳо Раҳмон накардааст. Ман шоҳиди ҳамон рӯзҳо ҳастам, садҳо қувваҳое буданд, ки намегузоштанд, Раҳмон ин корҳоро кунад. Вале ин ҳамаро зери назорати худ қарор дода, охирин гурезаро ба ватан овард. Аз ин рӯ, ман дар мавриди истеъфо ягон калима намегӯям. Ҳамин ҳукумат бояд ин хатоиҳоро бубинад ва ислоҳ кунад».

Озодагон: Шумо гуфтед Абдуҷаббор Раҳмонов хатоӣ кард, танқид кардам, ба андешаи Шумо фаъолияти кадоме аз мансабдорони кунуниро метавон танқид кард?

Сафват Бурҳонов: «Дар мавриди Вазорати молия, Бонки миллӣ, Вазорати иқтисод, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати мудофиаю Вазорати меллиоратсия танқид як тараф истад, чизи мегуфтанӣ намондааст. Дар ноҳияи Темурмалик, ки солҳои 1994 он ҷо ҷанги вазнин буд, як мард раис шуд. 18 киллометр обро тариқи қубур кашида, заминҳоро обёрӣ кард. Як раис ин корро тавонист, аммо чаро Вазорати кишоварзӣ ё Вазорати меллиоратсия бо миллион миллионҳо маблағ ҳатто як ҷӯйборак кушода наметавонанд? Ин пулҳо куҷо мераванд? Ин халқ то кай хомӯш мешинад, як рӯз не, як рӯз гап мезанад».

Озодагон: Шумо аз чанд вазорат ном гирифтед, ки ба андешаи Шумо вазифаи худро дуруст иҷро намекунанд. Бояд чӣ иқдоме нисбат ба онҳо гирифт?

Сафват Бурҳонов: «Инҳо тафаккур надоранд. Агар ҳади аққал ду дар сади гуфтаҳои раиси ҷумҳурро иҷро кунанд бас аст. Инҳо намефаҳманд, ки раисиҷумҳур чӣ мегӯяд».

Озодагон: Яъне Шумо гуфтаниед, роҳбарони ин вазоратҳо барканор шаванд?

Сафват Бурҳонов: «Бале, як нафар набояд аз ду сол дар як мансаб истад. Қонун қабул гардад, ки роҳбарон баъди ҳар ду сол иваз шаванд. Бояд пурра роҳбарон иваз шаванд».

Озодагон: Бархеҳо мегӯянд, дар матолибе, ки аз тарафи «Фабрикаи ҷавоб» навишта мешавад, сабки шумо дида мешавад, ин то куҷо ҳақиқат дорад?

Сафват Бурҳонов: «Ҳар касе чунин мегӯяд, маро бад мебинад, ба ман рашк дорад. Зеро ман на дар амният ва на дар миёни рӯҳониён душман надорам. Ман умуман душман надорам. Гузашта аз ин ҳеҷ гоҳ бо имзои мустаъор чизе нанавиштаам. Имзои мустаъор надорам ва ин кори номардонаю буздилиро намекунам. Ҳар чизе менависам зери он имзои худро мегузорам. Ман дар миёни тамоми қишри ҷомеа дӯсту рафиқ дорам, аммо ин ба маъное нест, ки корманди амният ё «фабрикаи ҷавоб» бошам. Агар чизе нависам ҷиддӣ менависам, на ба мисли он «фабрикаи ҷавоб»-е, ки шумо дар назар доред».

Озодагон: Яке аз пунктҳои талаботи Шумо, ки дар хабари даст ба гуруснанишинӣ заданатон гуфтед, гузаронидани ислоҳот дар Вазорати мудофиа мебошад. Ба назари Шумо чӣ мушкилоти ҷиддие дар ин ниҳод дида мешавад?

Сафват Бурҳонов: «Якум ин ки нафаре, ки тариқи «облава» ба артиш бурда мешавад, дар ягон ҳолат кишвари худро ҳимоя нахоҳад кард ва баъд ин ки худи «облава» ҷиноят мебошад. Таъминоти моддию техникии артиш сифр мебошад. Аскар гурусна, ташна, белибосанд. Вақте инсон дид, ки кореро наметавонад кунад, бояд барояд равад. Ин гуна артиш ба кӣ лозим? Ман ба Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони милали муттаҳид муроҷиат кардам, ки давлатҳое ба мисли Тоҷикистон қашоқанд, иқтидори артиш доштан надоранд, аз ин рӯ бояд артиши онҳо барҳам дода шавад. Барои мисол агар Чин, ки якуним миллион аҳолӣ дорад, пуф кунад, мо аз байн меравем».

Озодагон: Гуруснанишинии Шумо то кай идома хоҳад кард?

Сафват Бурҳонов: «То рӯзе, ки зӯрам мерасад. То рӯзе, ки ислоҳот шурӯъ нашавад. Вақте дарк кардам, ки ҳукумат фаҳмидааст, ки дар бораи халқ фикр кардан лозим аст, аз ин тасмим даст мекашам».





