Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 19:34

Пешниҳод барои пароканда кардани парлумони Қазоқистон

11 июн 2013, 09:56

Бархе аз сиёсатшиносони қазоқ бар инанд, ки парлумони Қазоқистон бояд, бекор карда шавад.

Досим Сатпаев, сиёсатшиноси қазоқ, мегӯяд, дар баробари ба истеъфо рафтани Серик Абденов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон бояд, парлумони ин кишвар низ бекор шавад.

Ба гуфтаи Сатпаев, дар тасвиби лоиҳаи қонун оиди гузаронидани ислоҳот дар ҳуқуқи бознишастагӣ натанҳо вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон, балки парлумон низ гунаҳкор мебошад: “Мунҳал шудани парлумон бояд ба баррасӣ гирифта шавад. Зеро эроди раисиҷумҳури Қазоқистон аз ин лоиҳаи қонун ба вакилони низ дахл дорад ва худи ҳамин парлумон буд, ки онро ба тасвиб расонид.”

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон чанде қабл лоиҳаи қонун оиди ислоҳот дар ҳуқуқи бознишастагиро дубора ба парлумони кишвар фиристод. Назарбоев аз фаъолияти ҳукумати Қазоқистон ва Бонки миллии кишвараш дар ин маврид норозигӣ баён карда, гуфт: “Мазмуни ин лоиҳаи қонун ба мардуми қазоқ хуб фаҳмонда нашудааст.”

Ёдрас менамоем, Серик Абданов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон рӯзи 10-уми июн бо фармони раисиҷумҳури ин кишвар аз симаташ барканор карда шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!