Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:22

Онишенко гуфт, бемории доманаро дар Русия муҳоҷирони тоҷик паҳн кардаанд

8 июн 2013, 11:10

Генадий Онишенко, сардухтури эпидемологии Русия гуфтааст, сабаби хурӯҷи бемории домана дар вилояти Перм муҳоҷирони тоҷиканд.

Оҷонсии «Интерфакс» бо такя ба суханони Онишенко навиштааст, ба хотири ҷилавгирӣ аз авҷи ин беморӣ, ҳоло ҳар шаҳрванди Русия, ки бо тоҷикони ин маҳал иртибот дошт, бояд ваксин шаванд.

«Теъдоди афроди сироятшуда ба даҳҳо нафар мерасад. Ҳамаи онҳо коргароне ҳастанд, ки аз Осиёи Марказӣ омадаанд. Муҳоҷирон ба таври расмӣ дар ҳудуди Русия қарор доштанд, аммо дар шароити ғайрисанитарӣ ба сар мебурданд»,- гуфтааст Онишенко.

Феълан, 16 муҳоҷир, ки дар онҳо нишонаҳои бемории домана мушоҳида шудааст, дар беморхона бистариянд. Ҳамчунин ваксинзании 84 нафари бо онҳо дар тамос буда ва 166 муҳоҷири дигар, ки дар бозори сабзавот кор мекардаанд, дар назар аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аксарияти ахолии Росия гирифторони беморихои гуногунанд, боз шарм надошта харф мезананд. Онхо худо ба шукр гуянд, ки мухочирони точик хаст, ки ахолии онхо то ба нестшави нарасидааст, чунки мардони онхокувваи фарзанд ба дунё оварданро надоранд. Девонаи Жироновский дар як барномаи телевизион чанд мсорл пеш ба ин икрор шуда буд. Мутаасифона имруз боз дуруяги карда, мухочирони точикро маломат мекунад. Баъзе аз чунин духтронро бояд худашона табобат кард, чунким онхо ба беморихои гуногун гирифторанд...
Посух додан
  • 34673

  • 10 июн 2013 12:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О дар Ростов 80 кудак гирифтори менингит шудааст, ба ин хам точикон сабаб хастанд? Ин факат точиконро гунахкор медонад. Кури худ бинои дигарон
Посух додан
  • шерали

  • 10 июн 2013 14:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Онишенко кудаконе ки дар ростов ба касалии минингит гирифтор шудаан аз точикон гузаштааст. не ба точики ман доги сиёх набиёр.
мухочирони мехнатии мо кишвари шумора оббод кардестиян бо пули ночизатон. Аз Росия хам ба дигар кишвархо беморихои ифлос пахн мешавад аз чумла ВИЧ СПИД. Хамин касал махсусан аз Росия ба Точикистон бебиёяад. Так что Онишенко шумо низ худатона табобат кненд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!