Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:39

"Нафаре аз уламо мардумро ба дастбӯсӣ амр накардааст”

10 июн 2013, 11:11

Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, бӯса кардани дасти олимонро раво хондааст.

Эшони Нуриддин дар ин бора дар посух ба яке аз хонандаҳои торнамо ё сайти хонаводагии оли Тӯраҷон ҳарф задааст. Ӯ гуфта, ки бӯса кардани дасти олим як амали ҷоиз ва мустаҳаб мебошад. “Касе аз уламо мардумро ба ин кор амр накарда аст, балки ин худи мардуманд, ба хотири муҳаббати доштаашон нисбат ба олимон дастони онҳоро бӯса мекунанд”,-гуфтааст ӯ.


Ба гуфтаи ин рӯҳонии саршиноси тоҷик, дар замони паёмбари Ислом (с) саҳобагон ва ёронаш дасти ӯро мебӯсидаанд: “Абудовуд ривоят карда аст Усома ибни Шурайк мегӯяд, мо ба сӯи Паёмбар (с) хестем ва дасти ӯро буса кардем...”

Ин дар ҳолест, ки бӯса намудани дасти олимон ва рӯҳониёни саршинос дар Тоҷикистон ба як амали маъмулӣ табдил ёфта, баҳсҳои тундеро ба миён овардааст. Дар гузашта худи Эшони Нуриддин борҳо таъкид кардааст, ки ҳаводоронаш метавонанд дасти ӯву бародаронашро набӯсанд, чун ба гуфтаи ӯ, дастбӯсӣ метавонад баъзе бемориҳоро бигузаронад.

Бо ин ҳама, дастбӯсии рӯҳониён як навъ эҳтиром ба рӯҳониёни маъруф дониста мешавад ва ин корро на ҳама, балки танҳо ҳаводорони онҳо анҷом медиҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
тафаккури гуломиро ба миллат хамин гуна бесаводон меоранд.....шарм намедоранд.....
Посух додан
  • Точик

  • 10 июн 2013 12:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо даст буси тафаккури гуломи пайдо намешавад. Ин амал фарханги исломи аст. Дар хадисхои зиеда Расули Худо мардумро ба бусидани даст ва хаттои пои падару модар даъват карданд ва ба ксе ки ин амалро ба чо меорад савоби бузург ваъда шудааст. Дар Туркия,Покистону Хиндустон, дар кишвахои араби аксари мутлаки мардум ба истиснои гарбгарохо дасти падару модарро хар руз субх дар вакти мулокот мебусанд. Ва хамчунин дасти уламои бо такво пирони муршиди худро мебусанд. Бо вучуди ин ин мардумхо ба хеч вачх гуломтабиат нашудаанд, балки гайюру сарбалан хастанд ва ба касе ичозат намедиханд ки тахкирашон кунанд, бар хилофи точикхо ки ин суннати хасанаи исломи дар хама чои Точикистон одат нест, аз хама зиед гуломтабиат хастанд. Хусусан таблиготи телевизиони давлати мардумро ба шукрона гуфтан даъват карда хакталабиро танкид мекунанд ва дар бисер холатхо хак талабол чазо медиханд.
Посух додан
  • Devashtich

  • 10 июн 2013 13:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точик,
Hele farhangi nohub! Hudi Turajonzoda meguyad,ki dastoni pajgambarro busidaan , na dastoni mullovu eshonro ! In musulmoni nest , in butparasti ast . 80 % mardumi tojikro majbur boyad kard,ki musulmonihoshonro az nav sar kunand.
Посух додан
  • Карим

  • 10 июн 2013 15:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Саид миллати мо 20-сол шуд ки гулом аст ва моро ин" бесаводон" не, дигар бесаводон ба гуломи русхо табдил додаанд.
Посух додан
  • Dilshod

  • 10 июн 2013 16:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Man hayronam ba mardumi nodon. Oxi chi kor dored ! Kase mexohad dasti olimro mebusad kase dasti padaru modarashro mebusad! Hamin kasone ki erod megired yakbor guzashtavu imruzi xudro fikr kuned ki chand bor ba xotiri zino dasti ma'shuqaatonro busided? Kase dar in bob harf namezanad hatto shoyad ba'zeho az busidani dasti ma'shuqaashon iftixor mekunand. Charo ba xotiri rasidan ba farazhoi shahvonivu shaytoni dasti zanero busa mekunedu digaron ki ba xotiri Olloh ulamoro dust doshta dastashonro mebusand tanqidu gulomi megued? Sharm dored sharmandaho murdanaton beh az on ki dasti zani nomahramero ba xotiri zino mebused!!!