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • факир

  • 8 июн 2013 11:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Сафват ба андешахоят рози нестам, чихеле ки ба назарам хеле хом ва хавои аст. Инро аз чавобхоят ба посуххои хабарнигор дарк намудам. Фикр мекунам ба андешахоят худ устувор нести, лекин ташаккур ба ту менамоям, ки дар чунин вазъияти шадиди сиёси даст ба чунин аъмол зади. Инро на хама кас карда метавонад. Маълум, ки хеле ватандусту часур хасти. Лекин хушер бош, то туро "табох" нанамоянд. зеро дар чомеа ба гуфти устод С.Айни "Гаждумхои зери барё" хеле зиёданд.
Посух додан
  • Точик

  • 8 июн 2013 12:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман гумон доштам ки Сафват шахси фахмида аст, вале тарзи маъалагузори ва роххои халли онро аз худашон шунида дар тааччуб мондам ки наход як шахси мисли Сафват шухрат дошта бо чунин соддаги гумон кунад ки мушкилахо хал мешавад. Дар мавзуи гурезахо: имруз низ хазорхо гуреза дар Россия, Эрон, Миср, Афгонистону Покистон зиндаги доранд вале аз тарси боздошт шудан ба Ватан омада наметавонанд. Ман бовар намекунам ки Сафват надонад ки вазирхо бе ичозати Президент як суми буджаро ичозаи сарф кардан надоранд. Онхо порагири ва дузди ва он хам аз тарики " прописка ва списания" карда метавонанд, аммо бидуни ичозаи Президент як сомониро аз буджет дар чои мехостагиашон сарф карда наметавонанд. Наход Сафват надонад ки то замоне ки хукумат, мансабдор, хусусан Президент аз тарики интихобот аз раъйи мардум вобаста набошанд ва имкони аз тарики интихоботи озоду шаффоф барканор шуданашон набошад хеч вакт гами мардумро намехуранд. Агар вокеан Сафват миллат дуст бошад бояд талаб кунад ки ба конуни интихобот тагирот ворид намуда интихоботи озодро барои миллиат омода намоянд. Наход Сафват надонад ки ягон президенти дарозумри дуне кишварашро обод ва мутаракки гардонида бошад. Кореяи Шимоли , Мозамбик, Куба, Яман, Мисру Либия ва гайрахо. Хатто дар Авруппо то генерал Франко намурд Испания ва дар Албания Анвар намурд ин кишвархо таракки накарданд. Мугаби дар Мозамбик 35 сол президент аст, кишварро кашшоктарин кишвари дуне кард 90 сол дорад холо хам намехохад аз кудрат равад.
Посух додан
  • шерзод

  • 8 июн 2013 12:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ака худата азоб мадех
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
«Инҳо тафаккур надоранд. Агар ҳади аққал ду дар сади гуфтаҳои раиси ҷумҳурро иҷро кунанд бас аст. Инҳо намефаҳманд, ки раисиҷумҳур чӣ мегӯяд».
Дар ин робита сад дар сад тарафдори Сафват хастам. Зеро бубинед, президент фармони 622(Вокуниши шахсони мансабдор ба маколахои танкидии ВАО) - ро содир кард, вале ин мансабдорон кариб ба хамаи маколахои танкидии ВАО посух он тараф истад, хатто гушашонро намечунбонанд, ба истиснои якчанд макомот, ки ангуштшуморанд. Нуктахои рузноманигорон барои ин мансабдорон хеч курбе надорад. Аз ин лихоз дар Точикистон низ як ВИКИЛИКС (бомбаи иттилоотй) зарур аст, то ин ки ингуна давлатмардони форигболро на танхо такон дихад, балки умуман вожгун кунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Beaqli az in zijod nameshavad. Odami kordon agar ministr shavad medonad ki az 2 sol zijod kor karda nametavonad dastu dilashaz kor xunuk shuda tanho ba maishati xud shughl mekunad. Man bovari doram ki in gurusnagi " zakazhoi" ast
Посух додан
  • Фира

  • 9 июн 2013 08:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз гушнагира ба халокат расихам хеч кас ба додат намерасад хубаш худата азоб надех,,, ба суйи мачрохи об шино кардан аблохист, гумон мекуни ин проблемахои шумо гуфтед хукуматдорон намедонанд онхо аз хама чиз огохонд................
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
bale chunin ba nazar merasad, ki dar fikri khud ustuvor nesti, bo tars ba savolhoyat javob megui. Shoyad, kase shumoro majbur kardaast, ki hamin iqdomi pesh gired khonavu moshin mediham va yo prezident shudanii chi?
Посух додан
  • hairat

  • 10 июн 2013 15:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Odame, ki 5 ruz boz chize nakhurdast haminkhel gap mezadast? boyad vairo dar bemorkhona bistari mekardand.
ajib
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hairat ин кадар хасуду тангназар асти. Шояд рузат ба душвори гузарад, аммо часорате надори ки номатро нависи. Туро бояд духтурхона бурд
Посух додан
  • ФЕДР

  • 10 июн 2013 18:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О ГУШНАГИЯ МЕМУРИ-ДИЯ
Посух додан
  • ТАРАФДОРИ САФВАТ

  • 12 июн 2013 21:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БА ХУДО ИНСОНИ ХУБ ХАСТИ САФВАТ...АНДЕШАХОЯТ , СУХАНХОЯТ ЧУНОН АКЛИ ОДАМРО ТАКОН МЕДИХАД, КИИИИ БА ХАМАИ ЧАВОБХОИ ДОДААТ ДАР ИН МУСОХИБА МАН ТАРАФДОР.....АХСАНТ! ОФАРИН! БА ТУ САФВАТ!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!