Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:52

Нахустин муҳокимаи ошкорои парлумонии вазъи Ваҳдат

11 июн 2013, 11:19

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми июн, муҳокимаи ошкорои парлумонӣ «Дар бораи иҷрои Буҷети маҳаллӣ дар шаҳри Ваҳдат дар 4 моҳи соли 2013» баргузор кардааст.

Тибқи иттилои котиботи парлумон, муҳокимаи ошкороро Убайдулло Давлатов, раиси кумитаи парлумон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ифтитоҳ намуда, изҳор доштааст, ки ин аввалин муҳокимаи парламентии иҷрои буҷети маҳаллии яке аз минтақаҳои калонтарин ва сераҳолии ҷумҳурӣ - шаҳри Ваҳдат мебошад.

Давлатов дар мавриди шаҳри Ваҳдат иттилои мухтасар дода, таъкид кардааст, ки “номи шарафманди «Ваҳдат» ба шаҳри мазкур соли 2003 дода шудааст. Масоҳати шаҳру ноҳия 3,7 ҳазор километри мураббаъ, шумораи аҳолӣ зиёда аз 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Сохти марзиву маъмурии Ваҳдат аз шаҳр, як шаҳрак ва 10 деҳот иборат аст. Дар шаҳри Ваҳдат 190 муассиса ва ташкилотҳои буҷетӣ, 42 корхонаи саноатӣ, 229 ҷамъиятҳои саҳомӣ ва дорои масъулияташон гуногун, 6 ташкилоти бонкӣ, 3973 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва 39 хоҷагии деҳқонии коллективӣ фаъолият мекунанд. Буҷети шаҳри Ваҳдат барои соли 2013 аз рӯи даромад ва хароҷот ба маблағи 74 миллиону 130,4 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шуд. Натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ваҳдат нишон медиҳанд, ки дар 4 моҳи соли ҷорӣ новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ қисми даромади буҷети давлатии шаҳр 116 фоиз иҷро гардидааст, ки он дар нақшаи тасдиқшуда 32,4 млн. сомонӣ буда, дар асл 37,4 млн. сомониро ташкил дод ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Қисми даромади буҷети маҳаллӣ мувофиқи нақшаи тасдиқшуда 10,3 млн. сомонӣ буда, дар асл 12,2 млн сомониро ташкил дод, яъне 119 фоиз иҷро шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.“

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон дар идомаи суханронии худ афзудааст, ки дар шаҳри Ваҳдат 8 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 56,2 млн.сомонӣ, ё 12,5 млн.доллари ИМА, амалӣ шуда истода, дар ҳолати имрӯза аз ин маблағҳо 42,3 млн сомонӣ, ё 9,4 млн доллари ИМА, аз худ карда шудааст.

Дар ҷаласа инчунин гузориши раиси Ваҳдат, Анвари Вайсиддин шунида шуда, дар маҷмуъ вазъи шаҳр қаноатбахш арзёбӣ гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!