Man hayronam ba mardumi nodon. Oxi chi kor dored ! Kase mexohad dasti olimro mebusad kase dasti padaru modarashro mebusad! Hamin kasone ki erod megired yakbor guzashtavu imruzi xudro fikr kuned ki chand bor ba xotiri zino dasti ma'shuqaatonro busided? Kase dar in bob harf namezanad hatto shoyad ba'zeho az busidani dasti ma'shuqaashon iftixor mekunand. Charo ba xotiri rasidan ba farazhoi shahvonivu shaytoni dasti zanero busa mekunedu digaron ki ba xotiri Olloh ulamoro dust doshta dastashonro mebusand tanqidu gulomi megued? Sharm dored sharmandaho murdanaton beh az on ki dasti zani nomahramero ba xotiri zino mebused!!!
Посух додан
  • Аз Кулоб

  • 10 июн 2013 22:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй мардум бас кунед айбчуйии абардмардхои миллата.Бехтараш дар бораи ояндаи бехтар коре бояд кард.Имруз ин рохбархои мо чи корхое нест ки накунан вале хама хомушем амо як шахсе ки мехохад барои миллат чизе бехтар кунад як кисмашро давлат ё хоин ё ба чурми чандзанаги ё.. як кисми дигарашро худамон махкум ё безарар мегардонем.Ин давлатдорони ба ном точик мардуми оддиро фиреб дода хукумрони кардаистоданд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хакикат дар китобхои донишмандони гузаштаи ислом омадааст, ки дасти се касро бусидан хам аз руи савоб аст ва хам аз руи одоб.
Аввал бусидани дасти подшохи одил, дуввум бусидани дасти кози саввум бусидани дасти уламои ислом.
Посух додан
  • Абдуллох

  • 11 июн 2013 17:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оё олимони мо ба дарачаи Паёмбари ислом (с) худро баробар медонанд, ки ин корро нисбати Паёмбар (с) сахобахо мекарданд ва бояд нисбаьти онхо низ мешудааст. Оё ин чиз чоиз аст магар кори Паёмбар (с)- ро нею кори сахобаро ки нисбати Паёмбар (с) мекарданд ба худ раво бини? Астагфор кунед ва худро Паёмбар (с) баробар надонед ва нагузоред, ки кореро ки нисбати Паёмбар (с) намуданд ба худ раво бинед. Касе аз ёрони Паёмбар (с) ин корро ба худ раво надиданд ва хатто дар минбаре ки дар масчид буд дар чои у нанишастанд. Кореро кунед ки Паёмбар (с) нисбати умматонаш кард ва онхоро ба ин корхо амр кард . Ичозат надихед ва ба худ раво набинед он хурматеро ки ба Паёмбар (с) карда мешуд ва карда мешавад. Охир Шумо кистед?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар АБДУЛЛО авалан мебахшед ва сониян дар ин бораи буса кардани дасти УЛАМОИ ИСЛОМ махсус худи шумо ягон тасавуроте надоред ва аз руи акле, ки бо илм тарбият нагирифтааст сухан магуй.!!! Ва хеч як инсоният худро хатто бо ахли тобеъин баробар намекунад чи чои сахоба ва ё пайгомбар,.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вале, баробар кардани дасти ягон мулло ва ё ягон рухони ба дасти мубораку ядулохи Парёмбар (с) аз камоли бузургманишии аввалинхо манша мегирад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бокимондахи хислатхои гуломона

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!