Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:01

Куштори корманди театр барои мошин

10 июн 2013, 11:00

Кормандони мақомоти пулис як ҷавони 23-соларо, ки охири ҳафтаи гузашта аз мошинбозори Душанбе мошинро гирифта, соҳибашро куштааст, боздошт кардаанд.

Тибқи иттилои ВКД кормандони шуъбаи умури дохилии ноҳияи Рӯдакӣ-1, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони куштор шаҳрванд Фирӯзи Меликмуродзода соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Сарикиштии болои ҳамин ноҳия дастгир карда шуд.

Ба иттилои мақомот Фирӯзи Меликмуродзода рӯзи 7-уми июни соли 2013, аз мошинбозори шаҳри Душанбе аз шаҳрванд Сироҷиддинов Муҳиддин Сайфиддинович соли таваллудаш 1961, сокини кӯчаи Ойгули ноҳияи Шоҳмансур, корманди театри Опера ва балети ба номи С.Айнӣ, автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами давлатиаш 02 ТҶ 91-23 В-ро харидорӣ намуда, ба ӯ 400-доллари амрикоиро гарав дода, автомашинаро ба номи модараш ба расмият даровардааст. Сипас ҳамон рӯз бо баҳонаи оне, ки пули боқимондаи автомашинаро дар ноҳияи Ҳисор медиҳад, ӯро ба автомашинаи тамғаи «Опел-Сидан», рақами давлатиаш 13-31 РТ 01, савор карда, дар он ҷо ба воситаи арматура ба сари Сироҷиддинов М.С. задааст, ки дар натиҷа ӯ ба ҳалокат расидаааст.

ВКД меафзояд, ки Фирӯзи Меликмуродзода ҷасадро ба бағоҷи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» бор карда, ба деҳаи Пахтаободи ноҳияи Турсунзода бурда, дар дохили гандумор партофтааст.

Мақомот мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!