Қирғизистон баъд аз рафтани низомиёни Амрико миллионҳо $ зиён мебинад
Буҷаи Қирғизистон дар сурати бекор шудани шартномаи будубоши пойгоҳи низомии “Манас” дар қаламрави ин кишвар миллионҳо доллар хисорот мебинад.
Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Ҷоомард Оторбаев, муовини нахуствазири Қирғизистон дар ин бора зимни ҷаласаи Кумитаи оид ба буҷа ва иқтисоди ин кишвар ҳарф задаст. Ӯ гуфта, ки лағви шартномаи будубоши пойгоҳи Манас дар Қирғизистон ба буҷаи ин кишвар 200 миллион доллар хисорот ворид мекунад.
Инчунин Оторбаев гуфтааст, кишвараш аз гирифтни андозҳои зиёд низ маҳрум мегардад: “Солона пойгоҳи низомии Манас ба буҷаи давлат 60 миллион доллар ҳаққи иҷораи заминро месупорад. Илова бар ин, дар ин пойгоҳ беш аз ҳазор нафар мардуми қирғиз кор ва садҳо ширкати дигар бо он ҳамкорӣ доранд.”
Ба гуфтаи муовини нахуствазири Қирғизистон, ташаббускори лағви шартномаи будубоши пойгоҳи низомии Манас ҳукумати ин кишвар мебошад ва ҷониби Амрико гуфтааст, дар ҳоли боқӣ мондани ин пойгоҳ баъд аз соли 2014 дар қаламрави Қирғизистон, дар он ҳеч бахши низомие нахоҳад буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |